27 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба фарорасии биступанҷумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия сарфарозам ба Шумо табрикоту муборакбодии самимонаи хешро ирсол дорам.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рӯ ба густариши бемайлон ниҳода, муносибатҳои байнидавлатии мо бо такя ба усулҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ба ҳамдигар ва эҳтироми мутақобила ба сатҳи назаррас расидаанд.
Мо ба ояндаи неки робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Австрия итминон дорем ва изҳори умед менамоем, ки ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо минбаъд низ идомаи босамар хоҳанд ёфт.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Австрия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».
27 марти соли 2017 Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен низ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати 25-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия иҷозат фармоед, табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ирсол намоям.
Муносибатҳо миёни кишварҳоямон дар тӯли 25 сол ба таври мусбат ва ба нафъи ҷонибҳо рушд ёфтанд. Аз рӯзи аввал тамосҳо дар асоси ҳусни ният ва эҳтироми мутақобила оғоз гардиданд. Ба масофаи дури ҷуғрофӣ нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам имкониятҳои истифоданагардидаи ҳамкориҳо мавҷуданд. Гувоҳии ҳамин гуфтаҳо сафарҳои мутақобилаи дуҷониба шуда метавонанд.
Соли 2013 собиқ Президенти Австрия ҳамчун нахустин Сарвари давлати кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон сафар кард ва Шумо ҳам чанд маротиба ба Австрия ташриф овардед. Аз ин хотир, ман боварии комил дорам, ки муносибатҳои кунунии дӯстӣ дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин фарҳангӣ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.
Ба Австрия ҳамчун аъзои Иттиҳоди Аврупо арзишҳои аврупоӣ барои робитаҳои мо аҳамияти калон дорад. Австрия, ки нимаи дуюми соли 2018 раисии Шӯрои Иттиҳоди Аврупоро бар уҳда мегирад, диққати хешро барои таҳкиму густариши робитаҳои ҳамшарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо равона хоҳад кард.
Соли равон Австрия раисии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро бар дӯш гирифт. Барои ин вазифаи байналмилалӣ ман ба мусоидат ва ҳусни таваҷҷуҳи Тоҷикистон умедворам.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо дар ин маснади олӣ муваффақиятҳо ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».
www.president.tj