- мегӯяд муаллима Светлана Латифова
Бо мақсади шиносоӣ ва суҳбат бо муаллима ба дарси кушоди ӯ омадам. Дарс хеле шавқовар гузашт. Бачаҳо фаъол буданд, ягон нафар бекор намонд. Ҷонишини директор оид ба таълим Гуландом Саъдуллоева баъди анҷоми дарс ба муаллима ташаккур изҳор намуда, бачаҳоро барои дониши хуб офарин хонда, гуфт, ки дарс бо лаҳзаҳои бозӣ барои хонандагони синфҳои поёнӣ беҳтарин усули омӯзиш аст ва барои ба вуҷуд овардани шавқ ба омӯзиши забон мусоидат мекунад.
Волидон низ аз он қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки дар дарс бозиҳои гуногун истифода шуданд. Зеро маълум аст, ки бачаҳои ин синну сол серҳаракатанд, дар як ҷо нишастан онҳоро дилгир мекунад, аммо вақте забономӯзӣ ба як бозии шавқовар мубаддал мегардад, онҳо бо хоҳиши беандоза иштирок мекунанд. Ба ин васила мавзӯъ беихтиёр ва осон аз худ мешавад.
Яке аз волидон, ки худ муаллимаи забони олмонӣ будааст, гуфт ки бачаҳо калимаҳои олмониро дуруст талаффуз намуданд. Маълум мешавад, ки ба ин кори муҳим муаллима аз аввали забономӯзӣ аҳамият додааст. Ҳоло мавзӯе ҳаллу фасл шуд, ки барои синфи сеюм, тавре худи муаллима гуфт, каме душвор аст. Вале омӯзгор онро то зеҳни талабаҳояш расонида тавонист. Ӯ на танҳо забон меомӯзонад, балки дар куҷо, чаро, чӣ тавр истифода шудани калимаҳо, маънии онҳоро бо мисолҳо, матнҳое, ки воқеаеро дар бар мегиранд, хуб мефаҳмонад. Ба ин восита ҷаҳонбинии бачаҳо ҳам васеъ мегардад.
- Дар ҳар дарси забони олмонӣ мо расм мекашем, бозӣ мекунем, барои нағз дар хотир мондани калимаҳо Светлана Степановна ба мо аз калимаҳои нав шеър месозанд, шеърҳои зиёдро аз ёд кардаем, – гуфтанд бачаҳо. Онҳо ба ман дафтарашон, дафтарчаи луғат, рӯзномаашонро нишон медиҳанд…
Баъди дар синф бо Светлана Степановна танҳо монданамон гуфт, ки сабаби ба волидон намоиш додани меҳнати фарзандонашон хотирҷамъ кардани онҳо буд. Мехостам онҳо бо чашми худ бубинанд, ки чӣ тавр духтарону писаронашон бо хоҳишу шавқ, аз таҳти дил забони олмонӣ меомӯзанд. Омӯзиши забони хориҷӣ, аз ҷумла забони олмонӣ, воситаест барои бозшавии роҳҳои васеи донишу соҳиб шудан ба ихтисосҳои замонавӣ, ба шарте ки онро бачаҳо дар мактаб хуб ёд гиранду оянда барои такмилаш бикӯшанд. Агар ман ҳамчун муаллима дар ин кор саҳм гузорам, вазифаи педагогии худро иҷро мекунам. Соли дуюм аст, ки дар мактаб гурӯҳи дарси иловагии забони олмонӣ амал мекунад. Дар он ҷо хоҳишмандон аз синфҳои гуногун таҳсил доранд. Таъсиси гурӯҳҳои забони олмонӣ дар синфи поёнӣ ва гурӯҳи дарси иловагӣ натиҷаи кӯшиши директорамон Надия Исҳоқовна Ғайратова аст…
Светлана соли 1963 Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷиро дар шаҳри Саратов хатм карда, ба ватани шавҳараш –Тоҷикистон омад.
Падари Светлана – полковник, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бо хотири ҷамъ ба издивоҷи онҳо розигӣ дод. Ҳатто ба духтараш таъкид кард: — Ба куҷое Ҷӯраро ба кор фиристанд, ту ҳам ба ҳамон ҷо меравӣ. Он вақт дар Тоҷикистон сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак» дар авҷ буд. Падар гуфт, ба сохтмони Норак ҳам равад, ҳамроҳаш меравӣ. Шояд гумон кард, ки Норак аз пойтахти ҷумҳурӣ хеле дур аст.
…Тақдири Светлана бо шаҳри Душанбе пайваст будааст. Солҳо дар муассисаҳои таълимии гуногун аз забони олмонӣ дарс додааст. 25 соли охир дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Ба забони русиву олмонӣ шеър ҳам менависад. Шеърҳояш дар маҷаллаи адабии «Помир» чоп шудаанд. Барои аз тарафи талабагон хуб аз худ шудани дарс дар мавзӯъҳои гуногун ба забони олмонӣ шеърҳои содаву равон, тезгӯякҳо эҷод мекунад, кроссвордҳо тартиб медиҳад.
- Шогирдонам дӯстони мананд ва кӯшиш мекунам, ки онҳо низ дар шахси ман дӯсти худро бинанд, — мегӯяд муаллима.
Светлана Степановна бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон се маротиба дар Олмон — дар марказҳои таҳсилотии такмили ихтисоси муаллимони хориҷие, ки дар ватани худ аз забони олмонӣ дарс медиҳанд, кор омӯхт. Аз он ҷо дастурҳои зиёди замонавии омӯзиши забони олмониро овард. Бо хоҳиши Вазорати маориф ва илми кишвар таҷрибаи ҳосилнамудаашро ба дигар муаллимони мактабҳои ҷумҳурӣ низ омӯзонд. Дар семинарҳои муаллимони Олмонӣ, ки ба Тоҷикистон омада буданд, инчунин дар анҷуманҳои муаллимони забони олмонӣ дар Душанбе иштирок намуда, услубҳои беҳтарини дарсдиҳии муосирро аз худ кард.
Меҳнати омӯзгори забони хориҷӣ, муаллими дараҷаи олӣ, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, муаллимаи беҳтарини шаҳри Душанбе дар солҳои таҳсили 2006 – 2007 С. Латифова аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 бо ордени «Шараф» дараҷаи II қадр шудааст.
- 55 сол аст, ки бо ҳамсарам зиндагӣ дорем, — мегӯяд муаллима. Ҳоло фарзандонамон Алишер ва Нигина дар Амрико умр ба сар мебаранд. Алишер бастакор аст. Нигина табиби кӯдакон. Дар Ню Йорк Алишер аз ташкилкунандагони фаъоли чорабиниҳои фарҳангии ҷамъияти тоҷикистониҳост.
Муаллима Светлана Степановна Латифова ҷашни 75 — солагии умри бобаракати хешро моҳи август бо аҳли хонаводааш таҷлил кард. Дар ин синну сол бисёриҳо давлати пирӣ меронанд, аммо муаллима ба шогирдон забони олмонӣ меомӯзад. Ба ин васила барои соҳиб шудан ба дониши хубу ихтисосҳои замонавӣ барояшон кумак мекунад.
Талъат НИГОРӢ