Коллективи Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ» аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷаҳон таассурот бардошта, пайи иҷрои супоришу дастурҳои ироагардида чораҷӯйиҳо намуда истодаанд. Ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз барои мо чун ҳуҷҷати роҳнамо хизмат мекунад ва дар асоси он маҳфилҳои педагогӣ, чорабиниҳои вобаста ба соҳаи маорифро доир мекунем.
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.
Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи замони муосирро тарбия намоем».
Омӯзгорон, ки дар ин раванд баробари волидайн масъулияти азимро бар дӯш доранд, рисолати азалии хешро бояд лаҳзае аз хотир набароранд. Боргоҳи таълимӣ бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дорои шароити ҳозиразамони таълимӣ, кабинетҳои бо асбобу аёнияти зарурӣ ҷиҳозонидашуда мебошад. Дар назди муассиса барои толибилмон ва омӯзгорон хобгоҳ мавҷуд аст. Дар мактаб айни замон 910 толибилм таҳсил менамояд. Нахустин директори он Маҳтобшозода Арамбегим Бозор буд. Ӯ чун роҳбар ва муаллимаи сахтгир, вале ҳалиму меҳрубон, ки имрӯз ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Хоруғ фаъолият дорад, дар ободу зебо гардонидани мактаб саҳми арзанда гузошт.
Дар тӯли фаъолияти 5-солаи мактаб хонандагон сазовори 37 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Дар баробари ин, теъдоде аз толибилмон аъзои Академияи хурд буда, мунтазам дар дарсҳои иловагӣ ва курсу семинарҳо, конференсияҳои илмӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Дар маҷмӯъ, раванди таълим ва комёбиҳои хатмкунандагон назаррас аст ва ҳар сол шогирдони мо ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ё кишварҳои хориҷ дохил мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки толибилмони мактаб дар донишкадаҳои олии ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Лаҳистон, Булғория, Фаронса, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Америка таҳсил намуда истодаанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар муассисаи таълимии мо қариб 85 фисади омӯзгорони ҷавони то 30-35 — сола фаъолият доранд. Ҳамчунин, омӯзгороне фаъолият мекунанд, ки забонҳои русию англисиро хеле хуб медонанд ва бо технологияи муосири таълимӣ кор карда метавонанд.
Ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона кор мекунем ва талош меварзем, ки муҳассилинро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем.
Шодигул ҚОНУНЗОДА,
директори Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ»