Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон воситаҳои таълимӣ дар шакли электронӣ таҳия шуда, барои истифода дар ихтиёри донишҷӯён гузошта мешавад. Ин нукта зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони ВАО зикр шуд. Бино ба гуфти роҳбарият, донишҷӯён метавонанд шакли электронии лексия ва слайдҳои устодонро низ барои истифода дастрас намоянд.
- Соли 2016 донишкада бо 9 муассисаи олии таълимӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ҳамкориҳо 6 омӯзгор дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар дар курсҳои бозомӯзӣ, семинар, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо иштирок намуданд, — зикр шуд дар нишаст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»