Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати масъалаи соҳибкасб намудани кадрҳои коргариро дар замони муосир зарур шумурда, дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин ва роҳбарияти зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ дастур дода буд:
«Масъалаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо буда, онҳо вазифадоранд, ки заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бахусус марказҳои таълими калонсолонро таҳким бахшанд ва барои омода кардани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд».
Аз ин ҷост, ки филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт барои ҳалли саривақтии масъалаҳои касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.
Марказ то 2 августи соли 2016 аз ҳисоби курсҳои барномавӣ 6 гурӯҳ (170 нафар), аз ҳисоби курсҳои худмаблағгузор 15 гурӯҳ, ки дар маҷмӯъ 196 нафарро дар бар мегирад, ба таълим фаро гирифта, 179 нафарро бо шаҳодатномаи тахассусӣ таъмин намудааст. Ҳамин тариқ, дар як муддати кӯтоҳ 545 нафар кадрҳои коргарӣ, аз ҷумла 106 нафар занону духтарон соҳиби тахассуси гуногун шуданд. Акнун онҳо берун аз кишвар ва дар дохил метавонанд бе мамониат соҳиби ҷойи кор шаванд.
Маркази калонсолон дар ноҳияи Рашт мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои кафшергар, дуредгар, омӯзиши забони русӣ, корманди соҳаи барқ, устои таъмири воситаҳои нақлиёт, асосҳои омӯзиши компютер ва дӯзандагӣ тайёр мекунад.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади ташкили курсҳо барои мо шароит фароҳам овардааст. Албатта, пӯшида нест, ки на ҳама хоҳишмандон аз деҳаҳои дурдасти ноҳия имкон доранд, ки барои таҳсил ба маркази ноҳия биёянд. Аз ин рӯ, дар деҳаҳои калон аз ҳисоби синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва дигар биноҳои маъмурӣ барои мо синфхона ҷудо карда шудааст ва мо тавонистем нақшаҳои хешро амалӣ созем. Бояд тазаккур дод, ки нисбат ба соли гузашта талабгорони касбомӯзӣ аз ҳисоби ҷавонон, хоса аз шумори онҳое, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, афзуда истодааст. Ният дорем, ки бо дастгирии мақомоти болоии худ барои омӯзиши дигар касбҳои барои коргарон зарур низ шароит фароҳам орем, — гуфт директори маркази мазкур Саидмухтор Валиев.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»