Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори қабули чор қатъномаи марбут ба об, ки аз тарафи Маҷмаи умумии СММ қабул гардидааст, шинохта шудааст.
Қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ, ки аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, аҳамияти хоса дорад.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», ки 9-11 августи соли 2016 дар Душанбе баргузор гардид, таъкид карданд: «Ин ҳадаф дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, сифати об, самаранокии истифодаи он, амалисозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаҳои обӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад», — гуфт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода.
Зикр намудан бамаврид аст, ки ҷонибдорӣ гардидани пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби 193 кишвари аъзои СММ ва корҳое, ки дар доираи он амалӣ мегарданд, метавонад барои рушди мамлакатҳо мусоидат намояд.
- Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид ва саҳми Тоҷикистон дар пешгирии оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим, татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ гардид. Махсус қайд шуд, ки кишвари мо, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, аз рӯи истеҳсоли 98 фоизи «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил аст, — афзуд Х. Ибодзода.
Ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла об, бояд дар сархати авлавиятҳо бошанд. Дар даврони муосир масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи табиат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ ва пешрафти давлат маҳсуб меёбад.
- Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин ташаббусҳо ва тибқи салоҳияти худ Нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар баробари масъалаҳои ҳалталаби вобаста ба ҳифзу истифодаи оқилонаи об, чораҳои зеринро низ дар мадди аввал мегузорад:
1. Ҳифз ва нигоҳдории захираҳои обӣ.
2. Андешидани чораҳо оид ба ҷамъоварӣ ва безараргардонии партовҳое, ки боиси ифлосшавии об мегарданд.
3. Шинонидани ниҳол ва бунёди боғҳо дар талу теппаҳо ҷиҳати нигоҳдории қабати ҳосилхези замин ва аз ярчу сел нигоҳ доштани он.
4. Тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва ба ин васила аз бодлесшавӣ, эрозия, баландшавии обҳои зеризаминӣ эмин доштани замин.
5. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба истифода ва ҳифзи об.
Ҳамрадиф бо ин, Кумита имсол тасмим гирифтааст, ки дар робита ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» байни шоиру нависандагон озмуни шеър ва асари беҳтаринро эълон намояд. Озмуни мазкур дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар натиҷагирӣ шуда, эҷодкорони беҳтарин бо туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
- Ба табиат оқилона муносибат кардан ва чун гавҳараки чашм муҳофизат намудани он вазифаи муқаддаси ҳар фарди худогоҳу дурандеш аст. Бинобар ин, зарур аст, ки маърифати экологиро баланд бардорем. Ин кор на танҳо вазифаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, балки мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олию миёна ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Итминони комил дорем, ки минбаъд низ кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои талаботи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба об, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ аз имониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳанд кард , — гуфт Хайрулло Ибодзода.
Маҷид САЛИМ,
рӯзноманигор