Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масоили марбут ба ҳаёти давлату давлатдорӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мушаххасу муайян ва доир ба сиёсати давлатии ҷавонон андешаҳои ҷолиб баён гардидаанд.
Паёми Пешвои миллат барои ҷавонони мамлакат дастур ва ҳуҷҷати раҳнамо мебошад, ки амалӣ намудани он муфиду самарабахш хоҳад буд. Дар он Пешвои миллат таъкид карданд, ки «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Имрӯзҳо дар соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд».
Ҷавҳари сиёсати давлатии ҷавононро дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз иқдому ташаббусҳои созандаи ин неруи пешбарандаи ҷомеа ташкил медиҳад. Роҳбари мамлакат дар ин самт ҳамеша дастгир ва ғамхори ҷавонон мебошанд. Бинобар ин, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷавонон бояд фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз фаъолона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, парчамбардори ин сарзамин бошанд.
Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 нишонаи олии муҳаббату самимият ва эҳтирому боварии Пешвои миллат барои ҳар яки мо – ҷавонон мебошад.
Мо – ҷавонон аз ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат садо дод, рӯҳу илҳом гирифта, барои амалӣ гаштани онҳо аз сидқ кӯшишу ғайрат хоҳем кард.
Оятулло Аҳмадзода, сармутахассиси шуъбаи иттилоотии техникии Дастгоҳи Маҷлиси намондагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар мавзӯи муҳим