Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар бораи таълиму тарбияи ҷавонон ва дур будани онҳо аз илму дониш, дода шуданашон ба корҳои ғайр гуфта буд:
Фикри башар ба авҷи фалак бол мезанад,
Дар хокбозиянд ҷавонони мо ҳанӯз.
Дарвоқеъ, агар имрӯз ба рафтор ва гуфтори ҷавонон диққат дода шавад, мебинем, ки бештари онҳо ғайр аз хокбозӣ кори дигареро балад нестанд.
Президенти кишвар ба муносибати Рӯзи модар тамоюли нохушоянди бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигаронро моҳиятан «як раванди ташвишовар» баҳогузорӣ карданд: «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд».
Дарвоқеъ, чунин рафтори қисме аз занону духтарони тоҷик, аз як тараф, ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳоро дар донистани моҳияту таъиноти пироҳанҳои гуногун нишон медиҳад.
Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ «сатр» ба маънои ҳиҷоб, парда, пӯшидан ва «аврат» бошад, чун андоми пинҳонӣ, шармгоҳ, андоми шарм маънидод шудааст. Яъне, сатри аврат пӯшонидани андоми шарм ё шармгоҳ будааст. Акнун назар андозем ба бештари он сатрпӯшҳое, ки дар кӯчаю нақлиёт ё дигар ҷойҳо вомехӯрем. Оё андоми шарми онҳо аз зери чодарони ҳариру шиму куртаҳои танги туркиву эронӣ наменамояд? Акнун пеши назар биёред, духтаракеро, ки дар ӯ пӯшидани либоси миллӣ бо тамоми санъаташ риоя шудааст: куртаҳои кушоду зебои миллӣ, поҷомаҳои шерозадори зебо, сарбандҳои хушгули рангоранг… Оё ягон айбу нуқсонеро дар эшон мушоҳида кардан мумкин аст? Албатта, не.
Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаву муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз ин хусус меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ — атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон меояд.
Манаҳи бастаю пироҳанҳои ба тан часпида ҳаргиз сатри аврат набуду нест. Ба ақидаи коршиносон ин ҳама тақлид асту аз тамошои як зумра филмҳои хориҷие, ки тарғибкунандаи фарҳанги ғайранд, пайдо шудаанд.
Модом ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насохта, онро бо тамоми нозукиҳояш ба насли оянда мерос гузорем.
Диловари Аҳмадҷон