Нуктаи назар

Саргарми хотираҳо ба муъҷизае умед бастан аз олами воқеӣ дур гаштан аст

№43 (3680) 22.04.2017

the-statueАскаре, ки орзуи генерал шудан ва миллату давлате, ки орзуи пешоҳангиро намепарваранд, метавонанд дар бораи оянда фикр накунанд, зеро зиндагиро бо орзу ширин гуфтаанд. Инсон бо умед зинда аст.

Ҳатто дар мушкилтарин лаҳза орзуҳои наҷиб ба кас рӯҳу мадор мебахшанд. Ҷамъияти инсонӣ ҳам ба якборагӣ ба дастовардҳои бузург ноил нагаштааст. Дар кадим одамон дастовардҳои имрӯзаро дар афсона ва шеъру сурудҳо тараннум менамуданд. Дар афсонаҳои халкӣ каҳрамонон дар аспҳои болдору «гилемҳои худпар» сайр мекарданд. Шояд аз ин сабаб дар урфият «орзу кардан айб нест», мегӯянд. Дар адабиёти шифоҳию хаттии миллатҳо ин гуна орзую ниятҳои неку созанда ҷои хоса доранд ва мазмуну арзишҳои асарҳоро баланд бардоштаанд. Ҷаззобияти эҷодиёти халк ҳам аз ҳамин маншаъ мегирад, мисле ки шоири адабиёти классикии тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар достони «Хирадномаи Искандарӣ» ва шоири адабиёти муосири тоҷик Мирсаид Миршакар дар достони «Кишлоки тиллоӣ» орзую умед ва ормонҳои мардумро ба риштаи тасвир кашидаанд.

Дар мавриди таъсис ёфтану аз байн рафтани давлатҳо бошад, гуфтан лозим аст, ки он такозои ҳаёт, табиат аст. Давлатҳо ҳам мисли инсонҳоянд. Ба дунё меоянду бархе умри кӯтоҳ дида, бокимонда ба камол ва ба даврони пирӣ мерасанд. Бемор мегарданду шифо меёбанд, меафтанду бармехезанд, боз дар талош мешаванду ниҳоят, оламро тарк мегӯянд. Дар тӯли таърих империяҳои бузурги зиёде, ки замоне ҷаҳонро ба ларза оварда буданд, ба коми нестӣ рафтаанд. Меросбарони онҳо бошад, имрӯз дар сатҳи хеле поинтар аз давлатҳои ҳатто ба тозагӣ ташкил­ёфта карор доранд. Вале муҳим кори хуберо ба нафъи башарият анҷом додани он салтанатҳо мебошад.

Миллати кадимаю соҳибтамаддуни тоҷик ҳам аз ин рӯйхат берун нест. Чархи фалакро бинед, ки бо ҳукми казо ё ҳукми хато миллати таҷрибаи бойи давлатдорӣ дошта, беш аз як ҳазорсола аз давлатдорӣ маҳрум монд ва ташаббусро ба дасти кавмҳое дод, ки аз давлату давлатдорӣ фарсахҳо дур буданд. Тааҷҷубовар аст, ки кавмҳои кӯчӣ тавонистанд муҳлати зиёд зимоми давлатдориро дар даст нигоҳ доранд. Факат он чӣ боиси тасалло шуда метавонад, ки тоҷик бо ин ҳама тавонист забону фарҳанги худро нигаҳ дораду ба ғосибон таҳмил созад. Маҳрум шудан аз давлатдорӣ дар фосилаи зиёди таърихӣ, албатта, фоҷиаи миллат аст, вале мероси пурарзиши миллати ҷафокашида боиси ифтихор бокӣ мемонад.

Оғози асри бист барои миллати дар асорату паҳну парешонбудаи тоҷик такдирсоз гардид. Бо шарофати Инкилоби Октябр барои тоҷикон шароит фароҳам омад, ки аз таҳти ҳукмронии манғитҳо баромада, дар ҳайати Иттифоки Советӣ ҷумҳурии миллии худро таъсис диҳанд.

Дар тӯли ҳафтод соли дар ҳайати шӯравӣ карор доштан тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое буданд, ки натавонистанд аз имкониятҳои мавҷуда ба таври бояду шояд истифода намоянд. Баръакс, халкияту миллатҳои Осиёи Миёна, ки аҷдодашон кӯчманчиён буданду дар шаҳрсозию давлатдорӣ собика надоштанд, аз мо хеле пеш рафтанд ва соҳиби ҳудудҳои бузурги ҷуғрофӣ гардида, дар бунёди иншооти муҳими саноатӣ муваффак гаштанд.

Гузаштаро фаромӯш накардану бо он ифтихор доштан, албатта, хуб аст. Аммо умре саргарми хотираҳо нишастану ба муъҷизае умед бастан маънои аз олами вокеӣ дур гаштану ба фикрҳои ботил дода шуданро дорад. Гузашта гузашта асту он дигар барнамегардад. Аз афсӯс хӯрдану во дареғ гуфтан, дигар суде нест. Баръакс, таърихи гузаштаи миллатро бо ҳама бурду бохт ба хотири рушду бакои миллат, бунёди давлати ҳакикатан тавонои миллӣ ба китоби рӯимизӣ табдил додан аз беҳтарин тадбирҳост.

Омилҳои дигари моро ба он рӯзҳои нек расонанда бовар кардан ба он аст, ки на дар асрҳои миёна, балки асри XXI зиндагӣ дорем. Дар асре, ки кариб ҳар рӯз дар ин ё он соҳа аз ихтироъкориҳо огоҳӣ меёбем. Бо вокиф шудан аз ин навгониҳо бояд ҳатман сари андеша бошем, ки мо — тоҷикон бо чӣ роҳе пеш рафта, баҳри ояндагон чӣ хидматеро анҷом дода истодаем? Магар аз имтиҳони мушкили озмоиши ­фарҳангҳо мегузашта бошем? Насли баъдӣ аз мо чӣ мерос гирифта метавонад? Барои расидан ба ҳадафҳо чӣ монеаҳое садди роҳанд? Оё дар ҳакикат мубориза бо фасодро, ки чун шӯра ҳатто пойдевори бетониро мехӯрад ва чун бемории саратон ҷисмро бо оҳистагӣ ба нестӣ мебарад, дар сатҳи даркорӣ ба роҳ мондаем? Барои ҷавонони лаёкатманд, ки кисматсози миллату меҳананд, чӣ заминаю шароит фароҳам овардаем? Чӣ чаправиҳо дар фаъолияти мо ҷой дорад? Оё масъулин ва ниҳодҳои давлатӣ рисолати худро ба шеваи созандагӣ ба роҳ мондаю онро ба таври ­бояду шояд иҷро намуда истодаанд? Чӣ иллату нуксонҳое ҷомеаи моро фарогиранду аз пешравиҳо бозмедоранд ва баҳри ислоҳу бартараф намудани онҳо чӣ барномаҳое дар даст дорем? Ба ҳамин монанд зиёданд масъалаҳое, ки ояндаи дурахшони миллат аз онҳо сахт вобастагӣ дорад.

Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи душвору такдирсозеро пушти сар кард ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳукукбунёд, дунявӣ ва ягона асос гузошт. Ҳикматест, ки «тамоми корҳои аз дастат меомадаро анҷом бидеҳ, он чӣ аз дасти ту намеояд, Худо анҷом медиҳад». Инсон дорои кувваи фавкулодаи созандагӣ буда, кодир аст, ки ҳар нияти неки пешгирифтаро амалӣ созад. Биёбонро ба гулистон ва харобазорро ба биҳишти ҳакикӣ табдил диҳад. Дар рӯи санг гул рӯёнаду бо моҳ ҳамнишин гардад. Барои он чизи зиёде талаб намешавад. Доштани нангу номуси баланди миллию ватандорӣ, матонату сабру таҳаммули мардона, меҳнатдӯстию ваҳдати комил басандаанд, ки комёб шавем.

Барои давлати пуркуввату пешрафта шудан хурдию бузургии кишвар накше намебозад. Давлати хурдакаки Сингапур боигарии зиёди табиӣ надорад, аммо бо шарофати сиёсати окилонаи роҳбари бузургаш Ли Куан Ю дар катори давлатҳои мутараккӣ ва пешрафта карор гирифтааст. Пас, чаро мо — тоҷикон бо он ҳама фарҳанги ғанию кадима, таҷрибаи бузурги давлатдорӣ, дорои сарвату боигариҳои азими табиӣ орзуи ба давлати мутараккӣ ва тавоно табдил ёфтани Тоҷикистонро дар дил напарварем? Модом ки ба ҷаҳониён худро чун миллати сулҳпарвар муаррифӣ карда тавонистем,бешаку шубҳа аз иҷрои максадҳои олии навбатӣ ҳам сарбаландона мебароем.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»