Назари хос

Ду ҷаҳон болу пари симурғ аст

№43 (3680) 22.04.2017

1Чӣ рамзу розе дар тамаддуни тоҷик ниҳон аст? Мо ормон, намод ва тафаккури мардуми худро то куҷо омӯхтаем? Дарахти тановари фарҳанг аз кадом сарчашма об мехӯрад? Чӣ чора созем, ки пайкари тамаддун дар таҳоҷуми фарҳанг­ҳои бегонаи неку бад аз ҳам напошад? Дар даврони ҷаҳонишавӣ чӣ роҳе моро аз худбохтанҳо наҷот медиҳад?..

 ДАРАХТ БОЯД БУД!

Ба дарахте гуфтам:

- Чаро аз табар меранҷӣ?!

Гуфт:

- Ранҷиши ман аз табар нест, аз дастаи он аст, ки аз ҷинси ман аст.

Зиндагии инсон шабеҳ ба зиндагии дарахт аст. Реша медавонад, рушд мекунад, шоху навда мебарорад, бо баргҳо сабз мешавад, гул мекунад, мева меорад. Дарахт ҳар кадар тановар гашт, ҳамон кадар неруманду устувор мегардад.

Тафаккури ҳар миллат реша дар тамаддуни ӯ дорад. Миллатҳои мутамаддин ҳамеша худро бозсозӣ мекунанд, ки бо тағйиру такомул ва рушди башари пешрафта созгор бошанд. Миллат ҳам метавонад мисли як дарахт пир шавад, шоху навдаҳояш хушк гардад, аз ҳосил монад. Аммо боз метавонад дарахти зиндагиро парвариш диҳад, пайваста хадраҳои нав барорад, ҳамеша сабзу гулафшон бошад. Аз ин рӯ, наслҳо ҳастанд, ки масъулияти рушди армонҳои миллӣ ва пойдору устувор мондани миллатро бар дӯш мегиранд ва ин бори сангинро чун амонате аз бако ба пасояндон месупоранд.

Ҷавонӣ айёми рушду такомули ҷисм ва мағз аст. Бинобар ин, мағзи ҷавон дар баробари хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир осебпазир мебошад. Гаравидан ба фарҳанги бегона, ба акидаҳои кушандаву ифротӣ шахсиятро аз байн мебарад. Инсонро ба роботе мубаддал месозад, ки аз рӯи барномарезии хос амал мекунад ва аслу решаашро барҳам мезанад. Аз ин рӯ, умри бобаракат доштан дар се ибора хулоса мешавад: таҷриба аз дирӯз, истифода аз имрӯз, умед ба фардо.

Таъкиди ин нукта бамаврид аст, ки ҳезумшикан вакте хаста мешавад, табараш кунд шуда бошад. Табари мо — инсонҳо боварҳоямон мебошад. Вакте он кунд шуд, нохудогоҳ шахсиятамонро аз даст медиҳем. Ҷаҳлу нодонӣ ва торикӣ вуҷудамонро фаро мегирад.

Дарахти береша хушк мешавад, инсоне ҳам, ки аз асли худ ҷудо шуд, рӯ ба нобудӣ меорад. Барои боварҳои бегонагон худро курбон кардан, парчами ҷаҳлу нодониро барафрохтан, хидматгузори хоҷагони аҳримансифат гаштан подоше ҷуз бадбахтӣ надорад. Ба ин нуктаи ҷолиб таваҷҷуҳ кунед, ки омӯзанда аст: дар тасвирҳои ҳакокишуда дар сангҳои Тахти Ҷамшед ҳеҷ кас асабонӣ нест, ҳеҷ кас савори асп нест, ҳеҷ касро дар ҳоли таъзим намебинед. Дар байни садҳо пайкари тарошида ҳатто як пайкари бараҳна вуҷуд надорад. Инҳо асолати мо ҳастанд: меҳрубонӣ, хушрӯӣ, кудрат, эҳтиром, адаб, наҷобат.

 ШУКӮҲИ ГУРГ ҒУРУРИ ӮСТ

Шерҳо иддао мекунанд, ки  султони ҷангаланд. Бабр кавитарин ҳайвони дунёст. Аммо аҷиб менамояд, вакте мебинам бо дастури як одам дар сирк болову поин мепаранд. Вале гург ром намешавад. Ҳама медонанд: бозӣ кардан бо гург ҳукми маргро дорад.

Миллатҳои мухталиф тӯли таърих бо эҷоди рамз, намод тафаккури хоси зиндагиро сохтаанд. Ҳатто устураҳо дар зиндагии башар накши муҳим бозидаанд. Одамон боварҳои аҷибе доштанд ва ҳамин боварҳо боис гашт, ки зиндагии худро бисозанд ва дар баробари маргу нобудӣ пойдор бимонанд.

Туркҳову муғулҳо тибки афсонаҳояшон гургзода ҳастанд. Муғулҳо мегӯянд модари Чингизхон гург будааст. Устураҳои туркӣ ба он далолат мекунанд, ки нажодашон ба гурги хокистарие мерасад. Ҳамчунин гурге ба туркҳо роҳи хурӯҷ аз сарзамини афсонавии модариашонро нишон дод ва онҳо ба ҳамсоягон дастболо гаштанд.

Чаро дар фарҳанги кадимии туркҳо ба гург обрӯю эҳтиром коиланд? Намоди гург ба онҳо чӣ дод? Гург будан, яъне чӣ? Посух ба ин суолҳо асрори зиндагии турконро бозгӯ мекунад.

Тафсири зерини зиндагии гург аз ҷониби туркҳо хеле аҷиб аст: «Чӣ касе мегӯяд, ки шер султони замин асту укоб шоҳи осмон, вакте барои лукмае бозичаи дасти инсон мешаванд ва тахти султонии замину подшоҳии осмонро ба нони зиллат мефурӯшанд. Зинда бод, гург, ки барои лукмае нон аҳлӣ намешавад ва аз ҳеҷ кас тавакъуе надорад ба ҷуз худаш. Шукӯҳи гург дар иззат ва ғурури озодагист. Ӯ аҳли хушгузарониҳои авомона нест. Ёронаш андаканд, вале ҳамфикр, ҳаммасир, вафодор, шабгард, пуртокат, тезбин, окил ва хонаводадӯстанд.

Ғурури гург зебост. Ӯ ҳаргиз сарбори касе намешавад, ҳатто сарбори азизону фарзандонаш, ки умре барояшон ҷонбозӣ кардааст. Чун пир шуд ва тавони  шикори ҷамъиро аз даст дод, аз аҳли худ ҷудо мешавад ва дар гӯшае боғурур мемирад. Вай ҳаргиз таслим намешавад, хушомад намезанад, гадоӣ намекунад. Барои худаш арзиш ва шахсият коил аст.

Дар кафас умри кӯтоҳ мебинад ва ҷонашро барои озодӣ медиҳад. Барда ва тобеъ намешавад, аз касе таклид намекунад…».

Бо ин сифатҳое, ки аз гург оварда шуд, мардуми турк фарзандонашонро тарбият мекарданд. Ба онҳо дарси шуҷоату мардонагӣ медоданд ва имрӯз низ бо ифтихор номи гургро ба забон мегиранд. Онҳо аз гург барои худ намоди озодихоҳӣ, истиклол, мардонагӣ, иззат ва шарофат сохтаанд.

Мо чӣ рамзе дар гузашта доштем, ки ба тамаддуну фарҳанги мо таъсир гузоштааст? Ҷавонон дар баробари донишу хиради муосир аз кадом сарчашмаи маърифат рӯиданро чӣ тавр дарк созанд?

 СИМУРҒ НИШОНИ ТОҶИКИЯТ

Дарахт аз маргу аз афтодан наметарсад. Нигаронияш аз он аст, ки Симурғ баргардад ва ҷое барои лона гузоштану истироҳат кардан надошта бошад.

Мардуми тоҷик таърихи пурғановат дорад. Ҳазорон сол ниёгони мо тамаддунсозӣ карданд, дар риштаҳои илму адабу ирфон ба авҷ расиданд. Мо худро сохтем, мисли мурғи какнус борҳо аз хокистари хеш эҳё гаштем. Дар эҳёгарӣ шояд камтар миллате дар ин кураи хокӣ вуҷуд дошта бошад, ки мисли мо таҷриба андӯхтааст.

Яке аз намодҳое, ки чун рамзи хираду кудрат, тавоноиву шуҷоат ва зебоиофаринӣ дар гузашта барои мо ҷойгоҳи хосе дошт, Симурғ мебошад.

Симурғ сохтори печидае дорад. Мурғе бо думи товус, бадани укоб, сари саг ва панҷаҳои укоб. Ин мурғи афсонаӣ, ба бовари ниёгон, дар кӯҳи Коф мезистааст. Вай донову хирадманд ва аз розҳои ниҳон огоҳ аст.

Гузаштагон дар ҷом, кӯза ва бисёре аз зарфҳо накши Симурғро мекашиданд. Дар ҷомаҳои шоҳони каёнӣ низ симои ин мурғи кудратманду наҷотбахш кашида мешуд ва онҳо бо намоди симурғӣ дар баробари дарбориёну мардум зоҳир мешуданд.

Ҳар касе ба сояи Симурғ менишаст, хушбахт мешуд, садои пар ва овози ин паранда дардҳоро даво мебахшид, мушкилиҳоро ҳал мекард, ба торикиҳо равшанӣ меовард.

Ниёгонамон ба Симурғ эътикод доштанд ва худро дар зери ҳимояташ тасаввур менамуданд ва зиндагии худро низ симурғона месохтанд. Яъне, онҳо аз неруи тавонои фаротабиӣ мадад мегирифтанд. Худро дорои хиради азалӣ медонистанд ва шеваи зиндагиашон низ худогуна буд.

Ин таълимот аз насл ба насл мегузашт ва зиндагии мардумро зиннат медод. Хирад, дониш, кудрат, шуҷоат, наҷобат, шарофат, зебоипарастӣ дар рӯҳу равонашон рушд меёфт. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Симурғ нишони шоҳаншоҳӣ буд.

Аттор мегӯяд:

Ду ҷаҳон болу пари Симурғ аст,

Нест Симурғу ошёна падид.

Ё:

Симурғи мутлакӣ ту бар кӯҳи Кофи ғурбат,

Парварда ҳар ду гетӣ дар зери парру болат.

Абулкосими Ҷаъфарӣ менависад: «Симурғ таъбири кинойӣ аз Ҷабраил воситаи файзи вуҷуд ва ҳидоят миёни инсон ва Худованд аст». Аз ин ҷо бармеояд, ки зиндагии поку беолоиш ва бихрадонаи аҷдодони мо Худодод аст ва онҳо тавассути Симурғ – ин фариштаи паёмовар робитаи мустакими худро бо холики коинот мешинохтаанд.

Имрӯз низ хеле муҳим аст, ки ҷавонони мо ин асли зиндагиофар, хирадзо, тавонбахш ва шуҷоатпарварро бишносанд. Тоҷикистонро хонаи Симурғ донанд. Зиндагии симурғона доштан, яъне мусаллаҳ гаштан бо дониши замон, пайванди ҷовидона доштан бо решаи худ мебошад.

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Симурғ рамзи зебоиофаринӣ, хирадмандӣ, тавоноӣ, растагорӣ, озодӣ ва хушбахтӣ аст. Зинда кардани ин рамз, ки ҷойгоҳи вижае дар тамаддуни мардуми мо доштааст, имрӯз судманду омӯзанда аст.

ВОРИС, 

«Садои мардум»