11 январи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мулоқот бо интихобкунандагон ба шаҳру навоҳии мамлакат сафарбар гардиданд. Дар ин бора мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар расонд.
Номбурда зикр кард, ки сафари мазкур тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, то 20 январ идома меёбад.
«Вакилон тӯли 10 рӯз роҷеъ ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба паҳлуҳои гуногуни қарору қонунҳои қабулгардида дар мақоми олии қонунбарор маълумот дода, инчунин дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи сокинон мусоидат хоҳанд кард», — афзуд М. Султонов.