Пеши роҳи қонуншиканиро кӣ мегирад?

№47 (3684) 02.05.2017

Ҳар дафъае, ки гузорам ба мавзеи таърихиву ёдгории фарҳангии «Панҷшанбе»-и Хуҷанди бостон  меафтад, дилам аз фараҳ лабрез мегардад. Ба ҳусни Хуҷанд, ки воқеан ҳам дар баҳор боғшаҳрро мемонад, ин мавзеъ ҳусни иловагӣ зам кардааст.

Мутаассифона, ин мавзеи куҳандиёрро гоҳҳо амалҳои носавоби иддае аз бошандагони шаҳр доғдор месозад. Яке аз он амалҳо қиморбозӣ таҳти унвони «Қаросини топаласан, оласан» ном дорад. Яъне, касе қартаи сиёҳро ёбад, соҳиби маблағ мешавад.

Қиморбоз дар ин бозӣ се қартаи як тарафашон аломатҳои сурху кабуд ва сиёҳдоштаро намоишкорона, дар пеши назари ҳама ба замин партофта, оҳиста-оҳиста ҷойҳояшонро иваз кардан мегирад. Барои бозори хоҳишмандонро тасфондан, як-як онҳоро бардошта, нишон ҳам медиҳад, яъне қартаи сиёҳ кадом асту сурху кабуд кадом, ба тарзе ки ҳар гӯлу гаранг ҳам ҷойи онҳоро ба осонӣ меёбад. Нафаре, ки ба дом меафтад, дарҳол яке аз қартаҳоро интихоб мекунад ва мегӯяд: ҳаминаш сиёҳ аст. Қиморбоз барои кушодани он қарта 50 сомонӣ  (вобаста ба пулдорӣ ва намуди зоҳирии «мизоҷ» ин рақам  каму зиёд мешавад) талаб мекунад. Бадомафтода аз киса пул бароварда, мешуморад. Ана, дар ҳамин ҳолат қиморбоз ҷойи қартаҳоро иваз мекунад ва оқибаташ маълум…

Одатан ҷавонон  ва гоҳҳо калонсолони аз деҳотомада фиреб мехӯранд. Ин гуна бозиҳоро маъмулан дар назди бозорҳои чорвофурӯшӣ низ барпо мекунанд, ки қисми зиёди одамон бори аввал ба он ҷо омадаанд. Аксари онҳое, ки ба дом меафтанд, маблағи чорвои фурӯхтаашонро пурра аз даст медиҳанд. Ин гуна ҳодисаҳо зиёд рух додаанд.

Солҳои охир боз як намуди бозии қимор дар мавзеи «Панҷшанбе» ба ҳукми анъана даромадааст, ки бо гардонидани каъб (зарик)-и нард дар қуттичаҳои пластмассии махсус сурат мегирад. Номи ин бозӣ «Бахташ таваккал» аст.  Ба назар чунин мерасад, ки дар ин бозӣ фиреб ҷой надорад. Лекин хабар ёфтем, ки «соҳибон»-и бозӣ роҳи фиреби онро ҳам ёфтаанд. Аниқтараш, қисмати рақами аз ҳама калон — 6 — ро тавре суфта кардаанд, ки каъб  бо ҳамон рақам хеле кам рӯи бозӣ меояд.

Маъмурияти бозори «Панҷшанбе» изҳор доштанд, ки «он бозии ғайриқонунист ва ба бозор ҳеҷ фоидае нест».  Аммо, мо гумон доштем, ки  соҳибони бозӣ аз ин фаъолияти худ андоз месупоранд.

Роҳбарияти Нозироти андози шаҳр низ изҳор дош­танд, ки «фаъолияти қиморбозон ба ягон намуди соҳибкорӣ ворид намешавад. Дар қонунгузории андоз ин гуна фаъолият қайд нашудааст ва ғайриқонунист». Модом ки  ғайриқонунӣ бошад, чаро барои гирифтани пеши роҳи он касе дахолат намекунад?

М. МАҲМУДОВ,

сокини шаҳри Хуҷанд