(Идома аз шумораи гузашта)
Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи бонкҳо Вазорати молия баробар ба арзиши векселҳои додашуда аз бонкҳои зикргардида гарави молу мулкро талаб намуда, дар сурати иҷро накардани уҳдадориҳо молу мулки ба гаравгирифташударо мавриди ситониш қарор медиҳад.
Таҷрибаи дигар давлатҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя собит месозанд, ки дар давраи буҳрони иқтисодиву молиявӣ бонкҳои низомсози муаммодор бидуни дастгирии молиявии давлатӣ қобилияти бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдоштаро надоранд. Танҳо дастгирии давлатӣ имкон медиҳад, ки вазъи молиявию идоракунии бонкҳо беҳтар гардида, дар натиҷа, маблағҳои пешниҳодшудаи давлатӣ бозпас гардонида шаванд.
Чунончӣ, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 2008 ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои буҳрони молиявӣ Барномаи беҳдошти дороиҳои муаммодор қабул гардид, ки дар соли 2014 Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағҳои ба бонкҳои муаммодор сармоякардаашро пурра барқарор намуд. Дар Федератсияи Россия маблағҳои буҷетӣ, ки барои сармоякунонии бонкҳои муаммодор аз оғози соли 2009 равона шудааст, тибқи қонуни дахлдор дар зарфи 10 сол бояд барқарор гарданд.
Вакилони муҳтарам, аз шумо хоҳиш менамоям, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо»- ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» барои додани ризоят ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади қарори зикршуда таъмини устувории низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, нигоҳ доштани эътимоднокӣ ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ буда, он сармоякунии бонкҳоро бо роҳи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Тибқи пешниҳоди мазкур, Вазорати молияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон ба муомилот коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи зарурӣ ба муҳлати 5 сол бо меъёри 2 фоизи солона бароварда, онҳоро ба саҳмияҳои бонкҳо иваз менамояд.
Бонкҳои мазкур бо роҳи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пардохтпазирии худро таъмин менамоянд.
Пешниҳоди мазкурро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои худ ҷонибдорӣ намуданд. Инчунин, дар ҷаласаи васеи кумита, ки 16 декабри соли 2016 баргузор гардид, пешниҳоди мазкур бо иштироки муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ шуд.
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Доир ба ҳалли ин масъала чорабиниҳои мушаххас бояд амалӣ шаванд. Зеро душвориҳои молиявӣ боис гаштанд, ки шаҳрвандон маблағҳои ба бонкҳо супурдаашонро пурра гирифта наметавонанд.
Ин ҷо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед иштирок дорад. Мехостем татбиқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаи мазкур шарҳ диҳед. Марҳамат.
НУРМАҲМАДЗОДА Ҷамшед: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ! Ҷиҳати амалӣ сохтани ин пешниҳод Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор шудаанд. Дар қарор қайд шудааст, ки пеш аз ҳама, дар муҳлати як моҳ механизми амалӣ шудани ин пешниҳод бояд омода гардад.
Яъне, коғазҳои қиматноки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардамешуда то чӣ андоза мусоидат мекунанд, то ки талаботи мизоҷон, нигоҳ доштани эътимоднокии бонкҳо таъмин гарданд.
Инчунин, Шӯрои нозирон фаъолияти бонкҳои ба мушкилӣ дучоршударо назорат мебаранд.
РАИС: — Кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» саривақтист.
Мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин иқдом, пеш аз ҳама, эътимоди мардуми ҷумҳуриро нисбати бонкҳо зиёд кардан аст. Тибқи Протоколи ҷаласаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми бонкҳои кишвар аз 8 сентябри соли 2016 ҷиҳати рафъи масъалаҳои ҷойдоштаи бонкҳои муаммодор гурӯҳи кори таъсис дода шуд.
Яке аз масъалаҳои муҳими бонкҳо фаъол ва ҳавасманд гардонидани раванди сармоягузорӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ин самт баланд бардоштани устувории молиявии бонкӣ, ҷорӣ намудани меъёри фоизи қарзҳо, татбиқи сиёсати ягонаи амнияти иттилоотӣ, ташкили кор оид ба пардохти қарзҳои мушкилситон, таъмини шаффофияти фаъолияти бонкӣ, баланд бардоштани дастрасии хизматрасонии молиявӣ дар деҳот ва кӯҳистон кори асосии бонкҳо ба шумор меравад.
Дар бонкҳо масъалаҳое мавҷуданд, ки рафъ намудани он ба манфиати кор мебошад. Ба мисли таври шаффоф ва дақиқ набудани дороиҳои бонкҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани рекламаҳои тиҷоратӣ, нархи маҳсулот ва хизматрасонӣ, сатҳи пасти донишҳои молиявии аҳолӣ, аз тарафи бонкҳо талаб кардани ҳуҷҷатҳои зиёд, саргардон кардани мардум ва сари вақт иҷро накардани кори мизоҷон ва ғайра.
Сабаби асосии бисёр мизоҷоне, ки маблағҳои кредитӣ гирифтаанду баргардонида наметавонанд, зиёд будани фоизи солонаи кредит ба шумор меравад. Бояд бонкҳо механизми коркарди онро бидуни зиён ба Буҷети давлатӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Масъалаи дигаре, ки бонкҳо бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зарари аз таваррум ва даромад ба вуҷуд меояд, мебошад, ки ҳаллу фасли худро бояд ёбад. Баъди додани маблағҳои дар бонкбуда, мардум ба бозор рӯ меоваранд, ин боиси боло рафтани нарху наво мегардад.
Даромад аз фоиз низ бояд одилона бошад.
Аз январи соли 2017 ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» маблағҳои мизоҷонро медиҳад. Ҷиҳати ин масъала ва механизми пардохти он хеле оқилона бояд муносибат намуд, то боиси ноумедию норозигии мардум нагардад.
Пешниҳоди мазкур қобили дастгирист.
УСМОНЗОДА Саидҷаъфар: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қарор «Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» амали саривақтии низоми сиёсати пулию молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вақте ки шахсони ҳуқуқӣ уҳдадориҳои худро дар назди мардум иҷро карда наметавонанд, Ҳукумат ин мушкилотро ба танзим медарорад. Бояд қайд кард, ки агар мардум қарзҳои гирифтаи худро сари вақт мегардонданд, бонкҳо ба чунин мушкилот дучор намешуданд.
Оиди ин мушкилот Вазорати молия ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом доданд, ки лоиқи дастгирист. Буданд бонкҳои хориҷие, ки мехостанд аз ин ҳолат истифода бурда, бонкҳои моро тобеи худ гардонанд.
Бонки миллӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муҳим ва саривақтиро анҷом доданд, ки бонкҳои мо фаъолияти худро давом диҳанд. Ба ин мушкилоти молиявӣ солҳои қаблӣ низ дучор омада будем. Аммо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имкониятҳо истифода бурд, то ки низоми бонкӣ нигоҳ дошта шавад. Ин иқдом ба боварии мардум равона шудааст.
Аз шумо, муҳтарам вакилон, хоҳишмандам, пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Олимҷон БОБОЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон, ҳозирини гиромӣ!
Пули миллӣ рамзи соҳибистиқлолии кишвар аст. Аз ин хотир дар вазъияти ба низоми бонкии кишвар баамаломада дастгирии давлатӣ хеле муҳим мебошад, зеро механизмҳои бозорӣ натавонистанд онро ба эътидол оранд.
Аз ин рӯ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маъқул дониста, аз вакилони гиромӣ хоҳиш дорам, ки ба тарафдории ин пешниҳод овоз диҳанд.
Ҷаббор АХМЕДОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Масъалаи мавриди муҳокима қарордошта барои муътадилгардонии соҳаи бонкӣ, ки бевосита ба рушди иқтисодии кишвар нигаронида шудааст, нақши муҳим дорад.
Ин иқдом саривақтист, зеро ҳолати баамаломада, метавонист аз ин ҳам душвортар гардад.
Хуб мешуд, механизми муътадилгардонии соҳаи бонкӣ бо дигар чорабиниҳо вобаста ба пешгирии чунин мушкилот роҳандозӣ шаванд. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Аз вакилони гиромӣ хоҳиш дорам, ки пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Дар хусуси тасдиқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.
Нурмаҳмадзода Ҷамшед: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) ва инчунин барои боз ҳам мукаммал намудани фаъолияти низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар робита ба зарурияти дарҷшуда ба лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳо, аз қабили:
- мафҳуми молик бенефитсиар ва тартиби муайян намудани он ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ;
- иловаҳо оид ба масъалаҳои маблағгузории паҳнкунии яроқи қатли ом;
- тартиби назорати интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ва интиқоли маблағҳои электронӣ;
- масъалаҳои баҳодиҳӣ ва истифодаи муносибати ба хавф равонашуда;
- тағйирот дар тартиби пешниҳоди маълумот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мавҷуд будани алоқамандии аҳд/амалиётҳо ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, мутобиқи тағйироти воридшаванда ба лоиҳаи қонуни мазкур ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, уҳдадор шудаанд, ки:
- фавран тибқи тартиби муқарраргардида дар бораи анҷомдиҳии аҳд/амалиёти шубҳаноки муштарӣ ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳанд;
- оид ба боздорӣ, манъ ва бекор кардани манъи маблағҳои пулӣ ё дигар амволи ташкилот ва шахсони воқеӣ, ки дар бораи даст доштани онҳо ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом асосҳои кофӣ мавҷуд аст, чораҳо андешанд;
- барои ошкор, баҳодиҳӣ, назорат ва паст кардани хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, чораҳои дахлдор андешанд;
- дар бораи ҳама гуна аҳду амалиётҳои шубҳанок ва ҳатман назоратшаванда ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, тибқи тартиби муқарраргардида маълумот пешниҳод намоянд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.
Азимзода Толибхон Ситамурод: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ин, пеш аз ҳама, пурзӯр намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, паҳнкунии силоҳи қатли ом ва умуман ҷинояткорӣ ва пешгирии онҳо мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти тавсияҳои нави ФАТФ (Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм) омода гаштааст. Қабули ин лоиҳа, қабл аз ҳама, барои тақвияти низоми ватанӣ дар самти пулшӯӣ, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом нигаронида шуда, ба Тоҷикистон имконияти хуби баланд бардоштани баҳогузории худро дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар арсаи байналмилалӣ муҳайё хоҳад намуд.
Ҳамчунин, лоиҳаи пешниҳодгашта барои мувофиқакунонии истифодаи дурусти баъзе калимаҳо дар дигар қонунҳо бо ҳамдигар равона карда шудааст.
Махсус бояд қайд кард, ки тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида ба 16 модда 84 тағйиру илова ворид карда мешаванд, ки фаъолият ва ҳамоҳангсозии ҳама мақомотро дар ин самт равшан ва мутамарказ мегардонад.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, баҳри такмили он 56 таклифу дархост пешниҳод намуданд.
Аз таклифу дархостҳои воридшуда 44 — то қабул, 2 — то қисман қабул ва 10 — то қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 15 декабри соли 2016 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор ва аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ шуд.
Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклифу эрод ба лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод гардид, ки онҳо низ қабул гардиданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Кӣ савол дорад? Марҳамат.
Муродулло ДАВЛАТОВ: — Дар моддаи 1-уми лоиҳаи қонун мафҳуми «шахсони сиёсии бонуфуз» оварда шудааст. Дар кадом асос ва назардошти хусусияти роҳбарон ва ходимони иттиҳодияҳои динӣ ин мафҳум, яъне «шахсони сиёсии бонуфуз» ҷой дода шудааст?
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ: - Вақте дар бораи шахсони сиёсии бонуфуз аз нигоҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои ба роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» сухан меравад, пеш аз ҳама, он шахсоне, ки бо истифода аз вазифаю мансаб, мавқеи худ дар ҷомеа метавонанд дар маблағгузории вобаста ба терроризм иштирок кунанд, дар назар дошта шудааст.
Барои чунин шахсро эътироф кардан шарт нест, ки танҳо мақоми давлатӣ дошта бошад. Мувофиқи яке аз талаботи ФАТФ (Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм) шахсоне, ки мавқеъ ва манзалати бештар дар ҷомеа доранд, нисбати онҳо низ бояд назорат бурда шавад, то дар маблағгузории чунин амалҳои ҷиноятӣ иштирок карда натавонанд.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» сухан ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрзода Давлатбек Зайниддин дода мешавад.
Хайрзода Давлатбек Зайниддин: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», пеш аз ҳама, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбулии шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР), созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (FATF), ҳамчунин аз талаботи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Нақшаи кори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, мебошад.
Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Истанбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № Ап-2217 аз 18 апрели соли 2013 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда буд, ки лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро, ки аз Нақшаи чорабиниҳо бармеоянд, таҳия ва мувофиқа намуда, тибқи тартиботи муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таклиф ва пешниҳодҳои гурӯҳи корӣ Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро таҳия намуд.
Яке аз талаботи тавсияи 1 Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Истанбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагони «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» мебошад. Бо ин мақсад «иҷро накардани барномаҳои зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсия пешбинӣ карда шудааст, ки ин меъёр масъулияти иҷрокунандагонро баланд мебардорад.
Ҳамчунин, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонидани баъзе меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва пурра кардани баъзе мафҳумҳо дар ин қонун боиси таҳияи лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо гашт.
Инчунин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мафҳумҳои «муқовимат ба коррупсия», «субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд» пурра набуда, ба талаботи – Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбулии шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд), созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (FATF), ҳамчунин аз талаботи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» мутобиқат намекунанд.
Зарурати дигари ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар он мебошад, ки мафҳуми «шахсони мансабдор» дар кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногун тавзеҳ дода шудааст. Вобаста ба ин, бояд мухолифати мавҷудбуда бартараф карда шуда, ин мафҳум ҳамаи шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсонеро, ки мансабҳои давлатиро дар мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ишғол менамоянд, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ шахсони мансабдори ба мақомоти намояндагӣ интихобшуда ё таъиншуда ва шахсоне, ки вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар ташкилотҳо иҷро менамоянд, новобаста аз шакли моликият фаро гирад. Бо ворид намудани тағйироти зикршуда ин мухолифати ҷойдошта бартараф карда мешавад.
Лоиҳаи пешниҳодшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнудин дода мешавад.
Зайнуддин САФАРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин пурра намудани баъзе мафҳумҳо бо дарназардошти талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумита таклифу пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод шуданд, ба инобат гирифт.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини директори Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрзода Давлатбек Зайниддин дода мешавад.
ХАЙРЗОДА Давлатбек Зайниддин: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбулии шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР), созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (FATF), ҳамчунин аз талаботи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020». Нақшаи кори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, мебошад.
Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Истанбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № ап-2217 аз 18 апрели соли 2013 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда буд, ки лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро, ки аз Нақшаи чорабиниҳо бармеоянд, таҳия ва мувофиқа намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Бо назардошти таклиф ва пешниҳодҳои гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод мешавад.
Зарурати ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонидани баъзе меъёрҳои «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин пурра кардани баъзе мафҳумҳо дар ин кодекс боиси таҳияи лоиҳа оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин кодекс гашт. Аз ҷумла, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мебошад, ки мафҳуми «шахсони мансабдор» дар кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври гуногун тавзеҳ дода шудааст. Вобаста ба ин, бояд мухолифати мавҷудбуда бартараф шуда, ин мафҳум ҳамаи шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро дар ҳама мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ишғол менамоянд, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ, шахсони мансабдори ба мақомоти намояндагӣ интихобшуда ё таъиншуда ва шахсоне, ки вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар ташкилотҳо иҷро менамоянд, новобаста аз шакли моликият фаро гирад. Бо ворид намудани тағйироти зикршуда ин мухолифати ҷойдошта бартараф карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Хоҳишмандам, он дастгирӣ карда шавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои талаботи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2013-2020», ки аз Нақшаи амалиёти Истанбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бармеояд, ҷиҳати мукаммалгардонии заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ бобати пешгирӣ, ошкор, бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, муносибгардонии шаклҳо, усулҳо, воситаҳои муқовимат ба коррупсия манзур карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар банди 1 эзоҳи моддаи 314 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми шахси мансабдор дарҷ гардидааст. Ҳамчунин, мафҳуми «шахси мансабдор» дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифода гардида, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтавои онро ба таври гуногун шарҳ медиҳад.
Мақсади таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонун мутобиқ намудани мафҳуми «шахси мансабдор» дар қонунгузории ҷорӣ ва талаботи моддаи 2 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсияро фаро мегирад. Он дар таҳрири нав ифода намудани қисми 1 эзоҳи моддаи 314 Кодекси ҷиноятӣ ва инчунин, бо мақсади шарҳ додани мафҳумҳои «вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ» ва «ваколатҳои хоҷагидорӣ» илова намудани бандҳои 4 ва 5-ро ба он дар назар дорад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №999 5 декабри соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур 8 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки онҳо пурра ва қисман қабул шуданд.
Кумитаи масъул 14 декабри соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуд. Бо дарназардошти таклифҳои манзуршуда ва пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон изҳор гардид, лоиҳаи қонуни мазкур такмил ёфта, ба он сархати нав илова шуд, ки хусусияти таҳрирӣ дорад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузорӣ мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, барои ҷонибдориву қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрзода Давлатбек Зайниддин дода мешавад.
Хайрзода Давлатбек Зайниддин: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбулии шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР), созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (FATF), ҳамчунин аз талаботи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», Нақшаи кори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, мебошад.
Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Истанбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №ап-2217 аз 18 апрели соли 2013 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд, ки лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро, ки аз Нақшаи чорабиниҳо бармеоянд, таҳия ва мувофиқа намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Бо дарназардошти таклиф ва пешниҳодҳои гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод мешавад.
Яке аз талаботи тавсияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Истанбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагони «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» мебошад. Бо ин мақсад «иҷро накардани барномаҳои зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсия мувофиқан дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шуд.
Инчунин, зарурати ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонидани баъзе меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра кардани баъзе мафҳумҳо дар он боиси таҳияи лоиҳа оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодекс гашт. Аз ҷумла, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мебошад, ки мафҳуми «шахсони мансабдор» дар кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври гуногун тавзеҳ дода шудааст. Вобаста ба ин, бояд мухолифати мавҷудбуда бартараф карда шуда, ин мафҳум ҳамаи шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсонеро, ки мансабҳои давлатиро дар мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ишғол менамоянд, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ, шахсони мансабдори ба мақомоти намояндагӣ интихобшуда ё таъиншуда ва шахсоне, ки вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар ташкилотҳо иҷро менамоянд, новобаста аз шакли моликият фаро гирад. Бо ворид намудани тағйироти зикршуда мухолифати ҷойдошта баратараф карда мешавад.
Лоиҳаи пешниҳодшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Хоҳишмандам, он дастгирӣ карда шавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.
САФАРЗОДА Бахтовар: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бояд қайд намуд, ки мафҳуми «шахси мансабдор» дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногун тавзеҳ шудааст. Бо мақсади мутобиқ намудани мафҳуми зикргардида ба қонунгузории ҷорӣ ва талаботи моддаи 2 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, он дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Илова бар ин, яке аз талаботи тавсияи Созмони ҳамкориҳои рушд барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Истанбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагони «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» мебошад.
Бинобар ин, дар лоиҳа моддаи 6631 ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи он пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1000 5 декабри соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмили лоиҳаи қонуни мазкур 8 таклиф пешниҳод шуд, ки ҳамаи онҳо қисман ва пурра қабул карда шудаанд.
Кумитаи масъул 14 декабри соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузорӣ мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» сухан ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрзода Давлатбек Зайниддин дода мешавад.
ХАЙРЗОДА Давлатбек Зайниддин: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбулии шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР), созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (FATF), ҳамчунин аз талаботи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020», Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, мебошад.
Бо дарназардошти таклиф ва пешниҳодҳои гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод шуд.
Зарурати ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонидани баъзе меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин пурра кардани баъзе мафҳумҳо дар ин қонун боиси таҳияи лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо гашт.
Ба ном ва матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» илова намудани калимаи «давлатӣ» ва ворид намудани тағйирот ба моддаи 15 қонуни мазкур масъулияти иҷрокунандагонро баҳри бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда зиёд мегардонад.
Лоиҳаи пешниҳодшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Хоҳишмандам, лоиҳа дастгирӣ карда шавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.
Насиба СОДИҚОВА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили меъёрҳо ва мутобиқ намудани онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 996 5 декабри соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳа такмил дода шуда, ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои дастгирии лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ