Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№19-20 (3656-3657) 21.02.2017

Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қамарзода Р.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қамарзода Рошиддин бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 355