Писари ман Шералӣ Мансуров баъди таҳсил дар Англия дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба кор даромад. Азбаски ҷойи манзили зист надошт, дар кӯчаи Ҷомии пойтахт барояш як хонаи дуҳуҷрагӣ харидам. Баъди чанд вақт шунидам, ки он хонаро бо як хонаи якҳуҷрагӣ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе иваз кардааст. Соли 2004 Шералӣ бемор шуд. Амриддин Гулов ном шахс, сокини ноҳияи Ёвон, аз ман хоҳиш кард, ки то аз беморхона баромадани Шералӣ додари донишҷӯяш дар ин хона зиндагӣ намояд. Ман ба хотири холӣ намондани хона розӣ шудам ва ӯро таъкид намудам, ки маблағи хизматрасонии коммуналӣ, телефон ва иҷорапулиро сари вақт пардозад.
Мутаассифона, Амриддин ба аҳдаш вафо накарда, маблағи телефону хизматрасонии коммуналиро напардохтааст. Илова бар ин, дар хонаи писарам бе огоҳ кардани мо иҷоранишин гирифтааст.
Ман Шералиро барои табобат ба ноҳияи Ёвон бурдам. Соли 2006 ӯ сиҳат шуду мо ба шаҳри Душанбе омадем ва фаҳмидем, ки аз пули телефону хизмати коммуналӣ қарздор шудаем.
Чоруми августи соли 2006 хабар расид, ки Шералиро ашхоси номаълум куштаанд. Ман, Амриддин ва як шиносам бо кормандони «Ёрии таъҷилӣ» ба пойтахт омада, ҷасади писарамро ба Ёвон бурдем. Азбаски дар ҳолати изтироб қарор доштам, ба хаёлам наомадааст, ки ташхисгари судӣ - тиббиро даъват намоям. Субҳи 5- уми августи соли 2006, яъне вақте ки мо ба гӯручӯби писарам банд будем, Амриддин Гулов ба Душанбе баргашта, қуфли дари хонаи писарамро иваз намуда, тамоми ашёи онро ба ноҳияи Ёвон, хонаи худаш, бурдааст. Шиносномаи хориҷӣ ва тоҷикии писарамро ба САҲШ- и ноҳияи Сино бурда, гуфтааст, ки ман хеши наздики Шералӣ мешавам ва ӯ ғайри ман каси дигар надорад. Сипас, ба поликлиника (маркази саломатӣ)-и маҳаллаи 82- юми пойтахт рафта, аз духтур Мадина Боқиева ҳуҷҷати қалбакии хатти вафоти писарамро гирифтааст. М. Боқиева ҳаққи хатти вафот доданро надошт, зеро ҷасади писарамро надида буд. Баъдан, А. Гулов ба Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, аз номи писарам васиятномаи қалбакӣ тайёр кардааст. Гӯё писарам 1 апрели соли 2005 ба ӯ васиятнома дода бошад. Аммо он шабу рӯз писарам бемор ва дар назди ман буд, имконияти васиятнома навиштан надошт. Ин васиятномаи қалбакӣ моҳи августи соли 2006, баъди вафоти писарам, навишта шудааст.
Баъди дафни писарам, аз найрангҳои Амриддин Гулов огоҳ шудам ва васиятномаи қалбакиро ба ташхиси хатшиносӣ бурдам. Ҷавоб омад, ки имзои ба номи Мансуров Шералӣ гузошташуда имзои худаш нест.
Ман дар хусуси беэътибор донистани васиятнома ва кӯчондани Амриддин Гулов аз манзили истиқоматӣ ба суд муроҷиат кардам. Вале судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳло Ваҳобҷонова бо ҳалнома аз 24 январи соли 2007 даъвои маро рад кард. Судя Ваҳобҷонова дар мурофиаи судӣ хатти вафоти додаи М. Боқиеваю ҳуҷҷатҳои қалбакии аз САҲШ-и ноҳияи Сино гирифтаи А. Гуловро ошкор кардан нахост. Ҳалномаи судии Шаҳло Ваҳобҷонова хеле бесаводона навишта шуда буд. Дар он омадааст, ки ман гӯё бо модари Шералӣ Лидия Веникова аз соли 1941 якҷоя зиндагӣ мекардаам. Ҳол он ки Веникова соли 1941 таваллуд шудааст…
Судя парвандаро аз моҳи августи соли 2006 то охирҳои январи соли 2007 кашол дод. Зеро васиятномаи қалбакӣ моҳи августи соли 2006 навишта шуда буду бо маслиҳати касе онро ба 1- уми апрели соли 2005 кӯчониданд. Парвандаи мазкур аз миёни ҳазорҳо парвандаи судӣ якбора «гум» шуд ва ин сабаб дошт. Ман ҳуҷҷатҳои аслиеро пайдо кардам, ки қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳои Гулов Амриддинро исбот мекард.
Ш. Ваҳобҷонова гуфта буд, ки агар васиятномадиҳанда хешу табори наздик дошта бошаду онҳо барои ба шахси дигар васиятнома додан розӣ нашаванд, ба дигар шахс васиятнома дода намешавад.
Шералӣ падар, бародар, чор хоҳар ва як апаю 13 ҷиян дорад. Пас дар кадом асос Суди ноҳияи Сино бо як сухани А. Гулов, ки барои Шералӣ тамоман бегона аст, васиятнома тайёр кардааст? Магар дар ин рафтори кормандони САҲШ ва Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Сино кирдори коррупсионӣ мушоҳида намешавад?
Васиятномаи қалбакие, ки ба номи А . Гулов навиштаанд, аз се нусха иборат аст, яке дар дасти А. Гулов, дуюмаш дар прокуратураи ноҳияи Сино ва сеюмаш дар бойгонии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ бояд бошад. Ман аз шуъбаи таъиноти махсуси ВКД хоҳиш мекунам, ки ин васиятномаро гирифта, бо иштироки худам ташхиси хатшиносӣ гузаронанд. Ман намунаи дастхати писарам Шералӣ Мансуровро пешниҳод менамоям.
Ҳам судя Ваҳобҷонова ва ҳам судя Ёракова қазияи мазкурро ҳамчун парвандаи гражданӣ баррасӣ кардаанд. Ҳол он ки ҷинояткорон писари маро кушта, тамоми ашёи хонаашро бурдаанд, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ сохта, хонаашро соҳиб шуданд. Магар ин ҳама ба парвандаи гражданӣ дохил мешавад? Ман ба прокурори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Зокиров дар ин хусус савол додам. Ӯ гуфт, ки «барои кушодани парвандаи ҷиноятӣ асос нест». Пас кадом ҳолатҳо ҷиноят ҳисоб мешаванд, рафиқ прокурор?
Хайриддин МАНСУРОВ, сокини кӯчаи Меҳрвари ноҳияи Ёвон, маъюби гурӯҳи 1