Мулоқот бо Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

муовини сарвазир

Масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ баррасӣ шуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ шуд. Гуфтугӯйи судманд доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ низ сурат гирифт.

Бо ишора ба дӯстии самимии роҳбарони аввали ду кишвар ва ҳавасмандии устувор ба густариши ҳамкорӣ, изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо такони воқеӣ мебахшад.

www.prezident.tj