Нависандаи маъруфи Туркия Орҳан Памук бо осори гаронбаҳо шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ӯ барандаи чанд ҷоизаи байналмилалӣ буда, соли 2006 барои романи «Номи ман Сурх аст» ба гирифтани Ҷоизаи Нобел мушарраф гардид.
Чанде пеш нашриёти «Ирфон» романи мазкурро бо забони тоҷикӣ дар тарҷумаи Муҳаммадшариф Рустамзода аз чоп баровард. Он ба масъалаи хеле муҳим – ташаккул ва инкирози ҳунари рассомии Туркияи усмонӣ дар охири асри ХУ1 бахшида шудааст. Барои хонандаи тоҷик завкбахш будани асар дар он ифода меёбад, ки бисёр рӯйдоди он дар Эрон, Афғонистон ва Осиёи Марказӣ иттифок афтодаанд.
Мавзӯи мазкур бархӯрдҳои ҷаҳонбинии шаркиву ғарбиро дар бар мегирад ва дар он хулоса мешавад: «Машрику мағриб аз они Худост». (Сураи «Бакара», ояи 115).
Мутарҷим романи «Номи ман Сурх аст»-ро бо забони шевову фасеҳи тоҷикӣ тарҷума карда, муҳтавои онро бо пешгуфтори омӯзанда пешкаш гардонидааст.
Муҳаммадшариф Рустамзода ба махсусиятҳои забонии асар таваҷҷуҳ карда, таъкид менамояд: «Нависанда аз калимаву ибора ва мазмунҳои тоҷикӣ зиёд истифода мебарад, ифодаҳои ширини тоҷикӣ забону услуби асарро хушоҳанг гардонидаанд. Аз ҷумла, наккошхона, хаёл, азоб, ҷонҳавлак, хазинадор, китобдор, дафтардор, ҷаҳонпаноҳ, олампаноҳ, пурдиккат, чора, бечора, сархуш, парешон… ва даҳҳои дигар».
Асари мазкур бо услуби ҳикоят андар ҳикоят навишта шудааст, ки хусусияти барҷастаи насри куҳани мост. Ҳар боби он аз номи яке аз каҳрамонҳо бо махсусиятҳои рӯҳию равонӣ, забониву услубӣ ифода шудааст.
Асарро нашриёти «Ирфон» 200 нусха чоп кардааст, ки албатта, кам буда, эҳтимоли расидан ба дасти ҳама дӯстдори каломи бадеъро надорад. Бо вуҷуди ин, заҳмати тарҷумон – Муҳаммадшариф Рустамзода ва нашри он аз ҷониби нашриёти «Ирфон» боиси таҳсину кадрдонист.
Умед аст, ки хонандаи нуктасанҷ бо мутолиаи китоби мазкур ба ғановати ҷаҳони маънавӣ икдом менамояд.
ВОРИС, «Садои мардум»