Дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мансурзода Н.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мансурзода Наим бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 353