Ҳунарҳои мардумӣ дар ҳама давру замон инъикоскунандаи маданияту маърифати миллатҳо буд ва ҳаст. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ имконият фароҳам омад, ки бисёре аз онҳо дубора рӯ ба рушд биёранд. Бешак, дар рӯзгори мо ҳунарҳои мардумӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Далер Умаров, мудири қисми илмии муассисаи давлатии таълимии бачагонаи санъати ноҳияи Рашт, иттилоъ дод, ки сафи довталабон ба гурӯҳҳои омӯзишии муассисаи мазкур аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия меафзояд. Ҳоло 73 нафар хонанда ба 6 гурӯҳи омӯзишӣ ҷалб шуда, дар арафаи таҷлили ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муассиса соҳиби бинои нав гардид.
Беш аз 45 нафар духтар аз соли 2007 дар гурӯҳҳои рассомӣ, овозхонӣ, омӯзиши аккордеон, созҳои миллӣ, аз қабили дутору рубоб ва асбобҳои зарбӣ дарс хонда, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Д. МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ