Миёни кишварҳои аврупоӣ Ҷумҳурии Полша бо Тоҷикистон ҳамкориҳои фаъоли иқтисодӣ дорад. Дар хусуси дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст бо сардори шуъбаи мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории Сафорати Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятсек Михалски мусоҳиб шудем.
- Ба вазъи кунунии робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистону Полша чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ миёни кишварҳоямон ҷузъи калидии робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Полшаро ташкил медиҳад. Пояи мустаҳками шартномавӣ-ҳуқуқӣ, таҷрибаи бисёрсолаи ҳамкорӣ, ҳавасмандии доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар моро ба дурнамои неки робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Полша хушбин месозад.
Полша Ҷумҳурии Тоҷикистонро бинобар доштани иқтидори бузурги ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун шарики муҳими хеш дар Осиёи Марказӣ меҳисобад.
Аз рӯи маълумоти омор, дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши тиҷоратӣ миёни Полша ва Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 қариб 25 фоиз коҳиш ёфтааст.
Аммо ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёри ғизоӣ ба Тоҷикистон ба андозаи соли гузашта боқӣ монда, ҳаҷми содироти маҳсулоти саноати химия, маҳсулоти растанӣ афзуд. Мутаассифона, ҳаҷми содироти маҳсулоти металҳои ранга кам шуд. Аз Тоҷикистон ба Полша асосан пахта, маҳсулоти коркарди аввалияи он, алюминий ва дигар ашёи хом содир мешавад. Умед ба он дорем, ки аз рӯи ҷамъбасти солона ҳаҷми додугирифт аз порсола кам намегардад. Новобаста аз мушкилиҳои бо сабаби буҳрони ҷаҳонии молиявӣ сарзада вазъи кунунии тиҷорати дуҷониба ҷавобгӯи иқтидори имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории кишварҳоямон нест.
- Барои беҳтар шудани вазъият чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
- Тавре дар боло таъкид кардам, намояндагони соҳибкории хурду миёна ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд доранд. Дар робита ба ин, Шуъбаи мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории Сафорат бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон вохӯриҳо, семинарҳо, сафарҳои корӣ ва дигар чорабиниҳои иттилоотӣ доир намуда, ба тавсеаи робитаи мустақими соҳибкорони ду кишвар мусоидат мекунад. Чунончи, дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ-семинарҳо аз силсилаи «Рӯзҳои дарҳои кушод» барои соҳибкорони хурду миёна дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд доир намудем. Мақсад дорем, ки соли оянда низ ин таҷрибаро идома диҳем.
Шуъба ярмаркаҳое, ки ҷониби Тоҷикистон таъсис медиҳад бо гӯшаи иттилоотӣ ширкат меварзад.
Мо кӯшиш мекунем, ки дар гӯшаҳои таъсисдодаи Шуъба намояндагиҳои ширкатҳои Полша ҳузур дошта бошанд. Масалан, дар Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2016», ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, соҳибкорони тоҷик фурсат пайдо намуданд, ки бо имкониятҳои яке аз марказҳои намоёни чорводории Полша-Стансияи парвариш ва бордоркунии ҳайвонот дар Бидгош (SHi UZ), инчунин ширкати воридкунандаи таҷҳизот, минҷумла таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ошно шуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намоянд. Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон -2016» соҳибкорони тоҷик бо фаъолияти ширкати полшагии «ChM», ки чанд сол боз ба таъминоти имплант ва усулҳои пешрафтаи муолиҷаи бемориҳои латхӯрӣ машғул аст, ошно шуданд.
Бо мақсади шиносоӣ бо иқтидори саноати дорусозии Полша дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон барои соҳибкорон, дорусозон ва мутахассисони соҳа семинар доир гардид. Иштирокчиёни семинар каталогҳои ширкатҳои намоёни дорусозии Полша, маводи иттилоотии ширкатҳоро гирифта, бо сарвари ширкати дорусозии «Code Pharm» ва намояндаи корхонаи дорубарории «ЗИТО» табодули афкор намуданд.
Намояндагони як қатор ширкатҳои тиҷоратии Тоҷикистон иштирокчии доимии яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквории Аврупо-POLAGRA гаштаанд. Дар натиҷаи ширкат дар чорабинии мазкур барои ворид кардани маҳсулоти хӯроквории Полша ба Тоҷикистон шартнома баста шуд. Ширкатҳои Тоҷикистону Полша дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ, минҷумла чорводорӣ, боғдорӣ, истеҳсоли сабзавот, ғалладонагиҳо, коркард ва нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ нек арзёбӣ мекунанд. Дар ин бора теъдоди афзояндаи муроҷиатҳои ба унвони Шуъбаи Сафорат воридшуда, афзоиши пойгоҳи маълумоти шарикони ҳамкор, дар сомонаи интернетии Сафорат гувоҳӣ медиҳанд.
Истеъмолкунандагони Полша ва дигар кишварҳои Аврупо низ ҳарчӣ бештар дар бораи хосият ва сифати меваҳои Тоҷикистон маълумот пайдо карда истодаанд. Аммо мавзӯи бастабандӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ, нигоҳдорӣ, дастрас намудани меваю сабзавот такмил мехоҳад.
Ҳамин гуна корҳои мушаххаси мададрасонӣ ба соҳибкорони тоҷику полшагӣ мароми мост. Дар ин ҷода ба мо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ бо шуъбаи Сафорат созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд, мусоидат мекунад. Ин нахустин ҳуҷҷати самти мазкур дар таҷрибаи кори мост.
Дар баробари ин, ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Полша дар доираи амалисозии лоиҳаҳои зери вилояти Иттиҳоди Аврупо ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ амалишаванда идома ёфта истодааст. Агар дар бораи дигар самтҳои нисбатан ояндадори ҳамкорӣ сухан гӯем, пас бо дарназардошти барномаҳои васеи модернсозии иқтисодиёти Тоҷикистон Полша тайёр аст, ки мошинҳои гуногун, таҷҳизот барои кӯҳкорӣ, аз ҷумла истихроҷу коркарди ангишт, металлургия пешниҳод намуда, робитаҳоро дар соҳаҳои энергетика, технологияи инноватсионӣ, ҳифзи муҳити зист, нақлиёт ва ғайра тақвият бахшад.
- Дар шароити ноустуворӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ баамаломада бисёр кишварҳо роҳҳои ҳалли мушкилоти бамиёномадаро ҷустуҷӯ мекунанд. Ин масоил дар Полша чӣ гуна ҳалли худро меёбанд?
- Таваҷҷуҳ ба модели рушди иқтисодии Полша дар ҷаҳон зиёд аст. Зеро миёни дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо иқтисодиёти Полша бо суръати баланд рушд карда истодааст. Солҳои охир Полша дар қатори кишварҳои панҷгонаи аврупоӣ бо нишондиҳандаҳои баланди рушди иқтисодиёт шомил буда, нишондиҳандаи миёнаи солона тайи 5 соли охир 3 дарсадро ташкил медиҳад. Соли 2015 рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,6 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 3,3 % бештар аст. Рушди соҳаи саноат ба 4,9 % расид. Сатҳи таваррум бошад, 1 % паст гардид. Музди миёнаи маош то 3900 золотих (баробари 1035 доллари ИМА) афзуд. Аз рӯи пешгӯиҳо, соли ҷорӣ рушди иқтисодиёт ба 3,5 % хоҳад расид. Рушди иқтисодиёт ба шуғли аҳолӣ таъсири мусбат расонида, сатҳи бекориро паст месозад. Омили калидии рушди иқтисоди миллӣ афзудани талаботи дохилӣ мебошад, ки аз баландшавии некӯаҳволӣ ва қобилияти харидории аҳолӣ, инчунин боло рафтани иқтидори содиротӣ дарак медиҳад. Соли 2015 ҳаҷми содироти маҳсулоти Полша ва хизматрасонӣ ба 178,7 миллиард евро расида, нисбат ба воридот 3,7 миллиард евро зиёд гашт. Ин раванди мусбат соли ҷорӣ низ ҳифз хоҳад шуд.
Полша кишвари барои сармоягузории мустақим ҷолиб буда, соли 2015 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақим аз 177 миллиард доллар гузашт. Минтақаҳои махсуси иқтисодӣ, паркҳои индустриаливу технологӣ дар Полша ба ҳайси аккумуляторҳои сармоягузорӣ барои ихтирооти таҷрибавӣ –конструкторӣ, татбиқкунандаи технологияҳои ҷадид дар соҳаҳои калидии иқтисодиёт, мисли энергетика, химия, дорусозӣ, саноати аэрокайҳонӣ, электроника, IТ-технология, тандурустӣ, лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва ғайра гардидаанд.
Яке аз нишондиҳандаҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллии Полша дар аксар рейтингҳои ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол кардани он аст. Масалан, соли равон аз рӯи сатҳи пешбурди тиҷорат Полша дар ҷаҳон ҷои 24-умро ишғол намуд. Мувофиқи рейтинги «World Investment Report», Полша аз ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар Аврупо ҷои 8-ум ва дар ҷаҳон ҷои 20-умро мегирад. Миёни кишварҳои Аврупои Миёна ва Шарқӣ аз рӯйи таъсиси ҷойҳои нави корӣ Полша дар ҷойи 3-юм меистад. Чунин рӯихатро метавон идома дод.
Имрӯз Ҳукумати Полша барномаи миёнамуҳлати рушди устувори минбаъдаи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакатро таҳия намудааст. Ин барнома ба таъмини шароит барои афзоиши даромади шаҳрвандон, баробарии руши иҷтимоию иқтисодии ҳама минтақаҳои Полша гузариши иқтисодиёт ба усулҳои рушди инноватсионӣ равона гардидааст. Дар барнома инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тамоми намудҳои соҳибкории хусусӣ ҷалби сармоягузориҳои мустақим ба мамлакат, пеш бурдани сиёсати фаъоли иҷтимоӣ ва минтақавӣ, афзоиши маблағгузорӣ ба ояндаи кишвар, яъне сармояи инсонӣ пешбинӣ шудааст.
- Барои суҳбат ташаккур! Ба Шумо барои амалӣ шудани нақшаҳоятон комёбиҳо таманно мекунем.
Мусоҳиб Мукаммал Раҷабӣ