Аз нахустпарвоз то парвози ҷовидона

№48 (3685) 04.05.2017

1 (1)Асарҳои ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидаи ҷангноманависи тоҷик, номзади илмҳои таърих Ҳасанбой  Шарифовро (рӯҳаш шод бод) варақгардон карда, очерки «Парвози ҷовидона»-ро мутолиа намудам, ки он ба корнамоии ҷангии сокини деҳаи Оқариқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдураҳмон Исмоилов бахшида шудааст.

Тавре дар очерк зикр шудааст, ӯ аввалин лётчики ҳарбии тоҷик аст. Инро шарикдарсонаш дар Техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод, ки солҳои 30-юми асри гузашта якҷо таҳсил доштанд, тасдиқ кардаанд:

- Абдураҳмон Исмоилов аввалин лётчики ҳарбии тоҷик буд, — гуфтааст зимни суҳбат ба муаллифи очерк, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шарикдарси қаҳрамон Абдуқайюм Муллобоев. Ба гуфти ӯ, Абдураҳмон дар дарс­ҳо фаъолона иштирок карда, хусусан дарси ҳисобро аъло медонист.

Орзуи лётчик шудан дар дили Абдураҳмон солҳои фаъолияти омӯзгориаш дар техникум маъво гирифт. Соли 1938 бо пешниҳоди раиси онвақтаи кумиҷроияи вилояти Ленинобод Мастура Авезова ӯ ба Омӯзишгоҳи ҳавоии шаҳри Краснодари Федератсияи Россия барои таҳсил рафт. Соли 1940 бори нахуст барояш парвози мустақилонаро иҷозат доданд. Он вақт вай пилоти дуюми экипажи тайёраи бомбаандози вазнини «ТУБ-3» буд.

Тавре ки ҷангноманавис Ҳ.Шарифов менависад, Абдураҳмон Исмоилов дар ҳайати полки 43-юми авиатсионии бомбаандоз ба майдони ҷанг ворид шуд. Соле, ки авиатсияи фашистон шаҳри Гроднои Белоруссияро бомбаборон карданд. Он вақт вай ба ҷои командири ҳалокгардида экипажи пилоти асосӣ таъин шуд. Ба ӯ ва ҳамроҳонаш дастур доданд, ки гузаргоҳи дарёи Березинаро бомабаборон кунанд.

Солҳои минбаъда лётчики диловар дар муҳорибаҳои шаҳрҳои Москва ва Минск фаъолона иштирок карда, қаҳрамониҳои зиёд нишон додааст.

3 июли соли 1941 Абдураҳим Исмоилов, баъди иҷрои супориши ҷангӣ аз ноҳияи Плешанитси дигар ба аэродром барнагашт. Вай ҷони худро баҳри озодии Ватан қурбон кард. Дар ин бора дар дасти яке аз хешони наздикаш — Валиҷон Исмоилов маълумотномаи бойгонии марказии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия маҳфуз аст.

Имрӯз Валиҷон Исмоилов кӯшиш дорад, ки номи Абдураҳмон Исмоилов абадӣ гардонида шавад.

- Ёд дорам, шарикдарси амакам Рассоми халқии СССР (ИҶШС) Саидҷон Ҳакимов соли 1982  портрети дӯсти қаҳрамонашонро кашида, ба осорхонаи вилоятӣ тақдим карда буданд. Мутаассифона, онро масъулони осорхона гум кардаанд…

Дилсӯзии ин мардро фаҳмидан мумкин аст. Вай мехоҳад номи родмард, ки ҷони худро баҳри озодии Ватан нисор кардааст, ба гӯшаи фаромӯшӣ наравад. Лоақал кӯчае ба номаш гузошта шавад, то насли наврас аз қаҳрамонии ӯ огоҳ шаванд, ки бешак дарси ибрат ба ҷавонон хоҳад буд.

Ҳамсари ҷанговар Евгения Исааковна баъди ба фронт рафтани шавҳараш як сол дар деҳаи Оқариқ кору зиндагӣ кард. Аммо вафоти тифли яксолааш аз бемории домана ӯро дилхунук сохт ва ба сарзамини аҷдодиаш кӯч баста, дигар аз худ дарак надодааст…

Мирзоаъзам Мақсудов,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон