Бо вусъат гирифтани корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳоҷирати дохилӣ аз мавзеъҳои зериобшавандаи ноҳияи Нуробод ҷоннок шуд. Соли сипаригардида ба шаҳри Турсунзода 397 оила, ноҳияҳои Рӯдакӣ — 261, Данғара — 257 ва шаҳраки Дарбанд 549, дар маҷмӯъ 1464 оила кӯчонида шуд, ки ба аксари онҳо маблағи манзили зист пардохт гардидааст.
Аз суҳбат бо сардори бахши муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод Забирулло Эшонов маълум гардид, ки дар шаҳру навоҳии зикршуда барои муҳоҷирон замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст.
- Дар ибтидо ба мушкилӣ мувоҷеҳ шудем.Танҳо дуруст фаҳмондани сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба муҳиму ногузир будани ин ибтикор муътақид намуд. Акнун гусели муҳоҷирон ба таври тантанавӣ баргузор мегардад. Аҳолӣ дарк кардааст, ки маҳз сохтмони НБО-и «Роғун» ба рушди иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад ва сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, мехоҳанд барои амалӣ намудани барномаҳои тарҳрезинамудаи Ҳукумати кишвар саҳм гузоранд, — гуфт Забирулло Эшонов
- Қисми зиёди муҳоҷиронро дар шаҳраки Дарбанд ҷо намудем. Бовар дорем, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат ин шаҳрак дар ояндаи наздик ба як шаҳри ҳақиқӣ табдил меёбад ва баъди ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар он корхонаҳои саноатӣ бунёд ва сарватҳои зеризаминӣ, ки дар синаи кӯҳҳои осмонбӯси водии Рашт хуфтаанд, коркард мешаванд, — афзуд ҳамсуҳбати мо.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»