- Бачаҳои азиз! Ман, Бобои барфӣ, шумо ва падару модару бобову бибиҳоятонро ба муносибати фарорасии Соли нав табрик гуфта, ба ҳамаатон хушбахтӣ орзу менамоям. Чун ҳамеша ба назди шумо бо дасти холӣ наомадаам. Ба воситаи кӯлу дарё, ҷангалу кӯҳҳо ҳазорҳо километр роҳро тай карда, бароятон туҳфаҳои солинавӣ овардам. Аммо нағз нашуд, вақте ба назди шумо равон мешудам, ин халтаи калон пури туҳфа буду алҳол аз нисф ҳам кам мондааст. Ба ин маро гунаҳкор надонед, ҳозир ҳамаашро мефаҳмонам.
… Ман бо душворӣ садҳо километр роҳро тай карда, аз ҷониби марди ситорагарми дар тан либоси ҳарбидошта манъ шудам. «Командири дидбонгоҳи рақами 1», — бо табассуми малеҳона саломи низомӣ дода, худро шиносонд.
- Хоҳиш мекунам, ҳуҷҷат ва борҳоятонро нишон диҳед.
Ман чанд муддат ба ҳайрат афтодам.
- Аз шумо ҳаққи андоз ситонда мешавад, — гуфт командир.
- Вале ман сомоние надорам, — фаҳмондам.
- Ҳеҷ гап не, — тасаллодиҳӣ намуд ӯ, — аз ҳисоби борҳоятон ҳисобӣ мекунед.
Аз ғамгинии ин воқеаи ғайричашмдошт то ҳол ба худ наомада будам, ки боз маро нигоҳ доштанд.
Сардори дидбонгоҳи рақами 2, ки ҷавони болобаланду фарбеҳ буд, бо чашмони рахшанда, хандон саломи низомӣ ба ҷо оварда, пурсид:
- Кистӣ ва чӣ мекашонӣ, бобо?
- Ҳа, шумо, албатта, пай бурдед, ки туҳфаҳои халтаи ман боз аз нав харобтар шуд. Командири дидбонгоҳи рақами 3 то ҳол арзи аҳвол накарда, ман аллакай медонистам чӣ бояд кард ва пешакӣ «андоз»-ро тайёр карда мондам.
… Командири дидбонгоҳи рақами 25 марди қадпасти лоғарандом буда, пойафзоли чармини калон дошт.
- Бубахш, бобо, — гуфт ӯ ба ман, нафас рост карда, — аз шумо бояд ду баробар андоз гирам, барои он ки фарзандонам зиёданд…
Аз ман, набераҳои азиз, наранҷед. Ҳар чӣ боқӣ монд, барои шумо овардам. Ҳоло дар роҳҳо ҳамин хел ҳолат аст. Ба ҳар сурат тафтишкунандагонро низ бояд фаҳмид. Охир, онҳо ҳам дар хонаҳояшон кӯдак доранд…
Шуморо бо Соли нав табрик мегӯям, дӯстон!
Аз русӣ тарҷумаи А. САМАРИДДИН, «Садои мардум»