Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Диловар Латифзода дар нишасти матбуотӣ (19 январ) гуфт, ки соли 2016-ум 1861 донишҷӯ, аз ҷумла 1118 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 743 нафар ғоибона дар 74 гурӯҳи таълимӣ — 29 гурӯҳи анъанавӣ ва 45 гурӯҳи таълимашон кредитӣ таҳсил намуданд. Ҳамчунин, дар донишкада ихтисоси нав — роҳбари мусиқии муассисаҳои томактабӣ ва муаллими мусиқӣ кушода шуд. Бояд ёдовар шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳое, ки дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, аз рӯи ду равия ва ихтисоси нав — «Режиссураи телевизион» ва «Кинотелеоператорӣ» қабули довталабон оғоз мегардад.
Фаъолияти эҷодии устодону донишҷӯёнро роҳбари донишкада дар соли гузашта назаррас маънидод кард. Зикр гардид, ки онҳо бо барномаҳои ҷолиб дар чорабиниҳои фарҳангии донишкада ва берун аз он ҳунарнамоӣ намуданд. Ғайр аз ин, ду филми бадеии донишҷӯёни шуъбаи режиссура — «Хобидан мехоҳам» ва «Гули бахт» дар Синамобазми VII байналмилалии «Дидор» намоиш дода шуд.
Ҳамчунин, ректори донишкада тазаккур дод, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба Ҳунармандони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Розиқов ва Ш. Абдулқайсов унвонҳои илмии профессор ва дотсенти санъати театрӣ дода шуд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»