Тартиби ба расмият даровардани ақди никоҳ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» танзим гардидааст. Оилаи муосир чун қоида аз рӯи меҳру ҳиссиёти гарму самимии аъзои оила нисбат ба ҳамдигар ташкил меёбад. Дар баробари ин, муносибатҳои молумулкии аъзои оила дар ҳаёти онҳо нақши муҳим дорад. Баробарии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зану шавҳар дар никоҳ ва оила баробарии муносибатҳои молумулкиро низ дар бар мегирад. Нисбат ба муносибатҳои молумулкии зану шавҳар қоидаҳои махсус ҷорист. Аз ҷумла, молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи ақди никоҳ ба даст овардаанд, ба ҳар дуи онҳо тааллуқ дошта, моликияти муштараки зану шавҳар маҳсуб меёбад, новобаста аз он ки яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок, ба монанди таҳсилот, пешбурди хоҷагӣ, нигоҳубини кӯдакон, беморӣ ва ғайра даромади мустақил надошта бошад.
Ҳамин тариқ, ҳар як ашёе, ки дар давраи ақди никоҳ ба даст оварда шудааст, ба ғайр аз ашёҳои истифодаи шахсӣ объекти моликияти умумии зану шавҳар ҳисоб меёбад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки муносибатҳои молумулкии зану шавҳар дар асоси қонун ва ё аҳдномаи никоҳ муайян карда мешавад. Моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки вазъи молумулкии ҳамсарон асосан аз моликияте, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, даромаде, ки онҳо дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, чизҳои харидаашон, коғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқул, сарфи назар аз он ки ба номи кадоме аз онҳо харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад.
Меъёрҳои Кодекси оила на танҳо моликияти умумии ҳамсарон, инчунин ҳуқуқи зан ё шавҳарро доир ба доштани моликияти алоҳида пешбинӣ намудааст. Дар муқаррароти моддаи 36 зикр гардидааст, ки молу мулке, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношӯӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадя ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад. Инчунин, тавре дар боло ёдовар шудем, ашёи истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношӯӣ аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.
Моддаи мазкур ба суд ҳуқуқ додааст молу мулкеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми ҷудо зиндагӣ карданашон ҷамъ овардаанд, дар сурати қатъ гардидани ақди никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд (қисми 3 моддаи 36 Кодекси оила). Ҳамчунин, ҳолати баръакс, яъне моликияти муштараки зану шавҳар донистани молу мулки ҳар кадоми онҳо низ дар қонунгузории оила танзим гардидааст. Мувофиқи он молу мулки ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, ба шарте муқаррар гардад, ки дар давоми заношӯӣ аз ҳисоби молу мулки умумии зану шавҳар ё молу мулки шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати ӯ саҳме гузошта шудааст (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавҷиҳозонӣ ва ғайра), ки дар натиҷаи он арзиши молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст.
Тарафи дигари масъала ин амалӣ намудани ҳуқуқи моликиятдории зану шавҳар нисбат ба молу мулки умумиашон мебошад. Ҳамсарон ба моликияти якҷоя ҳуқуқи баробар доранд, новобаста аз он ки молу мулк ба номи кадоме аз онҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кадоми онҳо нисбат ба моликияти умумиашон ҳуқуқи доштан, истифода ва ихтиёрдорӣ карданро доранд. Ҳангоми пайдо шудани баҳс зану шавҳар набояд ҳолати умумӣ будани моликияташонро исбот намоянд, зеро молу мулк дар давраи ақди никоҳ ҷамъ оварда шудааст ва ин ҳолатро қонун муқаррар намудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамсарон дар созишнома байни худ тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд. Мутобиқи Кодекси оила аҳдномаи никоҳ — созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста шавад. Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
Агар ба таърих назар афканем, аҳдномаи никоҳ ҳанӯз дар Юнон ва Рими қадим маълум буд. Дар чунин аҳдномаҳо зану шавҳар муносибатҳои молумулкии худ, аз ҷумла тартиби меросгузориро дарҷ менамуданд. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ин масъала дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ворид гардид.
Солҳои охир дар ҷумҳурӣ вайроншавии оилаҳо тамоюли зиёдшавӣ дорад. Таҷрибаи судӣ собит менамояд, ки дар пайи ҳар як оилаи пошхӯрда мунозираи молумулкӣ ҷой дорад. Вале, аз чӣ бошад, ки вайроншавии оила, мавриди баҳс қарор додани мансубияту тақсими молу мулки якҷояи зану шавҳар, муҳлатҳои дурудароз, ҳатто солҳои тӯлонӣ суду судбозиро айб намеҳисобем, онро хилофи анъанаҳои миллӣ намедонем, вале барои бастани аҳдномаи никоҳ назари дигар дорем, яъне пеш аз оғози муносибатҳои оилавӣ чунин амалро ба худ нораво меҳисобем. Албатта, муроҷиат ба суд ҳуқуқи ҳар як фард аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ вобаста ба масъалаҳои матраҳшаванда даъвои судидоштагонро маҳкум карданӣ нестем. Ҳадафи мо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузорӣ, ки манфиатҳои шаҳрвандонро таҷассум менамояд, истифода аз ин имкониятҳо ва ниҳоят масъулиятшиносӣ дар рӯҳияи эҳтирому риояи ҳуқуқи ҳамдигар зоҳир мегардад.
Кодекси оилаи амалкунанда дар як ҳолат бастани аҳдномаи никоҳро ҳатмӣ мешуморад. Чунончӣ, қисми 2 моддаи 41 Кодекси оила муқаррар намудааст, бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад.
Дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин кодекс пешбинӣ мешавад, ки дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
- уҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд.
Омори солҳои охир шаҳодат медиҳад, ки сарбории судҳои ҷумҳурӣ сол то сол зиёд гардида истодааст (агар аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ дар соли 2013-ум 127526 парвандаи судӣ баррасӣ гардида бошад, пас ин рақам дар соли 2015 ба 138 276 расидааст) ва тақрибан 28-29 фоизи парвандаҳои судиро баҳсҳои оилавӣ ташкил медиҳанд. Баҳсҳо асосан бекор кардани ақди никоҳ, тақсими моликияти муштараки ҳамсарон, рӯёнидани моликияти шахсӣ, ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ ва таъминоти ҳамсари эҳтиёҷманд, маскун намудан ба манзили истиқоматиро фаро мегиранд.
Бо дарназардошти тамоюли зиёдшавӣ доштани баҳсҳои оилавӣ пайдо намудани роҳҳои татбиқи аҳдномаи никоҳ, ки дар Кодекси оила пешбинӣ шудааст, муҳим мебошад ва то андозае амалигардонии он кафолати ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдаконро таъмин менамояд.
Ҷорӣ гардидани институти мазкур метавонад ҳалли масъалаҳои таъминоту тарбияи фарзандони ноболиғ, баҳсҳои манзиливу молумулкии зану шавҳар ва дигарҳоро зимни вайроншавии муносибатҳои занушавҳарӣ содаву камхарҷ намуда, ба гирифтани пеши роҳи баҳсу мунозираҳои судӣ, саргардонии ҳамсарон, сарфаи вақту хароҷоти изофагии тарафҳо, харобшавии асабу ҳолати рӯҳии зану шавҳар, волидон ва дар ниҳоят манфиатҳои кӯдакони онҳо мусоидат намояд.
Аз тарафи дигар, мавҷуд будани аҳдномаи никоҳ то як дараҷа ҳисси масъулияти зану шавҳарро дар пойдории оила, манфиатҳои фарзандони ноболиғ бештар мегардонад.
Ҳамин тариқ, аҳдномаи никоҳ муносибатҳои молумулкии шахсони никоҳшавандаро танзим намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро ҳамчун зан ва шавҳар, падар ё модар муайян мекунад ва дар ҷомеаи имрӯза татбиқи ҳатмии он барои пешгирӣ намудани баҳсу мунозираҳои тарафайн мусоидат менамояд.
Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон