Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд, ки дар он фаъолияти тамоми соҳаҳои ҷомеа мавриди таҳлили амиқу доманадор қарор гирифта, ҳамзамон вазифаҳо барои оянда мушаххас мешаванд. Мушоҳида мешавад, ки сол то сол, ҳамрадиф бо рушди тамоми бахшҳои ҷомеа, ки самараи сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Сарвари хирадсолори кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, мазмуну муҳтавои Паём низ тамоюли такмилёбиро касб намудааст. Мансубини Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ Паёми Сарвари давлатро мавриди омӯзиши амиқу доманадор қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудани нуктаҳои ба фаъолияташон рабтдоштаи он Нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намуданд. Фаъолияти кормандони Хадамот бевосита ба ҳифзи неъмати бебаҳои ҷомеа – саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст ва мо хуб дарк менамоем, ки масъулияти мо дар назди тамоми қишрҳои ҷомеа хеле бузург аст.
Бинобар ин, роҳбарият ва аҳли кормандони Хадамот бо рӯҳбаландӣ аз Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ фаъолияти хешро дар ин ҷода бо истифодаи густурдаи неруи зеҳнии кормандон ва имконоту захираҳои мавҷуда вусъат мебахшанд. Дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва тамоми сохтору идораҳоро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод, ки ҳар фарди солиму худогоҳ баъд аз шиносойӣ бо далелу арқоми пешниҳодшуда бори дигар ба пурмаҳсул будани фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои он муътақид мегардад. Аз ҷумла зикр гашт, ки «Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуда, суръати афзоиши воқеии солонаи он ба ҳисоби миёна 7 фоизро ташкил дод, ки ин аз рушди устувори иқтисодиёти мамлакат шаҳодат медиҳад».
«…таъкид месозам, ки татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим, инчунин тарбияи кадрҳои муосир вазифаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ мебошад».
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 апрели соли 2013)
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки агар эҷоди баъзе монеаҳои сунъӣ сурат намегирифт, ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ноил гардидан имконпазир буд. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он будем, ки соли гузашта кишвари мо ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд. Ҳарчанд ки ин дастовард аз лиҳози моҳият ва мазмун рӯйдоди муҳим, фараҳбахш, таърихӣ ва шоёни таҳсину тарғиб аст, вале мутаассифона, воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар ин маврид «муҳри хомушӣ бар даҳон зада буданд». Айни замон барои ҷомеаи Тоҷикистон муҳимтар аз ҳама ба манфиати тамоми қишрҳои ҷомеа истифода намудани имконоти ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аст. Вобаста ба ин масъала дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шуд: «Дар ин марҳалаи рушд истифодаи самараноки имкониятҳое, ки ба шарофати пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар натиҷаи ворид шудан ба низоми байналмилалии тиҷорат муҳайё мегарданд, бисёр муҳим мебошад». Ман бо тақозои вазифаи базиммадоштаам, қариб ҳар рӯз бо доираи васеи соҳибкорон муошират менамоям. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки кулли соҳибкорон шомил гардидани кишварамонро ба созмони фавқуззикр муҳаррики рушди минбаъдаи раванди соҳибкорӣ дар мамлакат арзёбӣ мекунанд. Онҳо хуб дарк намудаанд, ки узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, инчунин ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватании ба содирот нигаронида, болоравии маърифати соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд.
Давоми ҳафт соли охир барои фаъолияти бахши хусусӣ ва таъмини рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Масалан, қонунигардонии молу мулк ва маблағҳои шаҳрвандон, эълон гардидани мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, тақвият бахшидани ҳамкории байни давлат ва бахши хусусӣ, инчунин қабули Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшид. Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, шуруъ аз якуми январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди истифода қарор гирифт. Зимни ирсоли Паёми имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин зикр шуд: «…бояд гуфт, ки баъзе муқаррароти Кодекси андоз ҳоло ҳам таҳлили ҳаматарафаро талаб менамоянд ва сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиш ва такмили онҳо чораҳои зарурӣ андешанд». Ибрози ин андеша бори дигар собит намуд, ки ҳамрадиф бо пешрафти ҷомеа ва талаботи замони муосир, мазмуну моҳияти конунгузории ҷорӣ, аз ҷумла Кодекси андоз низ, такмил хоҳад ёфт.
Чун фаъолияти Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ба соҳаи тандурустии кишварамон рабт дорад, мехоҳам андешаҳоямро вобаста ба нуктаҳои ба ин бахш рабтдоштаи Паём иброз намоям. Тамоми мардуми Тоҷикистон шоҳиди бевоситаи онанд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тандурустии кишварро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ном бурдааст.
Масалан, соли равон барои маблағгузории соҳа зиёда аз 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин дар муқоиса ба соли 2007- ум 47 баробар зиёд мебошад. Музди меҳнати кормандони муассисаҳои тандурустӣ дар ҳафт соли охир 12 баробар афзудааст. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ бо мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро идома медиҳад. Тавре аз нуктаҳои ба бахши тандурустӣ дахлдоштаи ин санади муҳиму сарнавиштсоз бармеояд, дурнамои соҳа хеле нек буда, дар ояндаи наздик сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам беҳбудӣ хоҳад ёфт. Далели возеҳи ин суханони Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёмаш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад: «…таъкид месозам, ки татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим, инчунин тарбияи кадрҳои муосир вазифаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ мебошад». Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар рӯйдоди муҳим ва фараҳбахши ҷомеаи муосири Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳар як тоҷику тоҷикистониро мебояд баҳри дар амал татбиқ намудани нуктаҳои он ҷаҳду талош намояд, зеро ҳадафи асосии ин санади муҳим раҳнамунсозии сокинони мамлакат ба фардои дурахшон аст.
Баҳодур ХОЛНАЗАРОВ,
сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, номзади илмҳои фармасевтӣ