Дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» яке аз сохторҳои калидӣ маҳсуб ёфта, ба 201 ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ хизмат мерасонад. Дар нишасти матбуотие, ки 26 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, ба хабарнигорон роҷеъ ба натиҷаҳои соли 2016 маълумоти муфассал дода шуд. Зикр гардид, ки соли 2016 даромади умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 13,15 фоиз зиёд шуда, пардохтҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба буҷет беш аз 22 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 14 фоиз зиёд аст. Дар мавриди комёбиҳо махсус таъкид шуд, ки корхона қарзи худро дар назди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пардохт намуд.
Омодасозии мутахассисон ва баланд бардоштани донишу малакаи онҳо мадди назар буда, соли 2016 ба ин мақсад беш аз 303 000 сомонӣ харҷ гардида, 112 мутахассиси корхона дар курсҳои такмили ихтисоси Академияи авиатсияи граждании Малайзия, Донишкадаи аэронавигатсияи шаҳри Москва, Маркази таълимии «ЕАД»- и Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва маркази таълимии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» маҳорати худро такмил доданд.
Дар баробари пешниҳоди ин ва дигар маълумот, инчунин, муовинони директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Алишер Шамбиев ва Раҳимҷон Саидов ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб доданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»