Дар деҳаи Шерамони деҳоти «Меҳробод»-и ноҳияи Файзобод пули одамгузаре, ки моҳи майи соли 2016 бар асари боронҳои пай дар пай аз байн рафт, барқарор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони деҳа иштирок доштанд. Тавре сокинони деҳаи Шерамон иброз доштанд, баъди аз байн рафтани пул онҳо бо мушкилӣ рӯ ба рӯ буданд.
Дар ҳамовозӣ ба ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пули мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Манучеҳр Каримзода дубора бунёд гардид. Дарозии он 220 ва паҳноиаш 1,5 метр буда, бо сифати баланд бунёд шудааст.
Дар баробари иқдоми мавриди назар, аз ҷониби соҳибкор хатнасури 16 нафар аз оилаҳои ниёзманд барпо гардида, ба се нафари имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюбӣ тақдим шуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»