Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ерлан Идрисов

№146 (3626) 26.11.2016

30420807413_128193e1c0_o25 ноябри соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси ҳамшарикии стратегӣ ва дар доираи созмону ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз сатҳу сифати робитаҳои кунунии байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори қаноатмандӣ карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти бештари муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид намуданд.

Ҷонибҳо дар баробари баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, хусусан амнияту суботи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо ин кишварро мавриди муҳокима қарор дода, аз нақшаҳои минбаъда дар муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгаройӣ ва қочоқи маводи мухаддир ёдовар шуданд. Барои мусоидат ба беҳдошти вазъи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии Афғонистон тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байниҳамдигарӣ, фароҳам овардани инфрасохтори зарурии энергетикӣ ва роҳу нақлиёт дар ин кишвар, ҳамчунин таҳкими неруи инсонӣ дар Афғонистон, тавассути рушди соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони ботаҷриба зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба ҳалли дигар масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, табодули афкор намуданд.

www.president.tj