Мувофиқи тақвими шарқӣ соли 2017 соли мурғ аст. Мурғ даҳумин ҷонвари мучал ба шумор меравад. Касоне, ки солҳои 1921, 1933, 1945, 1957, 1969, 1981, 1993 ва 2005 таваллуд шудаанд, солашон мурғ аст.
Мувофиқи гуфтаи толеъшиносон ашхоси солашон мурғ табиатан якрав, вале «шартакигӯянд». Ҳар чизе, ки дар дилашон ҳаст, ҳамонро бе истиҳола баён мекунанд. Дурӯя нестанд. Ҳолати дигаронро ба хубӣ пай мебаранд. Дар ақидаашон устувор буда, дигаронро мувофиқи майли худ идора карда метавонанд. Кореро, ки оғоз намуданд, то ба анҷом нарасонанд, аз он даст намекашанд. Аз одамони солашон мурғ кам фиребгар мебарояд. Баръакс, зудбоварии зодагони соли мурғ гоҳҳо боиси фиреб хӯрданашон мешавад. Бовиҷдонанд ва аз онҳо оиладори хуб мебарояд.
Ашхоси солашон мурғ мехоҳанд, ки доимо дар мадди назари дигарон бошанд. Аз таърифи атрофиён хурсанду розӣ мешаванд. Баъзан таърифшунавиҳои зиёд онҳоро мағруру худбовар месозад. «Мурғ»-ҳо ҷасуранд ва дар корҳо таваккал карданро меписанданд. Аз онҳо низомиёни олидараҷа мебарояд. Хайрхоҳ ва дасткушод ҳастанд.
Агар корашон омад накунад, кӯшиш мекунанд, ки касе аз ин нокомиашон огоҳ нашавад. Яъне, барои онҳо ҳифзи обрӯю эътибор дар ҷойи аввал меистад. «Мурғ»-ҳо, баръакси «Асп», бори вазифаҳои зиёдатиро ба худ намегиранд.
Зодагони соли мурғ озодӣ ва мустақилиро дӯст медоранд. Ҳамеша худро ҳақ мешуморанд. «Мурғ»-ҳо хасис нестанд, софдилона ба дигарон тавсияҳои муфид медиҳанд. Онҳо дидадаро буда, дар дили атрофиён зуд ҷой мегиранд.
Мардони солашон мурғ бинобар ҷасорате, ки доранд, кӯшиш мекунанд, ки бо ҷинсҳои латиф зиёд дар муошират бошанд. Аммо бонувони солашон мурғ бештар шармгин буда, дар маҳфилҳо миёни дугонаҳои худ монданро афзал мешуморанд.
Новобаста ба шикасту комёбиҳои пай дар пай «Мурғ»-ҳо аз давлати пирӣ баҳравар мешаванд. Зодагони солашон мурғ касбҳоеро интихоб мекунанд, ки ҷасорат, шуҷоат, асабҳои мустаҳкам ва низому тартибро талаб менамояд. На ҳар кас аз уҳдаи масъулиятҳои ба зиммагирифтаи зодагони соли мурғ мебарояд.
Ҳамзистии зодагони солашон Мурғ бо дигарон
Мурғ ва Муш. Ин ҳамзистиро наметавон чандон осоишта номид. Ҳарчанд ҳар ду меҳнаткашанд, вале айёрии «Муш» баъзан ба табъи «Мурғ»-и доначин намефорад. Аз ин рӯ, дар муносибати ҳар дуи онҳо баъзан нофаҳмиҳо ба вуҷуд меояд.
Мурғ ва Бақар (гов). Ҳамзистии ояндадор. Ҳар ду сустиҳои ҳамдигарро фаҳмида, бояд аз пайи ислоҳи он шаванд. «Мурғҳо»-ро лозим меояд, ки дар муносибат бо «Бақар» гоҳҳо аз аспи ғурур поён фароянд. Дӯстии ҳар ду мустаҳкам ва дурудароз хоҳад буд.
Мурғ ва Паланг. Худхоҳию мағрурӣ риштаи никоҳи «Мурғ»-у «Паланг»-ро суст мекунад, зеро ҳар ду мехоҳанд, ки танҳо худ бештар манфиат гиранду ба ҷониби муқобил кам диҳанд. Ба «Паланг» мағрурии «Мурғ» писанд нест. Аз ин рӯ, ҳамдигарфаҳмӣ миёни онҳо кам мешавад.
Мурғ ва Харгӯш. Ҳар ду якдигарро то ҷое пурра мекунанд, вале аз чӣ бошад, ки «Харгӯш» баъзан аз шуъбадабозиҳои «Мурғ» ба ғазаб меояд. Фарёдкуниҳои «Мурғ» «Харгӯш»-ро хаста месозад. Аз муносибатҳои тиҷоратӣ «Харгӯш» бештар бурд мекунад.
Мурғ ва Наҳанг. Дар сурати муҳаббати тарафайн ин ҷуфт хушбахт хоҳанд шуд. Ҳар дуяшон меҳнатдӯсту ҳалолкоранд. Агар ба муносибатҳои тиҷоратии ҳар ду «Наҳанг» сарварӣ кунад, бобарор мешавад.
Мурғ ва Мор. Ҳам дар муҳаббат ва ҳам дар зиндагии якҷоя онҳо якдигарро пурра мекунанд. Агар «Мурғ» ба зоҳир баҳо диҳад, «Мор» ба ботини инсон баҳо медиҳад. Ҳарчанд дар ҳаёт Мурғу Мор душман бошанд ҳам, зодагони солҳои Мурғ ва Мор ҳамдигарро хуб мефаҳманд. Дӯстии онҳо бардавом мешавад.
Мурғ ва Асп. Дар зиндагии оилавӣ чандон ба ҳам созиш намекунанд. Агар чунин никоҳ воқеъ шуда бошад, ягона роҳи наҷот аз ҷангу ҷидол ҷудоиҳои муваққатӣ (сафари хизматӣ, танҳо ба саёҳат рафтан) мебошад. «Мурғ» ба «Асп» ҳаргиз такя нахоҳад кард ва дар назари «Асп» «Мурғ» чандон хуб кор намекунад.
Мурғ ва Гӯсфанд. Ҳар ду мудом аз ҳамдигар изҳори норозигӣ мекунанд. Ҳадафи онҳо аз ҳам фарқ дорад. Агар ҳар ду бартариҳои якдигарро ба назар нагиранд, зиндагиашон хуб намегузарад. «Мурғ» бояд барои «Гӯсфанд» ҳар гуна шарт намонад.
Мурғ ва Ҳамдуна. Дар зиндагии якҷоя «Мурғ» худро бо «Ҳамдуна» хушбахт намешуморад. На ҳамдигарфаҳмӣ ҳасту на муҳаббати самимӣ. «Ҳамдуна» ҳамеша домани «Мурғ»-и бечораро «бо чормағзи пуч» пур мекунад.
Мурғ бо Мурғ. Бо ҳамдигар созиш намекунанд. Мудом аз ин хона садои ҷангу хархаша меояд, зеро ҳар ду мағруру худхоҳанд ва гузашт кардан намехоҳанд. Муносибати тиҷоратиашон низ чандон барор намегирад.
Мурғ ва Саг. Ин никоҳ ягон хубӣ надорад. «Саг» доду фарёди «Мурғ»-ро таҳаммул карда наметавонад. Мағрурии «Мурғ» нафрати «Саг»-ро меорад. Дар муомилоти тиҷоратӣ низ чандон корашон омад намекунад.
Мурғ ва Хук. Он қадар ҷуфти муносиб нестанд. «Мурғ» дорои неруи зиёд буда, ҷасур ва пурғазаб аст. «Хук» адолатдӯстдору эҳсосотӣ. Аз сабаби ба ҳамдигар эътимод надоштан шарикии тиҷоратиашон чандон барор намегирад.
Соли деҳқонӣ
Соли «Мурғ» барои кишоварзон ва ашхосе, ки ба соҳибкории хурд машғуланд, бобарор аст, ҳосили ғалла хуб мешавад, сулҳу оромии деринтизор фаро мерасад. Чунончӣ, соли 1945 Ҷанги дуюми ҷаҳон хотима ёфт. Умед мекунем, ки дар соли Мурғ дар Шарқи Наздик ва Афғонистон сулҳу оромӣ ҳукмфармо мешавад.
Шахсиятҳои шинохта, ба монанди Суқроти Ҳаким, Алишери Навоӣ, сарлашкар Александр Суворов, Александр Колчак, Яков Свердлов, Андрей Громико (собиқ вазири корҳои хориҷии СССР), Элтон Ҷон, Екатеринаи II, Александри I, маршал Леонид Говоров, ҳунарпешаи фаронсавӣ Жан Пол Белмондо, бастакор Иоҳанн Штраус, ширинкор Юрий Никулин, физики шинохта Андрей Сахаров, продюссер Леонид Якубович ва дигарон дар соли мурғ ба дунё омадаанд.
Фароҳамсоз С. Аминиён, «Садои мардум»