Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе маркази умеду орзуҳои на танҳо тоҷикистониён, балки ҳамватанони бурунмарзиамон низ ҳаст. Ҳар нафаре, ки ба ин шаҳри зебою дилоро ояд, шефтаи он мегардад ва ҳамин ки аз он берун шуд, мехоҳад ҳар чӣ зудтар баргардад. Ин ҷаззобияти шаҳри Душанберо ман борҳо мушоҳида кардаам, зеро таи солҳои зиёд дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолият доштам. Аз соли 1993 дар шуъбаи робитаҳои хориҷии Дастгоҳи мақомоти мазкур ба фаъолият оғоз намуда, солҳои 2000-2006 мудири шуъба будам. Вобаста ба иҷрои вазифаи хизматӣ мунтазам сафар мекардем. Аз ҷумла, дар Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Чин, Россия будам, шаҳрҳои машҳур ва бузургро тамошо кардам, вале ҳамеша маро хумори Душанбе мегирифт. Ҷойи баҳс нест, ки кишварҳои зикргардида дар бисёр соҳаҳо пеш рафтаанд, аммо дар баъзеи онҳо норасоиҳое ҳастанд, ки дар пойтахти кишвари мо ба назар намерасанд. Масалан, бархе аз шаҳрҳои Ҳиндустону кишварҳои араб он тозагиву озодагиеро надоранд, ки шаҳри мо дорад. Ҳамчунин, аз ҷиҳати эъмори биноҳо шаҳри мо зебою нотакрор аст.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои шаҳри Душанбе бо бисёр шаҳрҳои бонуфузи дунё мустаҳкам гардид, ки ман низ шоҳиди чунин рӯйдодҳои таърихӣ будам. Аз ҷумла, 13 октябри соли 1994 дар шаҳри Москва Созишнома байни Комиҷроияи шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва доир ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ имзо шуд. 30 ноябри соли 1999 дар шаҳри Саратов роҳбарияти Мақомоти иҷроияи шаҳри Саратов ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг Созишномаи дуҷонибаро имзо карданд. Охирҳои моҳи апрели соли 1999 ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт — Петербург дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 1100 – солагии таъсиси давлати Сомониён иштирок дошт. Дар он рӯзҳо мулоқоти губернатори шаҳри Санкт — Петербург В. Яковлев ва раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев барпо гардид ва онҳо ба ҳуҷҷати таърихӣ – Созишномаи бародаршаҳрии Санкт – Петербург ва Душанбе имзо гузоштанд.
Соли 1998, вақте вазифаи мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба зимма доштам, ба шаҳри Боулдери иёлати Колорадои ИМА, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, як гурӯҳ устоҳои тоҷикро равон намудем ва онҳо дар он ҷо чойхонаи миллии тоҷикӣ бунёд намуданд. Иқдоми мазкур ба хотири тавсеаи ҳамкориҳо, муаррифии бештару хубтари кишвар амалӣ гардид ва натиҷаи дилхоҳ ба бор овард.
Душанбе ҳамчун шаҳри сулҳ низ эътироф гардидааст. Бо Қарори ЮНЕСКО 4 августи соли 2004 шаҳри Душанбе бо эътирофи саҳми бузург дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммул ва ҳамраъйӣ ба Ҷоизаи якуми «Шаҳри Сулҳ» дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором барои солҳои 2002 – 2003 сазовор дониста шуд.
Тавре шоҳид ҳастем, имрӯзҳо бо дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ва ташаббусҳои ватандӯстонаи сокинони пойтахт шаҳри Душанбе ободтар гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, гуфтанд: «Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем».
Боварӣ дорам, ки таҳти сарварии роҳбарияти тозаинтихоб шаҳри Душанбе дар оянда боз ҳам дилоротар мегардад.
Мирзоамин Мирсаидзода,
сармутахассиси шуъбаи тарҷума,
таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон