Дар таърихи давлатдории тоҷикон рамзҳо ҳамчун нишони давлатдорӣ аҳамияти бузург доранд. Агар пайдоиши давлати Каёниён ба зиёда аз 4 ҳазор сол пеш рост омада бошад (асри ХХ пеш аз мелод то асри VI пеш аз мелод, тибқи маълумоти муаррих Юсуфшоҳи Яқубшоҳ), Дирафши ковиёнӣ марҳилае то давраи Авестоиро низ дар бар мегирад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ориёиён аввалин парчамдорони олам будаанд. Дар бораи таърихи пайдоиши Дирафши ковиёнӣ сарчашмаҳои гуногун вуҷуд доранд.
Сарчашмаи асосие, ки дар бораи Дирафши ковиёнӣ моро хабардор менамояд, «Шоҳномаи»-и Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ мебошад, ки дар он саҳнаи муборизаи халқ бар зидди Заҳҳок нишон дода шуда, дирафш ба сифати силоҳи сиёсӣ истифода мешавад. Ин дирафш порчаи чармини пешбанди Коваи оҳангар мебошад, ки дар чӯбдасте баста шудааст ва рамзи бархостан ба мубориза ва даъват бар зидди зулму тааддии Заҳҳокро дорад. Коваи оҳангар зери дирафши худ баҳри халосӣ аз Заҳҳоки хунхор мардумро ба мубориза бар зидди бадӣ, ноадолатӣ, ҷаҳолат ва барои озодии халқи худ бархезонд.
Дар давраҳои гуногуни давлатдории форсизабонони ориёӣ ин порчаи чармин ҳамчун Дирафши ковиёнӣ бо сангҳои қиматбаҳо оро дода шуда, дар он ситорае акс ёфтааст, ки ба чор тараф нур мепошад. Ҳар як шоҳи ориёӣ худро вазифадор мешуморид, ки ба сангҳои қиматбаҳои дирафши салтанати худ чизеро ҳамчун нишона зам намояд.
Дирафш ва парчам дар давлатдории Ҳахоманишиҳо зиёд истифода мешуд. Онҳо иловатан ба Дирафши ковиёнӣ тасвири уқобро аломати қудрату тавоноӣ ҷой дода, ба он ситораеро ворид намудаанд, ки ба чор тараф шуълапошӣ мекард ва он нишонаи ҳокимияти давлатӣ буд. Дирафши ковиёнӣ хоси шоҳаншоҳон аст. Парчамҳои дигарро асосан артиши миллӣ ҳангоми ҳаракат ва рафти ҷангҳо истифода мебурданд. Ба қавли муҳаққиқон, истифодаи дирафшҳое, ки сурати аждаҳо, шер ва уқоб доштанд, маъмул буданд. Уқоб дар дирафши шоҳон ва аждаҳо дар парчами артишиён сабт мегардид. Ин парчам ва нишонро Искандари Мақдунӣ аз Ҳахоманишиҳо қабул кардаанд. Бо забти Юнон римиҳо онро аз мақдуниён мерос гирифтанд. Ҳангоми тақсими Рим ба Риму Византия ҳар дуи ин давлатҳо аллакай дар парчами худ акси уқобро ҳамчун нишон доштанд. Тавре маълум аст, Зоя Палеолог бо князи рус Ивани 3 хонадор шуд ва бо барҳам хӯрдани Византия соли 1453 ин рамзи давлатиро Россия мерос гирифт, яъне рамзи уқоби дусара имрӯз рамзи давлатдории Россия аст. Рамзи уқоби дусараи Россия ҳамон уқобест, ки дар давлатҳои ориёӣ нишонаи давлатдории миллӣ буд.
Хурсандиовар аст, ки тарҳи Дирафши ковиёнӣ дар Парчами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидааст ва нишонаи таърихии рамзӣ буда, аз аҷдоду арбоби гузаштаи мо ҳамчун мерос боқӣ мондааст.
Дар аҳди давлатдории Ашкониён (соли 250 то мелод — 224 мелодӣ) низ Дирафши ковиёниро ҳамчун нишон эҳё намуданд. Дирафши онҳо аз пӯсти барзагов дорои ситораи нурпош буда, ба дастаи чӯбин насб шуда, дар он уқоби тиллоии болдор тасвир ёфта буд.
Салтанати Парфиҳо ва ё Паҳлавиҳо асосан дирафши акси офтобдоштаро истифода мебурданд, ки он низ аз Дирафши ковиёнӣ сарчашма мегирад. Умуман, дар таърихи давлатдории сулолаҳо дар ҳудуди Тоҷикистони таърихӣ ва Ирон истифодаи «Дирафши ковиёнӣ» маъмул буд.
Сулолаи Сосониён (соли 224 — 651), ки эҳёгари суннатҳои давлатдории ориёӣ буданд, «Дирафши ковиёнӣ»-ро ҳамчун парчами шоҳон истифода мебурданд. Дар он нишони ситораи ба чор тараф нурпошанда бо сурати уқоби тиллоии болҳояш боз ва бо ҳар як панҷаи худ кураи тиллоиро доштаистода акс ёфта буд.
Ғайр аз уқоб ва рангҳои ориёӣ, ки минбаъд тавсиф карда мешаванд, чанд аломати дигар низ мисли сурати ҳайвоноти муқаддас ва акси моҳ дар тоҷи Сосониён ба он илова шудааст.
Хурсандиовар аст, ки аксар аломатҳое, ки дар Дирафши ковиёнӣ ва парчамҳои давлатҳои ориёӣ тасвир шуда буданд, аз ҷониби дигар миллатҳо пайравӣ ёфтанд. Масалан, акси моҳ минбаъд аз ҷониби хулафои араб қабул гардид ва имрӯз ҳамчун рамзи ислом истифода мешавад, ҳарчанд Паёмбари ислом ва хулафои дигар дар оғоз моҳро чун рамзи динӣ истифода намебурданд.
Ранги сабз имрӯз асосан рамзи давлатҳои мусалмоннишин аст, уқоб дар нишони Россия ва ғайра. Яъне, рамзҳои давлатдории ориёӣ – тоҷикӣ аз ҷониби миллату халқиятҳо ва динҳои ғайр низ ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ қабул шудааст.
Ғояи парчам чун рамзи давлатдорӣ ҳанӯз дар «Авесто» омадааст ва ориёиён аввалин мардуми парчамдор мебошанд. Қабул гардидани маҳз рангҳои сурху сафеду сабз тасодуфӣ ва ё хоҳиши кадом як вакилу роҳбар нест, чунки дар рамзшиносӣ ин рангҳо рангҳои паниронӣ ё ориёӣ ном гирифтаанд ва ин рангҳо бо таърихи мардуми ориёӣ, яъне тоҷику форс, алоқаи ногусастанӣ доранд.
Рангҳои дар Парчами ориёӣ ва Парчами муосири тоҷикономада ҳар яке ифодакунандаи як табақаи ҷомеа ҳастанд.
Дар табақабандии Авестоӣ вазъи ҳуқуқии ҳар як нафар аз пайравии дин, аз табақае, ки волидон ба он тааллуқ доштанд, вазъи иҷтимоӣ (озод ё ғулом) муайян гардида, ҳар табақа касби махсуси худ, ранги махсуси худро дошт. Маънои таҳтуллафзии калимаҳои варна, каста, пиштраи ориёӣ ранг аст. Пас, ҳар як табақа ранги хоси худро дорад, ки инро академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби худ қайд намудааст.
Дар рамзшиносии ориёӣ ранги сурх ва порчаи тилло – ба шоҳон ва артиш тааллуқ дорад. Ранги сурх рамзи мубориза, ҷоннисорӣ ва ҳокимият маҳсуб мешавад.
Ранги сафед ва металли нуқра ба табақаи рӯҳониён тааллуқ дошта, рамзи покӣ, илм, эътиқод ва маънавиёт мебошад.
Ранги сабз ва металли мис – ба кишоварзу ҳунармандон тааллуқ дошта, рамзи киштзори сабз, ҳосил, баракат, табиат, ҷавонӣ ва гулгулшукуфӣ буд.
Охирин Парчами давлатӣ дар Тоҷикистони тошӯравӣ парчами Аморати Бухоро мебошад. Парчами Аморати Бухоро матои росткунҷае буд, ки дар назди дастаи чӯбини он аз поён ба боло бо хатти арабӣ «السلطان ظل الله» («Султон — сояи Худост») ва дар охири Парчам калимаи шаҳодат «لا إله إلا الله محمد رسول الله» («Худое нест ҷузъ Аллоҳ ва Муҳаммад паёмбари ӯст») навишта шуда буд. Дар мобайни ду навишта расми моҳ ва ситораи панҷгӯша ва даст (панҷаи Фотима), ки таманнои хушбахтиро мефаҳмонад, акс ёфтааст. Даври матоъ бо ранги зарди баланд ва гулкорӣ бо ранги сиёҳ оро дода шуда, дастаи чӯбини парчам ранги сабзи моҳтобшакл дошт.
Боиси ифтихор аст, ки Парчами Тоҷикистон, ки яке аз муқаддасоти тоҷикони хушиқболу соҳибдавлат аст, дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар парафшонӣ дорад.
Парчами давлатии ҳар кишвар таҷассумгари соҳибистиқлолии он мебошад. Мо низ бо Парчами давлати худ эҳтироми хоса дорем ва дар замони Истиқлолияти комили Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ, Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад.
Имрӯз Парчами давлатӣ расман зинатбахши сари синаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ низ аз нишоне, ки се ранги Парчами давлатиро доро мебошад, истифода менамоянд.
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард ва дар ин робита озмун гузаронида шуд, ки натиҷаи он дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 ҷамъбаст ва қарори дахлдор қабул гардид. Ногуфта намонад, ки аввалин амали сарваронае, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷо овард, ин бӯсидани Парчами Тоҷикистон буд.
20 ноябри соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфт, ба имзо расид. Мутобиқи он, ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Соли 2010 бунёди пояи бузурги Парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишвар оғоз ёфт ва дар арафаи 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчам» номгузорӣ шуд. Ин Парчам 165 метр баландӣ, 30 метр паҳноӣ ва 60 метр дарозӣ дошта, ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст.
Бигузор Парчами давлатӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию якдигарфаҳмӣ, ваҳдат, сулҳу субот дар кишвар раҳнамо бошад.
Маҷидзода Ҷурахон ЗОИР, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният