Сухани табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тӯйи арӯсии 64 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои камбизоати шаҳри Душанбе
27 июни соли 2013
Фарзандони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Боиси хушҳолии мову шумост, ки ҳамарӯза шоҳиди амалҳои неке ба мисли дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ободу зебо намудани гӯшаву канори гуногуни диёрамон гардида истодаем.
Бояд гуфт, ки ин фазилати таърихӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар шукуҳу вусъати тоза гирифта, меҳру пайванди якдигариро дар байни аҳолии мамлакат ба вуҷуд овардааст.
Имрӯз мову шумо дар маросими дастаҷамъонаи хонадоршавии 64 ҷуфт ҷавонони хуштолеъ, ки маросими ақди никоҳи онҳо ба ҷашнгирии шонздаҳумин солгарди Ваҳдати миллӣ рост омадааст, ширкат дорем.
Аз фурсат истифода намуда, ҳамаи шумо -навхонадорони хушиқболро ба чунин рӯзи муборак табрик гуфта, бароятон хонаи обод, рӯзгори осуда, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамаи хушиҳои ҳаётро орзу менамоям.
Маросими тӯйи арӯсии шумо, ба чунин рӯзи барои мардуми тоҷик муқаддас рост омадааст ва бигзор шумо низ дар зиндагӣ соҳиби оилаи аҳлу тифоқ ва фарзандони солеҳу баркамоле гардед, ки идомадиҳандаи кору пайкори созандаи падару модарони худ бошанд.
Таърихномаи на чандон тӯлонии миллати тоҷик шоҳиди он аст, ки шонздаҳ сол муқаддам фарзандони баору номуси миллат ба хотири нигоҳдории соҳибистиқлолӣ, ҳимояи давлати ҷавони миллӣ, аз парокандашавӣ эмин доштани миллати тоҷик, инчунин таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар кинаҳоро аз дил дур карда, сари мизи мусолиҳа нишастанд ва санади муҳиму тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ба имзо расониданд.
Баъди имзои ин ҳуҷҷат ва тантанаи ваҳдати миллӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфта, сулҳу салоҳ дар саросари кишвари азизамон ҳукмфармо гардид. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдати комил ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуда, кишвари азизи мо дар муддати на чандон тӯлонӣ дар бахшҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ иттифоқ афтодани издивоҷи шумо худ фоли нек аст. Мо орзуи онро дорем, ки аҳду паймони оиладоршавиатон ба монанди сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша устувору пойдор боқӣ монад.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки шумо бо ҳамдигар тифоқ бошед, масъалаҳои пешбурди рӯзгорро бо маслиҳати якдигар ва дар мувофиқа ҳал намоед, эҳтироми калонсолонро ба ҷо оварда, дуои хайру неки онҳоро барои баракати рӯзгор ҳамроҳ гиред.
Мақому манзалати баробар доштани марду занро дар ҷомеа ва оила сармашқи зиндагии худ қарор дода, ба якдигар меҳрубону ғамхор бошед.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо иқдоми бевоситаи Давлату Ҳукумати мамлакат давоми солҳои охир барои дастгирии ятимону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманду оилаҳои камбизоат ҳамасола дар арафаи ҷашнҳои милливу давлатӣ иқдомоти хайрхоҳонаву инсондӯстона амалӣ карда мешаванд, ки чорабинии имрӯза низ идомаи ҳамин корҳои неку савоб мебошад.
Тавре дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, Давлат ва Ҳукумати кишвар уҳдадориҳои худро дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимону шахсони аз саробон маҳрумгардида ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро менамояд.
Барои татбиқи ҳадафи мазкур имсол дар буҷети давлатӣ 170 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Шумо — оилаҳои ҷавон ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳое, ки нисбат ба шумо зоҳир мегардад, бояд барои оромиву ободӣ ва сулҳу пешрафти Ватани азизамон бо дасту дилу нияти нек заҳмат кашед ва ҷиҳати таҳкими суботи ҷомеа тамоми неруву тавоноии худро сафарбар намуда, дар ҳама ҳолат манфиати давлати соҳибистиқлоли худро ҳифз намоед.
Зеро сулҳу субот танҳо бо роҳи ваҳдати умум, якдиливу муттаҳидии ҳама афроди ҷомеа пойдору устувор гардида, нақшаву ҳадафҳои миллиамон марҳала ба марҳала роҳи ҳалли худро пайдо менамоянд.
Дар зиндагӣ арзишҳои ваҳдати миллии тоҷиконро фаромӯш насозед, зеро ваҳдат рукнҳои соҳибдавлатӣ, сулҳи абадӣ, эъҷози орзуву умеди халқ маҳсуб гардида, дар тӯли солҳои кӯдакӣ ва наврасии шумо ҳар чӣ бештар тавсеаву таҳким ёфта, имрӯз то ба мартабаи санаи тақдирсози миллат расидааст.
Ҳамзамон бо ин, ба шумо — оилаҳои ҷавон, бахусус ба ҷавондухтарон бори дигар таъкид менамоям, ки сарфаву сариштакор бошед. Зимни баргузории тӯю маросимҳо ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳед ва кӯшиш кунед, ки маблағҳои аз ин ҳисоб сарфашударо барои таъмини рӯзгор ва тарбияву таҳсили сазовори фарзандонатон истифода намоед.
Рисолат ва уҳдадориҳои волидайнро аз худ намуда, аз ҷавонӣ дар тарбияи фарзандони хеш муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя намоед.
Бори дигар ҳамаи шумо — ҷавонони некбахту озоди даврони истиқлоли Ватанро бо ин рӯзи хотирмони ҳаёти шахсӣ ва ҷашни шукӯҳманди Ваҳдати миллӣ сидқан табрик мегӯям.
Орзу дорам, ки умри бобаракати худро якҷо паси сар намуда, ҳамеша тансиҳату хушбахт бошед ва хушҳоливу комёбӣ ҳамсафари ҳамешагии шумо бошад.
Ба шумо роҳи сафед ва иқболи хонаводагӣ мехоҳам, фарзандони азиз!