Дар замони мо вазнинӣ ба гӯш торафт зиёд мешавад. Ҳазорон нафарро мебинем, ки тавассути телефон ва гӯшмонак мусиқӣ истимоъ мекунанд. Илова бар ин, дар дохили нақлиёт иддае аз ронандагони аз фарҳанги хизматрасонӣ дур садои радиоро баланд карда, табъи мусофиронро хира месозанд.
Ба гуфти сардухтури Беморхонаи касалиҳои гӯш, гулӯ ва бинии шаҳри Ҳисор, духтури дараҷаи олӣ, Тоҷиддин Халилов, барои гӯш садои баландиаш то 60 детсибел қобили қабул аст. Ин меъёри гуфтугӯи муқаррарӣ мебошад. Садои баландиаш аз 90-100 детсибел зиёд барои гӯшҳо ноқулай аст. Овози баландиаш аз 130-140 детсибел бештар бошад, ба узви шунавоӣ зарбаи сахт мезанад. Аз ин рӯ, баъди консертҳо дар иморатҳои пӯшида (тарабхона, толорҳои консертӣ) шунавоии гӯшҳо заиф мешавад.
Мувофиқи иттилои рӯзномаи «Аиф. Здоровье», ҳар сол дар ҷаҳон миқдори шаҳриёне, ки гирифтори бемории вазнинии гӯш мешаванд, 15-20 фоиз меафзояд.
Шунидани садои баланд дар алоҳидагӣ чандон зарарнок нест. Лекин агар рӯз то бегоҳ садои рафтуою сигналдиҳии мошинҳо, парвоз кардану фурудоии ҳавопаймоҳо, гулдурроси релсҳои қатора ва садои дастгоҳи корхонаро шунавед, хоҳ –нохоҳ шунавоиятон суст мешавад. Илова бар ин, дар дохили нақлиёт ё ҷои кору хона гӯш кардани мусиқии баланд каршавиро суръат мебахшад. Ҳамчунин, мусиқии баланд боиси хасташавии асаб, ноҷурии табъ, баландшавии фишор ва заифшавии кори дил низ мегардад.
Олимони амрикоӣ муайян кардаанд, ки дар гирифторони бемории дил нисбат ба ашхоси солим ҳодисаи каршавӣ 54 фоиз бештар рӯй медиҳад. Бинобар ин, пиронсолон аз садои баланд шиква намуда, дуруст мегуфтаанд, ки «дилам намебардорад». Миёни касоне, ки сактаи қалбро гузаронидаанд, ҳодисаи каршавӣ ҳатто аз 80 фоиз бештар дучор меояд.
Садои баланд барои беморони диабети қанд низ хатарнок аст. Мувофиқи таҳқиқоте, ки дар Ҳиндустон гузаронида шуд, маълум гардид, ки ҳар чорумин бемори аз 50 — сола болои диабети қанди типи II дар гӯшашон таҷҳизоти баландкунандаи овоз гузоштаанд. Дар миёни ашхоси солим бошад, ҳар 14-умин шахс аз чунин таҷҳизот истифода мебарад.
Аз ин рӯ, сарварони ҷамъиятҳои нақлиёти мусофиркашонро зарур аст мунтазам ба ронандагон таъкид намоянд, ки садои мусиқиро баланд накунанд. Дар иморатҳои пӯшида масъулон ба аз меъёр зиёд баланд кардани садои мусиқӣ роҳ надиҳанд.
С. Сайфиддин, «Садои мардум»