Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

№2 (3639) 07.01.2017

31276420984_eb8c96fe99_oПанҷуми январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ, намояндагони фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоию ҷамъиятӣ ва дигар аъзои ҳизб иштирок доштанд.

Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба рӯзномаи маҷлис «Фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳои нави ташкилоти ҳизбӣ дар соли 2017» бо таҳлилҳои мушаххас суханронӣ карданд.

Дар зимн, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки амалигардонии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондодҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ, ҳифзи Истиқлолият, арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан бояд вазифаи муқаддаси ҳар як фард бошад.

Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб, ҳамчунин таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар соли 2017 назди аъзои ҳизб вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сипас, Гулбаҳор Назирӣ — муовини роҳбари фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулизор Пирова — донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Орзу Ҳомидов — роҳбари намояндагии Созмони ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон, Саидбек Мирзомуддинов — раиси Кумитаи ибтидоии ҳизб бо номи «Иттиҳод» дар Федератсияи Россия, Лайло Чоршанбиева — директори Мактаби президентӣ аз ноҳияи Рӯшон, Шаҳло Ватанова — раиси ташкилоти ибтидоии «Шаҳлои Ватан», Афзалшо Карчиев — узви Кумитаи марказии ҳизб дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Авазхон Кабиров — раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Султони Кабир» баромад карданд.

Дар охир доир ба масъалаи рӯзнома қарори дахлдор қабул гардид.

www.president.tj