27 марти соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллӣ бо сипос пазиройии самимӣ, ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи парламентҳои Тоҷикистону Федератсияи Россияро мавриди баррасии хоса қарор дода, тавсеаю тақвият бахшидани фаъолияти ҷонибҳоро дар доираи Ҳуҷҷати хотимавии Форуми панҷуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» аз 13 октябри соли 2016, инчунин дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз ҳарвақта зарур шуморид. Инчунин, баҳри таҳкиму густариши воқеии робитаҳои байнипарламентӣ вусъат бахшидани фаъолияти Комиссияи байнипарламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ ҳадафманд арзёбӣ гардид.
Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко изҳор дошт, ки то оғози соли нави хониши 2017-2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи дархостии омӯзгорони зарурӣ аз Федератсияи Россия сафарбар ва миқдори муайяни китобҳои дарсӣ ба забони русӣ ба муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешаванд.
Пас аз мулоқоти самимию мутақобилан судманд Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзид. Дар он аъзои Шӯрои Ассамблея 19 масъаларо баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи қарорҳои Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи изҳороти роҳбарони парламентҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Оид ба 25-солагии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи 46-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи баргузории 137-умин Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ 14-18 октябри соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург», «Дар бораи таъсиси Рӯзи байналмилалии парламентаризм», «Дар бораи ташкили назорат дар интихоботи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи омодагӣ ба назорати интихоботи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон», «Дар бораи тақдими медали «25-солагии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва ғайра радду бадал гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар фарҷом аз ҷониби раисони парламентҳои аъзои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқи рамзии тамғаи муросилотӣ бахшида ба 25-солагии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ботантана анҷом дода шуд.
Сипас, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Иҷлосияи чилу шашуми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар иҷлосия 22 масъала баррасӣ шуд. Аз ҷумла, дар он баъди гузориши раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода доир ба лоиҳаи қонунҳои намунавӣ (моделӣ) «Дар бораи муассисаҳои автономӣ», «Дар бораи моликияти давлатӣ», «Дар бораи кадастри давлатии амволи ғайриманқул», «Дар бораи бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул» ва «Дар бораи нотариалӣ» қарорҳои дахлдори Ассамблеяи байнипарламентии Давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул шуд.
Дар интиҳо аз натиҷаи ҷаласаҳои ҷамъбастгардида роҳбарони парламентҳои давлатҳои аъзои Ассамблея, ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух доданд.
Нимаи дуюми ҳамон рӯз маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки роҳбарони парламентҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ доир гардид.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи тантанавӣ иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки тӯли 25 сол Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро майдони фарох барои гуфтугӯ ва ҳамкориҳои парламентӣ арзёбӣ карда, зикр намуд, ки Ассамблея ҳамчун мақоми коллективӣ дар қабул ва такмили қонунгузории моделӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди фаъолияти озоди иқтисодӣ, тиҷоратӣ, истеҳсолот, бозори умумии мол, хизматрасонӣ, меҳнат, иҷтимоӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромарзӣ, ҳифзи муҳити зист, инчунин, ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ, бахусус фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди робитаҳои ҳамгироӣ дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, табодули иттилоъ нақш ва саҳми босазо мегузорад.
Раиси Маҷлиси миллӣ мувофиқ афтодани 25-умин солгарди Ассамблеяро дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз фоли нек арзёбӣ карда, иштирокчиёнро ба ин муносибат табрик намуд.
- Басо рамзист, ки ҷашни солгарди Ассамблея бо таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз – таҷассуми бедор шудани табиат, рӯҳбаландӣ, давраи созандагию бунёдкорӣ, кулли зебоӣ ва сарвати маънавӣ маҳсуб меёбад, рост омадааст. Наврӯз яке аз ҷашнвораҳои дорои таърихи бойи қадимӣ ва неруи ҳамешаҷавон буда, ҳамчун нури хирад мардумро ба ягонагӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамкорӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо даъват менамояд ва бигзор ин ҷашни бостонӣ ба мардуми Иттиҳод, хонаи муштараки мо — сайёраи Замин некуаҳволӣ, саодатмандӣ ва шукуфоию пешрафти муттасил орад, — изҳор дошт Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Дар охир барои иштирокчиёни ҷаласаи тантанавӣ барномаи рангини консертии муштараки устодони санъати кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод шуд, ки дар он ҳунармандони ҷумҳурӣ низ фарҳанги волои миллиро таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» муаррифӣ намуданд.
28 марти соли 2017 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Конфронси муштараки парламентии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузории конфронси бонуфуз ва баррасии тадбирҳои муштаракро саривақтию муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки рӯз аз рӯз раванди ҷаҳонишавӣ, дар баробари фоидаи пурсамар, дар худ як зумра ҷанбаю масъалаҳои таъсиррасонро таҷассум менамояд ва дар заминаи он гурӯҳҳои иҷтимоие ташаккул меёбанд, ки пояҳои бунёди ҷомеаи мутамаддинро сарфи назар намуда, дар фаъолият ва муборизаҳои сиёсӣ шиорҳои радикалиро истифода мебаранд. Ҳамчунин, сиёсати «меъёрҳои духӯра» хислати равшантарро касб менамояд, ки дар натиҷа на танҳо муташанниҷ шудани мушкилоти мавҷудаи байналмилалӣ, балки паҳншавии таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама, хусусияти террористию кибертеррористидошта мушоҳида мегарданд.
Раиси Маҷлиси миллӣ афзуд, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ доманаи терроризмро фарох карда, онро ба хатари байналмилалӣ табдил дод, зеро интернет то андозае ба майдони идоранашавандаи таблиғи ҳадафҳои нопоки ифротгаройиву террористӣ мубаддал гардида, ташкилотҳои террористӣ ба ин васила дар тундгаро шудани бархе аз истифодабарандагони интернет ва ҷалби шаҳрвандони алоҳида ба сафи худ ошкоро фаъолият доранд. Аз ин рӯ, дар танҳоӣ алайҳи ин зуҳурот ва нақшаи тарҳрезишуда истодагарии давлатҳои алоҳида ғайриимкон буда, ҳамоҳангӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳоро тақозо менамояд.
Гузашта аз ин, ҳаводиси охир дар бархе аз кишварҳо аз марзҳои миллӣ убур намуда, чунин ба назар мерасад, ки на танҳо Шарқи Наздику Миёна, балки аксари кишварҳо объекти ҳадафҳои ҷиноӣ ва амалҳои террроризми байналмилалӣ, ки ҳамеша тағйири сурат менамояд, қарор гирифтаанд.
- Ҳар он чӣ ки имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон сурат мегирад, бори дигар аз мубрамияти масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷиҳати якҷоя кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризм — вабои асри бисту як ва ташкили ҳалқаи амну расонидани кумакҳои амалӣ ва муассир дар ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, гуманитарии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — кишвари дар гирдоби ҷанг қарордоштаву азияткашидаи бо мо ҳамсояву дӯст, шаҳодат медиҳад, — афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, инчунин зикр намуд, ки бо мавҷудияти сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон қариб шаст фисади марзи берунаи Иттиҳод ба Тоҷикистон рост меояд ва кишвари мо садди паҳншавии хатарҳои терроризм, экстремизм, маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ гардида, дар фазои ИДМ, САҲА ва берун аз сарҳадоти онҳо ба ҳайси минтақаи буферӣ баромад мекунад.
Маҳз хусусияти фаромиллии содиршавии ҷиноятҳои марбут ба терроризм мубрамияти пешбурди фаъолияти муштаракро бар зидди террор собит месозад, зеро таҷрибаи байналмилалии муқовимат бар зидди терроризму экстремизм нишон медиҳад, ки муваффақ шудан дар ин самт, аз тарҳрезӣ ва амалӣ кардани чораҳои комплексии барҳам додани омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва институтсионалии фаъолшавии онҳо вобаста мебошад.
Бо дарки он ки терроризм ва экстремизм ба амнияти миллию минтақавӣ таҳдид мекунад, кишвари мо теъдоди зиёди санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм тасдиқ намуда, нисбат ба таъқиби ҷиноии ҷалбкунӣ ва маблағгузории террористон — ҷангиёни хориҷӣ, табодули иттилоъ дар бораи онҳо ва тарҳрезии барномаҳои муқовимат бар зидди зуҳуроти номатлуби зикршуда тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд.
Дар ин ҷода, дар баробари қонунҳои дахлдор «Стратегияи миллии муқовимат алайҳи экстремизму терроризм барои солҳои 2016-2020» мавриди амал қарор дошта, доир ба ин масъала ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин бо дигар доираҳо ба роҳ монда шудааст.
- Ба ҳама маълум аст, ки, — илова намуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, — хонаи ягонаи мо – сайёраи Замин хеле осебпазир буда, ба ҳимояти умум зарурат дорад. Аз ин лиҳоз, муҳим мебошад, ки аз нав дида баромадани асосҳои бунёдии низоми ҷаҳонӣ таҳмил нагардида, ҷаҳони бисёрқутба будани сайёраамонро дарк бояд намоем.
- Тавре ҳама хуб медонанд, — таъкид кард М. Убайдуллоев, — ҷаҳон тағйири сурат намуда, башарият аз сарҳадоти олами ҷисмонӣ берун, дар шинохти умқи коинот дастёб, фазои кайҳонро азхуд, нақшаҳои бузургеро доир ба сохтмони маҳалли зист дар Моҳтобу сайёраи Миррих тарҳрезӣ, асрори заррачаҳои хурдтаринро кашф намуда, хондани ҷавҳари ҳастии хешро омӯхт ва дар сурати хости умум, бо имконоти мавҷуда ва институтҳои байналмилалӣ метавонад масъалаҳои доғ ва мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризмро ҳал намояд.
- Кайҳо вақти он расидааст, — иброз кард Раиси Маҷлиси миллӣ, — ки кишварҳо дар мубориза алайҳи терроризм бо дарназардошти неру ва хатари ҷиддии он муттаҳид шуда, созмонҳои террористӣ ва мухолифини силоҳбадастро ба «муътадил» ва «ифроткор» ҷудо накарда, муттафиқона амал намоянд.
Дар ин самт, ки омезиши омилҳои хатарзои дохилӣ ва хориҷӣ ба мушоҳида мерасад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ зери таъсири технологияи муосири иртиботӣ ва равонӣ қарор гирифта, созмонҳои террористӣ тавассути киберсилоҳ ва шабакаҳои интернетӣ ба тафаккур, шуур ва ҷаҳонбинии мардум, бахусус насли ҷавон, ки ба осонӣ таҳти таъсир қарор мегиранд, пайваста баҳри ноил гардидани мақсадҳои ғаразнокашон таъсир мерасонанд, Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод намуд, ки дар баробари санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқие, ки дар Ассамблеяи байнипарламентӣ қабул гардидаанд, бо инобати воқеияти равандҳои ҷаҳони имрӯза ва шиддати таҳдиди терроризм аз нигоҳи нав таҳияи заминаи усулан ҷадиди санади меъёрӣ-ҳуқуқиро барои ин зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ ва қабул қарор додан лозим аст.
Дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев бо итминони комил омодагии мақоми қонунгузории кишварро таъкид дошта, зикр сохт, ки натиҷаҳои конфронси мазкур барои дар сатҳи ҷавобгӯ роҳандозӣ кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳо заминаи муътамад хоҳад гузошт.
www.majmilli.tj