Шукронаи тинҷиву осудагии кишвар, ки сол то сол роҳҳои мошингарди мамлакат васеъ ва навсозӣ мешаванд. Аз ҷумла, соли равон қисми зиёди роҳҳои хиёбони ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе бо сифати баланд тармиму таҷдид шуданд. Мутаассифона, густохии баъзе аз ронандагони микроавтобусҳои хатсайрҳои №28 ва 46 ҳусни роҳҳои навсохтаро мекоҳонад. Аксар ронандагони хатсайри мазкур мошинро дар болои хатти пиёдагард нигоҳ дошта, мусофир мегиранд. Дар натиҷа, қаторҳои якуму дуюми роҳ муддати зиёд банд ва боиси асабонияти ронандагони мошинҳои сабукрав мегардад. Ҳол он ки дар сурати 15-20 метр аз хатти пиёдагард дуртар нигоҳ доштани мошин ин мушкил рафъ мешавад.
Хатти пиёдагарди мазкур дар рӯ ба рӯи Раёсати БДА-и ҷумҳурӣ ҷойгир аст. Агар кормандони БДА дар ин роҳ навбатдорӣ кунанд, тартибот риоя мешавад, вале агар нозирон дар сари роҳ набошанд, ронандагон боз бо густохии хеш мушкилӣ эҷод мекунанд.
Чунин ҳолатро ҳар рӯз дар гардиши рӯ ба рӯи бинои Сирки давлатии Тоҷикистон низ мушоҳида менамоем. Ронандагони хатсайрҳои 33, 25, 2, 13, 15, 52 гардишро ногузашта, барои мусофиргирӣ меистанд. Дар натиҷа, барои мошинҳои дигар дар аввали гардишгоҳ монеа эҷод мекунад, ки боиси тамбашавии роҳ мегардад.
Ин ҷо айби мусофирон низ ҳаст. Ҳамагӣ 100 метр дуртар истгоҳи зебои замонавӣ сохта шудааст. Агар мусофирон дар истгоҳ нақлиётро интизор шаванд, мушкилӣ аз байн меравад. То кай дар назди ҳар гардишу чароғаки роҳнамо нозири БДА бошаду ронандагонро барои дар истгоҳ ё ҷойи нисбатан бехатар истодан роҳнамоӣ кунад?
Сарварони ҷамъиятҳои мусофиркаш низ дар ин қазия айбдоранд. Онҳо бояд ронандагонро пеш аз ба хатсайр баромадан барои дар гардишу назди чароғак ва қатори дуюми роҳ наистодан таъкид намоянд. Баъзан барои мушоҳида ба хатсайрҳо баромада, кадом соату дақиқа дар кадом ҷойи ноқулай истодани ронандагони микроавтобусҳоро сабт намуда, огоҳӣ диҳанд.
Ҳоло нисбат ба 10-20 соли пеш роҳҳо васеътару беҳтар шудаанд, вале фарҳанги хизматрасонии ронандагон ин ҳамаро дар назар ночиз мегардонад. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки масъулони бахши нақлиёти мусофиркашонии пойтахт рейдҳо гузаронида, дар баробари ронандагони густох роҳбарони «ҶДММ»-ҳои мусофиркашониро низ огоҳӣ диҳанд.
С. АМИНИЁН, «Садои мардум»