Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нукоти зиёди омӯзанда ва дастуру ҳидоятҳои созанда дорад. Аз ҷумла, дар Паём чунин зикр шудааст: «…аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд». Ин таъкиди Пешвои миллат моро ба Шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе овард ва бо мудири он Одилзода Дилбар Раҳим суҳбат оростем.
- Дар Паёми Сарвари давлат ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон ва дастгирии хонандагони болаёқат махсус таъкид гардид. Дар ин замина чӣ тадбирҳо андешида шудааст?
- Ҳар нуктае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардидааст, дастури кори мост. Дар ноҳия 58 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 52 муассисаи таҳсилоти томактабӣ вуҷуд дорад, ки аз ин шумора 39 муассисаи таълимӣ ва 40 муассисаи томактабӣ тобеи Шуъбаи маорифи ноҳия ҳастанд.
Тибқи нақша-чорабиниҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия марказҳои химикони ҷавон, риёзидонҳо, физикҳо, биологҳо ва дигар фанҳои дақиқ таъсис ёфта, ба онҳо хонандагони болаёқату ташнаи дониш ҷалб шудаанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки давоми таътили зимистона дар муассисаҳои таълимӣ маркази техникҳои ҷавон фаъол буд ва он дар як рӯз ду маротиба хонандагонро ба омӯзиш фаро мегирифт.
- Барои ҷалби хонандагон ба марказҳои зикршуда аз кадом роҳҳо истифода мебаред?
- Муаллим бо ҳар як шогирди худ муносибати хос дорад. Олами ӯро меомӯзад ва дараҷаи малакаву истеъдодашро аниқ менамояд. Бинобар ин, мо омода кардани хонандагони болаёқатро барои фаро гирифтани фанҳои хос аз синфи панҷум оғоз мекунем. Аниқтараш, онҳоро барои иштирок намудан ба олимпиадаҳои ноҳиявию шаҳрӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ омода месозем. Дар синфҳои 10 ва 11 талабот, таваҷҷуҳ ва назорат аз болои донишомӯзии хонандагон дучанд мегардад. Ҳамин кору талоши пайваста аст, ки дар олимпиадаҳои шаҳрӣ қариб 60 фоизи ҷойҳо насиби хонандагони мо гардиданд.
- Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кадом поя қарор дорад?
- Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ ғайр аз забони модарии худ бояд боз ду забони дигарро донад. Забон донистан ҷаҳонро шинохтан аст. Хушбахтона, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи мо муаллимони забонҳои русӣ ва англисӣ пурра мерасанд.
Соли гузашта бо ибтикори Вазорати маориф ва илм ҷиҳати беҳтар омӯхтани забонҳои хориҷӣ хонандагони синфҳо ба зергурӯҳҳо ҷудо карда шуданд. Масалан, агар дар як синф 30 хонанда таҳсил намояд, ҳангоми дарси англисӣ онҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, алоҳида аз ин фан дарс мехонанд, ки ин ҳам кори омӯзгорро осон мекунад ва ҳам сифати забономӯзии хонанда баланд мешавад.
- Ба ҷуз забони англисӣ хонандагон боз ба кадом забонҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд?
- Сафи онҳое, ки мехоҳанд забони англисиро омӯзанд, зиёд ҳастанд. Агар гӯям, ки таваҷҷуҳ ба ин забон нисбат ба дигар забонҳо 90-95 фоизро ташкил медиҳад, хато намекунам. Ба ҷуз ин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 89 гурӯҳҳои омӯзиши забони олмонӣ амал мекунанд. Ба забони хитоӣ бошад, айни ҳол талабот кам аст. Бо вуҷуди ин, мо барои хоҳишмандон омӯзиши забони хитоиро дар Маркази таҳсилоти иловагӣ ба роҳ мондаем.
- Аз дараҷаи забономӯзии шогирдон қаноатманд ҳастед?
- Дунё бошиддат рушд мекунаду дигаргун мешавад. Барои он ки ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи башарӣ бошӣ, пайваста талош варзидан лозим аст. Омӯхтани забон, технологияи муосир, донишҳои замонавӣ ҳатмӣ мебошанд.
Хонандагоне, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ дарс мехонанд, ҳатто аз онҳое, ки панҷ сол пеш мехонданд, фарқ доранд. Сол ба сол фарзандони мо бедортар мешаванд. Онҳо медонанд, ки донистани забон, кор бо технологияи муосир ба ояндаашон таъсир мегузорад. Ман, вақте ки мебинам онҳо ҷиддӣ аз паи забономӯзӣ ҳастанд, шод мешавам. Аммо гул бе хор намешавад, ҳанӯз корҳои зиёде ҳаст, ки мо бояд анҷом диҳем.
- Имсол аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон шудааст. Нақши омӯзгорони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия назаррас аст?
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Воқеан ҳам, нақши ҷавонон дар соҳаҳои мухталифи кишвари мо назаррас аст. Аксарияти омӯзгорони ноҳияи мо ҷавонанд. 70 фоизи омӯзгоронро занон ташкил медиҳанд, ки дар кори тарбияву таълим хеле фаъоланд. Дар соҳаи маориф ҳузури густурдаи занонро дида, баъзеҳо нимшӯхиву нимҷиддӣ мегуфтанд, ки ояндаи маориф дар дасти занҳост. Аммо солҳои охир ҷавонмардон низ хеле фаъол шудаанд, хусусан дар тадриси фанҳои риёзиву барномасозӣ нақши онҳо чашмрас аст.
Дар озмуни «Муаллими сол» аз муассисаҳои таълимии ноҳия 31 нафар номнавис шудаанд, ки 25 нафараш ҷавон аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон қишри фаъоли ҷомеаи мо ҳастанд.
- Равобит бо волидон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Нақши падару модар, дар баробари таълимгоҳҳо, дар шакл гирифтани афкор, рушди маънавӣ ва камол ёфтани шогирдон бузург аст. Агар дар зинаҳои аввали тарбия нақши волидон мусбат бошад, фарзанд минбаъд ҳам хуб рушд меёбад. Замоне буд, ки баъзе волидон таълиму тарбияи фарзанди худро ба шахсони тасодуфӣ, нохондамуллоҳо бовар мекарданд. Мо дар таърихи кӯтоҳи Истиқлолияти давлатӣ шоҳиди ин гуна воқеаҳои ғамангез ҳастем. Аммо бо талоши пайваста, ҳидоятҳо, ҳушдорҳои Пешвои миллат имрӯз волидон дарк кардаанд, ки бо тақдири фарзанд бозӣ кардан нашояд. Фарзанд муҳраи шоҳмот нест, ки онро ба бозӣ дарорӣ. Мо барои имрӯзу фардои онҳо масъулем.
Аз ин ҷост, ки рӯзҳои шанберо «Рӯзи волидон» эълон кардем, чунки на ҳар падару модар метавонад дар рӯзҳои корӣ ба мактаб ояд. Рӯзи шанбе рӯзи истироҳат аст ва волидон метавонанд ба мактаб оянд, бо муаллимони фарзандон суҳбат кунанд, аз бурду бохти ҷигаргӯшаҳояшон огоҳ гарданд. Ҳамин тариқа муҳимтарин масъалаҳои таълиму тарбияро бо волидон ҳал мекунем. Масалан, пӯшидани либосҳои ғайримиллиро, ки замоне дар байни баъзеҳо роиҷ шуда буд, дар ҳамдастӣ пешгирӣ кардем.
Дар деҳа як анъанаи хуб аст. Агар нафаре айби ҳамдеҳаашро дид, насиҳат мекунад, барои ислоҳ шудани он кӯшиш менамояд. Яъне, мардум шодиву ғами ҳамдигарро байни худ қисмат мекунанд. Аммо дар шаҳр то андозае бемеҳрӣ, бетарафӣ, бепарвоӣ нисбат ба ҳамдигар ҷой дорад, ки хоси миллати мо нест. Мо бояд чун як мушт амал кунем, аз як гиребон сар барорем. Ин аст ҳувияти миллат.
- Аз натиҷаи кор қонеъ ҳастед?
- Зиндагӣ тавре сохта шудааст, ки инсони муваффақтарин ҳам наметавонад ҳамеша аз худ розӣ бошад. Вақте муассисаҳои таълимии моро соли гузашта бештар аз 4000 нафар хатм карданду зиёда аз 2800 нафар ба макотиби олӣ дохил шуданд, аз шодӣ ашки чашмонам рехт. Ман дар бораи онҳое, ки паи касбомӯзӣ ба коллеҷу дигар муассисаҳо рафтаанд, чизе намегӯям.
Мактабҳои зиёде дорем, ки намунаи ибратанд. Аз ҷумла муассисаҳои таълимии шумораҳои 32, 33, 50, 56, 60, 82, 86, 87, 92 ва ғайра.
Суҳбаторо ВОРИС, «Садои мардум»