Ҷамъбасти 11 моҳи соли 2016 муайян намуд, ки ин муддат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба 10,9 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба соли 2015-ум 5,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 864 ҳазор тонна ғалладона, 939 ҳазор тонна сабзавот ё беш аз 60 фоизи сабзавоти кишвар истеҳсол шудааст.
Бо мақсади иҷрои Барномаи рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 дар майдони 1390 гектар боғу токзори нав бунёд шуда, иҷрои он 121,3 фоиз таъмин гардид. Дастовардҳо вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти бахши чорводорӣ, парандапарварӣ, асал, моҳӣ низ назаррасанд. Ҷолиби диққат аст, ки солҳои охир дар вилоят ба беҳтар намудани зоти чорво аҳамият дода мешавад. Чунончӣ, дар ноҳияи Хуросон хоҷагии махсуси чорводорӣ мавҷуд аст, ки дар он аз ҳар як сар гови ширдеҳ рӯзе ба ҳисоби миёна то 50 литр шир дӯшида мешавад. Дар ноҳияҳои Ёвону Абдураҳмони Ҷомӣ низ ин гуна дастовардҳо ба назар мерасанд.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шуд. Аз рӯи маълумоти оморӣ, вилояти Хатлон имрӯз қариб 70 фоизи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро истеҳсол менамояд.
Корхонаҳои саноатии вилоят, якҷо бо бахши хусусӣ, ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолотро нисбат ба соли 2015-ум 478,4 миллион сомонӣ зиёд намуданд. Суръати рушд 12,3 фоизро ташкил дод.
Соли 2016 дар вилоят 53 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, аз қабили «Ҷунтай Моҳир семент», «Криолит», «Хуачиан Ғаюр индустриал», «Кипарис» ва «Ваҳдат» дар ноҳияи Ёвон, коргоҳи «Дӯзандагӣ» ва «Сантехник сервис» дар шаҳри Қӯрғонтеппа, МПМК «Хоҷамастон» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Ҷунтаи Данғара текстил» ва «Сабр» дар ноҳияи Данғара, «Захираҳои моддӣ» дар шаҳри Сарбанд, «Иттифоқчиён» дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Таҷ фрутс» дар ноҳияи Восеъ, «Исмоили Сомонӣ», «Раҳим Мусо», «Умед-2012» ва «Иборатмоҳ» дар шаҳри Кӯлоб бо истифода аз технологияи пешқадам таъсис ёфтанд. Дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар бахшу соҳа 37644 ҷойи нави кор фароҳам шуд.
Нияти мардуми Хатлон неку ибтикорашон бунёдкорона буда, иҷрои онҳо имкон медиҳад, ки ин гӯшаи зебои Ватан дар оянда боз ҳам беҳтару хубтар рушд ёбад.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»