Соли 2016 ба сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират 98 490 нафар шаҳрванд муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 13 691 ё ин ки 12 фоиз кам аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ (19 январи соли 2017) вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода хабар дод.
- Бо мақсади мусоидат намудан барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 702 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар натиҷа, 5 606 нафар соҳиби ҷойи кор ва 6 144 нафар соҳиби роҳхат барои касбомӯзӣ, 1 778 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Ҳамчунин, ба 30 833 нафар хизматрасонии машварати касбӣ расонида шуд, — гуфт Сумангул Тағойзода.
Дар робита ба қувваи кории хориҷӣ дар Тоҷикистон қайд шуд, ки шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой бештар аст. Хориҷиён аксар дар соҳаҳои сохтмон, энергетика, геология кор мекунанд.
Бино ба гуфти Сумангул Тағойзода, соли гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ 8 ҳазор квота ҷудо гардидааст. Шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин, аз тариқи Созишномаи байниҳукуматӣ низ дар Тоҷикистон ба кор ҷалб мешаванд. Дар асоси иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, соли 2016 беш аз 11 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ дар мамлакат ба кор ҷалб шудаанд. Ҳоло масъалаи ҷудо кардани квота ҷиҳати ҷалби қувваи кории хориҷӣ барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дорад.
Тавре зикр гардид, соли гузашта нисбат ба 492 нафар хориҷӣ санади маъмурӣ тартиб дода, 204 нафар барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз Тоҷикистон берун карда шудаанд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»