Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ. Лоиҳаи он барои хулоса ба макомоти дахлдор пешниҳод шудааст

№38 (3675) 11.04.2017

Устод

Мусоҳиба бо директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир

 - Нақши Маркази миллии қонунгузориро дар самти рушди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази миллии қонунгузорӣ таҳияи лои­ҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва додани хулосаҳои илмӣ — амалӣ ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамчунин, марҳилаи ҳозираи рушди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз мо талаб менамояд, ки асосҳои илмии онро ривоҷ дода, зарурати танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва оқибати санади меъёрии ҳуқуқии қабулшударо ба назар гирем. Аз ин ҷо тадқиқи ҷараён ва моҳияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар механизми танзими ҳуқуқии кишвар аҳамияти муҳими амалию назариявӣ дорад, ки ин ҷараён низ аз ҷониби Маркази миллии қонунгузорӣ амалӣ мешавад.

Кормандони марказ то кунун ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо ва дар ҳамин замина бартараф намудани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо, инчунин пешниҳод намудани хулосаҳои ҳуқуқӣ ба лоиҳаи қонунҳои алоҳида ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ба зиёда аз 900 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод намудаанд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 5500 таклифу пешниҳодро оид ба такмили қонунгузорӣ дар бар мегиранд. Аз ҷумла, соли 2016 ҷиҳати баланд бардоштани сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бартараф намудани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мукаммалсозии онҳо ба 160 лоиҳаи қонун, созишномаҳои байналмилалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 800 таклифро дар бар мегирифт. Инчунин, кормандони мо соли 2016 дар ҳайати 50 гурӯҳи кории вазорату идораҳо оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намуданд.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 22 декабри соли 2016 ироа гардид, ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш доданд, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ин кор чӣ тавр ҷараён дорад?

- Ин супориш саривақтӣ ва хеле зарурист. Ёдовар бояд шуд, ки Маркази мо бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро таҳия намуд, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» 19 феврали соли 2011 таҳти №1021 тасдиқ шуд. Дар ин асос шаш барномаи давлатӣ – «Барномаи давлатӣ ва нақшаи таҳияи соҳаи қонунгузории сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният», «Барномаи давлатӣ ва нақшаи таҳияи қонунгузории соҳаи гражданӣ ва соҳибкорӣ», «Барномаи давлатӣ ва нақшаи таҳияи қонунгузории соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ», «Барномаи давлатӣ ва нақшаи таҳияи қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф», «Барномаи давлатӣ ва нақшаи таҳияи қонунгузории соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист» ва «Барномаи давлатӣ ва нақшаи таҳияи қонунгузории соҳаи таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ» таҳия гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2012 таҳти №95 ва 3 апрели соли 2012 таҳти №144 тасдиқ шудаанд.

Бояд қайд намоем, ки муҳлати консепсия ва барномаҳои зикршуда ба анҷом расиданд. Дар кишвар қонун ва санадҳои зерқонунӣ амал мекунанд, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ ба тасвиб расиданд. Акнун бояд дурнамои онҳоро ҳам муайян намуд. Яъне, барои таҳия ва қабули чунин консепсия ҳамчун ҳуҷҷати умумие, ки ҷанбаҳои инкишофи ҳуқуқии ҷамъиятро фаро гирифта тавонад, зарурат ба миён омад. Бинобар сабабе ки Тоҷикистон марҳилаи таърихии ба худ хосеро аз cap мегузаронад ва зарурати гузаронидани ислоҳоти гуногун низ ба миён меояд, аз эҳтимол дур нест, ки ба қонунгузории амалкунанда минбаъд низ тағйиру иловаҳо ворид ва механизмҳои нави танзими ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шаванд. Дар чунин шароит стратегияи ба мақсад мувофиқи ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он зарур аст, то ки бо ­дарназардошти иҷрои вазифаҳои дарозмуддат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра қонунгузорӣ инкишоф ёбад. Аз ин рӯ, инкишофи минбаъдаи қонунгузории кишвар бояд тибқи Консепсияи ягонаи сиёсати ҳуқуқӣ, ки дурнамои инкишофи онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, сурат гирад. Барои амалӣ намудани мақсади мазкур зарур аст, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ дар асоси принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таҳия шавад. Консепсияи мазкур на танҳо рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сарчашмаҳои ҳуқуқии кишвар, инчунин масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ, амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва проб­лемаҳои инкишофи таҷрибаи ҳуқуқӣ, илмӣ ва тарбиявию омӯзиши ҳуқуқиро бояд дар бар гирад.

Барои таҳияи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар Вазорати адлия дар ҳайати мутахассисони он, Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, нусхаи аввали лоиҳаи он аллакай омода ва барои хулоса ба мақомоти дахлдор ирсол шудааст.

- Шунидем, ки таҳияи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба зиммаи Маркази миллии қонунгузорӣ вогузор шудааст.

- Бале, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2016 бо мақсади таҳияи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис ёфт ва роҳбарии он ба зиммаи ман вогузор шудааст. Ба ҳайати ин гурӯҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, кормандони Раёсати ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои адлия, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд. Дар мавриди зарурат ба гурӯҳи корӣ, ҳамчунин намояндагони дигар вазорату идораҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон низ ҷалб мешаванд. Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд то охири соли 2018 таҳия ва пешниҳод шавад.

- Маркази миллии қонунгузорӣ муассисаи илмӣ — тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ низ маҳсуб меёбад. Мегуфтед, ки дар ин самт корҳо чӣ тавр пеш мераванд?

– Яке аз вазифаҳои Маркази миллии қонунгузорӣ таҳқиқот дар соҳаи ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва мушоҳидаи инкишофи қонунгузории кишварҳои хориҷӣ низ мебошад. Дар ин ҷода кормандон таҳқиқотро дар соҳаи омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии танзими ҳуқуқии фаъолияти Интернет, таҳлили қонунгузории Тоҷикистон доир ба омодагии ҳукумати электронӣ барои солҳои 2010-2012 дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии Интернет, инчунин таҳқиқот дар соҳаи омӯзиши вазъи ҳуқуқии бедаракгумшудаҳо, оид ба пешгирии бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, таҳлили муқоисавӣ — ҳуқуқии қонунгузории оила, таҳлили муқоисавӣ — ҳуқуқии ҳуқуқи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили муқоисавӣ — ҳуқуқии қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили муқоисавӣ — ҳуқуқии қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили муқоисавӣ – ҳуқуқии қонунгузорӣ дар бораи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи дастрасии оммавӣ ба ҳалномаҳои судӣ дар Тоҷикистон ва ғайра анҷом додаанд.

Аз замони таъсиси Маркази миллии қонунгузорӣ кормандони он зиёда аз 50 асари илмӣ, тафсири кодексу қонунҳо, маҷмӯаи корҳои илмиро нашр намуданд ва дар як муддати кӯтоҳ дар соҳаи илми ҳуқуқ мавқеи намоёнеро сазовор гардиданд. Маҳсули кори онҳо на танҳо барои мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, балки доираи васеи хонандагон басо муфид мебошад. Бо ташаббуси Марказ зиёда аз 40 конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, симпозиумҳо, семинарҳои илмӣ — амалӣ ва мизҳои мудаввар баргузор шуданд. Ҳамчунин, кормандони он дар зиёда аз 265 конференсияи илмӣ — амалӣ, суҳбатҳои гирди мизи мудаввар ва семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва маърӯза намуданд.

Дар ин самт ҳоло фаъолиятро тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» пеш мебарем. Нақшаи мазкур 6 мавзӯи тадқиқотиро дар бар мегирад, ки инҳоянд: проблемаҳои назариявӣ ва амалии қонунгузории меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва муҳоҷират; масоили назариявӣ ва амалии қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист; проблемаҳои актуалии қонунгузории сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ; проблемаҳои актуалии қонунгузории андоз, молия, гумрук, бонк ва буҷет; проблемаҳои назариявӣ ва амалии қонунгузории дохилӣ ва байналмилалии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ; проблемаҳои назариявӣ ва амалии қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ.

Ҳамчунин, дар соли 2016 дар асоси омӯзиш ва таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти давлатӣ китобҳои «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир» (қисми 3), «Техникаи қонунгузорӣ», «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо», «Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ва амалишавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи ҳуқуқии ҷабрдида дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги тоҷикӣ ба русии истилоҳоти ҳуқуқ», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ғайра таҳия ва нашр гардид. Дар ин давра кормандони мо дар маҷаллаҳои дохилию хориҷӣ зиёда аз 150 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба чоп расониданд. Аз соли 2011 маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»-и Марказ мунтазам нашр мегардад. Дар маҷалла масъалаҳои назариявии илмӣ-амалии ҳуқуқ ва қонунгузории соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, тафсири илмию амалии қонунҳо, навигариҳои қонунгузории Тоҷикис­тон, фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ, таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунии байналмилалӣ ва як қатор проблемаҳои дигари ҳуқуқӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода мешаванд.

- Имсол иҷрои кадом корҳоро ба нақша гирифтаед?

- Соли ҷорӣ таҳия ва нашри китобҳои илмӣ, методӣ ва тафсирҳоро барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва соҳаҳои дигари идоракунӣ, аз қабили «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Танзими ҳуқуқии электроникунонии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нақша гирифтем. Тибқи мавзӯъҳои мазкур гузаронидани таҳлили муқоисавӣ — ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории соҳаҳои мухталифи давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо низ ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамчунин, ба итмом расонидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯъҳои «Объектҳои ҳуқуқҳои маданӣ дар интернет», «Ҳифзи ҳуқуқи обрӯи касбии субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ», «Танзими ҳуқуқии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Танзими ҳуқуқӣ-мадании пешниҳоди ҳуқуқҳои истисноӣ аз рӯи шартномаи консессияи тиҷоратӣ» ва дар асоси онҳо ҳимоя намудани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин,таҳия ва нашри монографияи «Танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Реҷаи ҳуқуқии объектҳои ҳуқуқи маданӣ дар интернет», тафсири Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи хизмати дипломатӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи туризм» ва ғайра ба нақшаи корӣ дохил шудаанд.

- Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»