балки он бояд дар рафҳои китобхонаҳо, дӯконҳои китобфурӯшӣ ва дар ҳар як хонадон бошад
Кам китоб хондани мардуми мо, ки фарҳангу маънавиёти бою қадима дорад, боиси афсӯсу нигаронист. Дар баробари беҳавсалагӣ, яке аз омилҳои ба китоб кам таваҷҷуҳ кардани мардумро мо дар набудани китобҳои ҷолиб медонем.
Хушбахтона, солҳои охир теъдоди чопи китоб зиёд ва сифати маҳсулоти чопӣ низ баланд мегардад. Чунончӣ, вазъи нашри адабиёти бачагона рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали соли гузашта дар сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» таъсис ёфт. Хабарнигорамон бо директори ин муассиса Наҷмиддин Салоҳиддинзода ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.
-Инак, аз таъсиси Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» беш аз як сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат муассиса барои нашри адабиёти кӯдакону наврасон, ҷалби онҳо ба китобу китобхонӣ чӣ корҳоро анҷом дод?
-Боиси хушҳолист, ки ба шарофати истиқлолияти кишвар ва бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуи чандинсолаи аҳли илму маърифат ва умуман мардуми маърифатпешаи мо амалӣ гардид. Ҳанӯз устодони бузурги миллати тоҷик Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода пайваста талош мекарданд, ки Тоҷикистон дорои нашриёти махсусе бошад, ки барои насли наврас адабиёт чоп кунад. Ин орзу дар замони мо амалӣ гардид. Бо мақсади ҳар чӣ бештар ба табъ расонидани адабиёт барои кӯдакону наврасон ва ба ин васила мусоидат ба раванди таълиму тарбияи бачагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» таъсис ёфт.
Дар Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ баланд бардоштани сатҳи маърифат ва худшиносии мардум, бахусус ҷавонону наврасон ҳамеша зикр мешавад. Чунончӣ, дар Паёми имсола низ Сарвари давлат чунин таъкид намуданд: «Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад».
Дар таълиму тарбияи наврасон дар робита ба рушди босуръати ҷаҳони имрӯза нақш ва мақоми китоб низ пайваста боло меравад. Табиист, ки ягон воситаи техникӣ, аз ҷумла компютер ҷойи китобро гирифта наметавонад. Китоб ба мисли чашмаҳои мусаффои куҳсор аст, ки аз он шохобчаҳои оби рӯҳбахш ҷорӣ мегардад.
То ба ин вақт адабиёти бачагона аслан тавассути матбуоти даврӣ манзури хонандагон мегардид. Махсусан рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал», «Чашма» дар ин бобат фаъол буданд. Дар интишороти давлатӣ ҳам шуъбаҳои алоҳидаи адабиёти бачагона амал мекарданд. Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, нашриётҳои хусусӣ гоҳ-гоҳ барои қонеъ гардонидани талаботи молии хеш китобчаҳои бачагонаро нашр мекунанд. Баъзе рӯзномаву маҷаллаҳо гӯшае барои осори кӯдаконро таъсис додаанд. Вале ин ҳама ҳеҷ гоҳ мақоми нашриётро гирифта наметавонад.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» фаъолияташро аз ибтидои соли 2012 оғоз кард. Нахустин китоби бо тамғаи муассиса батабърасида «Чакомаи Наврӯз»-и Муҳаммадсолеҳи Нодим буд, ки ба муносибати ҷаҳонишавии ҷашнвораи ниёгонамон Наврӯзи оламафрӯз бо теъдоди 500 нусха интишор ёфт. Баъдан, ба муносибати ҷашни 125- солагии маорифпарвар, педагог, рӯзноманигор ва тарҷумони маъруфи тоҷик ва Машриқзамин Саидризо Ализода асарҳои тарҷуманамудаи «Дубровский», «Духтари капитан», «Ҳикояҳои Белкин» ва «Моткаи қарамашшоқ»-ро бо кӯмаки Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» пайдо намуда, аз ҳуруфи лотинӣ ба кириллӣ баргардонидем ва мувофиқи талаботи нави Қоидаи имлои забони тоҷикӣ таҳия ва ба чоп омода намудем. Ин китобҳо дар ҳаҷми 30 ҷузъи чопӣ, бо муқаддимаи муфассал дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву адабии Саидризо Ализода таҳти унвони «Донишманди фарзона ва фидоии тоҷик», ки он ба қалами муҳаққиқи варзида, номзади илмҳои филологӣ, шодравон Пайванди Гулмуродзода тааллуқ дорад, бо теъдоди 1000 нусха нашр гардиданд.
Бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» чопи силсилакитобчаҳо бо номи «Сад панд» ба роҳ монда шуд ва аввалин даҳ адад китобча аз асари безаволу пандомӯзи Шайх Саъдии Шерозӣ «Бӯстон» дар бозгӯйи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо тедоди ҳар кадоме 5000 нусха рӯйи чопро дид. Ин силсилакитобчаҳо дар озмуни Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе, ки моҳи майи соли гузашта баргузор гардид, барои беҳтарин ороиши китоб ҷойи аввалро соҳиб шуд.
-Ин кор, албатта, давом дода мешавад? Зеро рӯйи мизи Шумо нусхаҳои китобҳои навро мебинам.
-Бале, ин кор мунтазам давом дода мешавад. Ин китобҳое, ки шумо мебинед, аз ҳамин силсилаи «Сад панд» бозгӯйи Гулназар Келдӣ, аз осори Ҳаким Саноии Ғазнавӣ аст, ки аввали моҳи апрел панҷ номгуй бо теъдоди 2000 нусхагӣ аз чоп баромад ва муаррифиномаи ин китобҳо дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид ва 10 ҳикоёти «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус дар баёни Мирзо Муллоаҳмадов бошад, ба наздикӣ ба табъ мерасад.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» ҷиҳати иҷрои талаботи банди 18-и Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2007 №2 ба чопи китобҳои нодири таърихию фарҳангӣ диққат дода, бо супориши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи нашри асарҳои 50-ҷилда бо номи силсилаи «Китобхонаи мактаб» вазифадор шудааст. Соли 2012 Муассиса ҷилди 27, 28, 29 ва 30-и ин силсиларо бо номи «Мунтахаби ашъор»-и Мирзо Турсунзода, «Ҳикматномаи Носири Хусрави Қубодиёнӣ», «Афсонаҳо ва ривоятҳои халқи Ҳиндустон» ва «Мунтахаби ашъори Абулқосим Лоҳутӣ» бо теъдоди ҳар кадоме 5000 нусха бо муқоваи ранга ва муқовабандии сахт аз чоп баровард. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ ҷилди 34-уми ин силсила — «Тазкираи адабиёти бачаҳо» ҷилдҳои 1 ва 2, «Мактаб ва маслаки Ҳофиз», «Пандҳои Саноӣ» рӯйи чопро хоҳанд дид. Бояд тазаккур дод, ки ин силсила бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 оғоз ёфта, то соли 2015 бояд 50 ҷилдро дар бар гирад. То имрӯз аз ин силсила 30 номгуй бо теъдоди 5000 нусхагӣ аз чоп баромадааст.
-Хусусияти хоси Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» нисбат ба дигар муассисаҳои интишоротӣ аз чӣ иборат аст?
-Нашриёти мо, ки ба чопи китобҳо барои бачаҳо ва наврасон махсус гардонида шудааст, воқеан хусусиятҳои хоси худро дорад ва риояи онҳо ҳатмист. Асарҳое, ки ба ин ҷо барои нашр пешниҳод мешаванд, бояд ғояи матлуби тарбиявӣ, ахлоқӣ, услубу забони фаҳмо, муҳимтар аз ҳама, ороиши ҷолибу дилкаш дошта бошанд. Тифлоне, ки ҳанӯз ҳарфу ҳиҷоро намедонанд, мазмуни асарро аз суратҳо, ороиш ва рангорангии он эҳсосу дарк менамоянд. Вобаста ба ҳамин, мо рассомони чирадасти ороишдиҳандаи китобро ба ҳамкорӣ даъват менамоем. Ният дорем, ки аввал намунаи осори халқӣ-фолклорӣ, адибони гузаштаву имрӯза, хусусан пандномаҳо, аз он ҷумла насиҳатномаи пайғамбари ислом Муҳаммади Мустафо (с) ва орифони бузургамонро дастраси ҳамагон намоем. Ба қадри имкони молӣ як қисмати онҳоро ба забони русӣ бармегардонем. Ҳамчунин нашри беҳтарин осори ҳикматомези адибони Эрону Афғонистони бо мо ҳамрешаву ҳамзабон, Федератсияи Россия, Ғарбу Шарқро дар нақша дорем.
Барои бе ғалат чоп кардани матни китоб муҳарриронро аз ҳисоби донишмандони закӣ, ки имло ва назокати суханро хуб мефаҳманд, ба тарзи озмун ба кор даъват карда истодаем ва кӯшиш менамоем, ки китобҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва ороиш ба сатҳи ҷаҳонӣ ва талаботи имрӯза мувофиқ ва рақобатпазир бошанд.
Китобҳои дар нашриёти Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» батабърасида ба талаботи стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, бо библиография, тасвир, тавсиф, индекси таснифотӣ ва рақами индификатории ISBN муҷаҳҳаз мебошанд.
-Албатта, хуб аст, ки вазъи чопи китобҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад ва акнун хоҳишмандон имкон доранд китобҳои ҷолибу хонданиро дастрас намоянд. Китобҳое, ки шумо ба табъ мерасонед, чӣ тавр ба хонандагон мерасанд?
-Воқеан ин проблемаи муҳим аст. Шароити иқтисоди бозорӣ тақозо менамояд, ки роҳу усулҳои нави ба талаботи замон ҷавобгӯ пайваста ҷустуҷӯ карда шавад, то ки фаъолияти муассиса дар рақобати шадид бо нашриётҳои зиёди хусусӣ пеш равад, мавқеи он мустаҳкам гардад, аз таҳдиди хавфу хатари касодшавӣ эмин бошад ва муҳимтар аз ҳама, китобҳо сари вақт ба дасти хонандагон расад. Аз ин хотир тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби маводҳои нашркардаи муассиса аз телевизиони марказӣ ва радиошунавонӣ истифода бурда мешавад. Дар ин замина ба рӯзномаи «Садои мардум» низ изҳори сипос мекунем, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси нашриёт бо мо ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Номгӯйи маводҳои нашргардидаи муассисаро дар шакли феҳрист ва мактуби роҳнамо чоп карда, ба ҳамаи шуъбаҳои фарҳанги ноҳияву шаҳрҳои ҷумҳурӣ фиристонидем, то ки мизоҷон маводҳои лозимаро аз муассиса бо нархи арзон дастрас намоянд. Мутахассисони шуъбаи маркетинг ба шаҳру ноҳияҳо барои тарғиби маводҳои муассиса ба сафари хидматӣ фиристонида мешаванд. Ба ин кор мо ҳамзамон соҳибкоронро ҷалб менамоем. То ин дам бо 15 нафар соҳибкори инфиродӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар шаҳрҳои Турсунзода ва Истаравшан намояндагии доимии муассиса кушода шуд.
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1332 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ, 120 мағозаи фурӯши китоб, бештар аз 4500 китобхонаи мактаб вуҷуд дорад. Аксарияти шаҳрвандон барои тарбия ва таълими фарзандонашон китобхонаҳои шахсӣ доранд. Барои ҳар чӣ бештар хонандагонро бо китоб таъмин кардан адади китобҳои нашрмешуда ҳам бояд зиёд бошад.
Илова бар ин, муассиса дар пайравӣ бо ҷумҳуриҳои дигар, мутобиқи тақозои шароити иқтисоди бозорӣ ва бо мақсади нашру бо нархи арзон пешкаш намудани китобҳо барои бачаҳои синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ идомаи чопи адабиёти бадеиро бо номи «Атфол» бо роҳ мондааст. Дар ин робита, ду китобчаи Муҳаммад Субҳон бо номи «Хирси малла», «Рӯбоҳ ва хирси нодон» бо теъдоди 2000 нусха аз чоп баромад ва айни ҳол се номгуйи ин силсила дар арафаи чопанд.
Дар муассиса зери рубрикаи «Аз Паём то Паём» дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ нақшаву чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Як нукта дар Паёми пешини Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон махсус дарҷ ёфта буд, ки дар ҷумҳурӣ бояд барои таҳияи механизми то ба хонанда бурда расонидани китобу маҷаллаҳо тадбирҳо андешида шавад. Такя ба ин таъкидҳо Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ корвони намоиш-фурӯши китобҳои муассисаро таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» аз моҳи декабри соли гузашта то апрели соли ҷорӣ ташкил намуд. Дар рафти ин чорабинӣ 29843 нусха китоб фурӯхта шуд. Инчунин дар радифи намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри муассиса вохӯрии аҳли адаб Алӣ Бобоҷон, Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Муҳаммад Ғоиб, Муҳаммад Субҳон, Азизи Азиз ва Сайфулло Маҳкамов бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзуйи «Вазъи кунунии нашри адабиёти кӯдакону наврасон дар ҷумҳурӣ» баргузор гардид. Мо дар ҷараёни ин чорабинӣ ҳаминро дарк кардем, ки дар он шаҳру ноҳияҳое, ки раисону масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қадру манзалати китоб ва ба ин васила тарбияи насли наврасро дар мадди аввал мегузоранд, дар он ҷо фаъолияти хуби китобу китобдорӣ ташкил карда шудааст. Дар ин радиф кори ниҳоят хуби раисони шаҳрҳои Турсунзодаву Конибодомро махсус бояд зикр кард.
- Агар ҳар китоб хонандаи худро надошта бошад, албатта, он дар анбор мехобад. Ҷойи китоб анбор нест, бахусус китобҳои бачагона, балки он бояд дар рафҳои китобхонаҳо, дӯконҳои китобфурӯшӣ ва дар ҳар як хонадон бошад. Дар ин замина шумо боз чӣ фикру пешниҳодот доред?
-Ҳақ ба ҷониби шумост. Дар шароити иқтисоди бозорӣ механизми то ба китобхонаҳо, мағозаҳо бурда расонидани китобро ҳар як нашриёт бояд худаш ҳал кунад. Мутамарказ бурда расонидани китобҳо то ин китобхонаҳо дар шароити кунунӣ маъно надорад, зеро ҳар як нашриёт аз рӯйи фаъолияташ медонад, ки маҳсулоташро чӣ хел ба хонанда-харидор пешкаш кунад. Аз ҳамин дидгоҳ дар нашриётҳо фаъолияти шуъбаҳои маркетинг бояд пурқувват бошад. Ин шуъба таҳлили ҳамаҷонибаи харидории китобҳоро дар маҳалҳо бояд муқаррар намояд. Нашриёт донад, ки чӣ қадар хонанда дорад, табақаи хонандаи вай кист? Имрӯз бо мавҷудияти 120 мағозаи фурӯши китоб мо тамоми хонандагонро бо адабиёт таъмин карда наметавонем, зеро хонанда маҳз барои харидории китоби бадеӣ аз як гӯшаи шаҳр ба гӯшаи дигари шаҳр намеравад. Китоб бояд дар ҳар хиёбону кӯча, маҳаллаву гузар фурӯхта шавад ва нашриётҳо бояд бевосита бо мағозаҳои фурӯши китоб шартнома баста, якҷоя фаъолият баранд. Имрӯз тақозои давру замон аст, ки бозори махсуси китоб дошта бошем. Дар ин ҳолат нашриёт метавонад, таҳлил намояд, ки дар кадом минтақаи шаҳр хонандаи худро дорад ва механизми гардиши маводи худро ба роҳ монад. Аз фурӯши маводҳои бадастомада шуъбаи маркетинги нашриёт метавонад нақшаи кории худро ташкил намояд. Маркетинги китоб, ин танҳо фурӯши китоб нест, ин таҳлили ҳамаҷонибаи рӯзмарраи тартиб додани нақшаи нашри китоб дар нашриёт ҳам аст.
Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ташкил намудани КВД «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ» боиси дастгирӣ аст. Маҳз ба воситаи ҳамин нуқтаҳои фурӯши китоб аҳолӣ, хусусан кӯдакону наврасонро бо ғизои маънавӣ метавон таъмин кард. Ҳамчунон ки инсон бо ғизои моддӣ ҳамарӯза ниёз дорад, ғизои маънавии ӯ низ бояд барои беҳтар зистану андӯхтани маърифат пайваста муҳайё бошад. Ин тақозои зиндагии ҳамарӯза аст.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»