Дар бораи дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Даштаки деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Даштаки деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» аз 26 ноябри соли 2016, №499 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 6, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Маҳалли аҳолинишини Даштаки деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи деҳа мансуб дониста шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2017, № 351