Таҳсил дар ДДМ ояндаи дурахшонро фароҳам меорад

№49 (3686) 06.05.2017

ДОНИШГОХХХХХХХХХХХМусоҳиба бо директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои физикаю математика Сайъло Мирзоев

- Зарурати таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ба номи М. В. Ломоносовро дар чӣ мебинед?

- Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе зодаи даврони Истиқлолият аст. Бо мақсади такмилу инкишофи раванди омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 2009 таъсис ёфт.

Фаъолияти таълимӣ дар он мутобиқи стандартҳои федеролии давлатии таҳсилоти олии касбии Россия ба роҳ монда шуда, рӯйдоди фараҳбахш ва иқдоми муҳиму сари вақт ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони ба талаботи соҳаҳои муҳими ҳаёт ҷавобгӯ мебошад.

Дар маросими кушодашавии он моҳи июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ректори ДДМ ба номи Ломоносов — В. А. Садовничий иштирок карданд. Дар он маросим Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти ДДМ масъала гузоштанд, ки филиал ба филиали минтақавӣ табдил дода шавад, то ки дар он на танҳо донишҷӯёни тоҷик, балки ҷавонон аз Афғонистон, Покис­тон, Эрон, Ҳиндустон, Хитой ва дигар кишварҳои хориҷи наздику дур имкони таҳсилро дошта бошанд. Ин дастури Президенти кишвар роҳбарияти ДДМ ва моро рӯҳбаланд кард. Лозим ба ёдоварист, ки филиали донишгоҳи мазкур дар Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон низ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 3 500 донишҷӯ ба таҳсил ҷалб шудаанд.

- Лутфан дар бораи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов – аз қадимтарин ва бонуфузтарин университетҳои ҷаҳон ба хонандагони рӯзнома маълумот диҳед…

- Ин донишгоҳ аввалин мактаби олии Россия мебошад, ки бо фармони малика – Елизавета Петровна соли 1755 таъсис ёфтааст. Аввалин машғулиятҳо баҳори 1755 дар як хона, дар назди «Воскресенских ворот»-и Майдони Сурх, оғоз гардидааст. Дар ин боргоҳи бошукӯҳи таҳсилот имрӯз лауреатҳои мукофоти Нобелӣ, лауреатҳои мукофоти давлатии СССР ва Федератсияи Россия кор мекунанд. Боиси ифтихор аст, ки аз 18 нафар лауреати мукофоти Нобелии Федератсияи Россия 11 нафар хатмкунанда ва профессорони ҳамин донишгоҳ мебошанд. Ҳоло дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 40 факултет, 15 институти илмӣ-тадқиқотӣ, 750 кафедра, 4 осорхона, боғи ботаникӣ ва парки илмӣ фаъоланд. Дар донишгоҳ сол то сол теъдоди кормандони илм ва педагогӣ меафзояд. Аз 10 ҳазор нафар корманд 5 ҳазор унвони профессорӣ дошта, 4 ҳазор нафар корманди илмӣ мебошанд. Ҳоло дар донишгоҳ 45 ҳазор донишҷӯ аз минтақаҳои гуногуни сайёра ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Тавассути ба низом даровардани таълиму тарбия раванди таълими дар филиал роиҷбуда аз сифати таълими донишгоҳи марказ ва дигар филиалҳои он фарқ намекунад. Ба донишҷӯёни филиали дар Душанбебуда беҳтарин олимону омӯзгорони ДДМ дарс мегӯянд ва имтиҳон қабул мекунанд.

Хатмкардаи филиали Душанбе ҳамон дипломеро мегирад, ки дар Москва ба хатмкунандаҳо дода мешавад. Бароямон боиси ифтихор аст, ки аз хатмкунандагони соли гузашта 13,5 фоиз донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карданд.

- Вазъи омӯзиши илмҳои дақиқ дар кадом сатҳ аст ва истеъдодҳои ҷавон аз тарафи роҳбарияти ДДМ чӣ гуна дастгирӣ меёбанд?

- Фаъолияти донишҷӯён дар ДДМ мантиқан давоми фаъолияти муҳаққиқии М.В.Ломоносов буда, роҳбарияти ДДМ ба тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ медиҳад. Мо — профессорону омӯзгорон таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати он ки: «Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегардад», сармашқи кор намуда, омӯзиши фанҳои дақиқро дар нақшаҳои таълимӣ бештар ба роҳ мондем.

Хатмкунандагони ДДМ имрӯз дар соҳаҳои гуногун ва муассисаҳои таълимоти олии кишвар самаранок кор карда, нуфузи донишгоҳро баланд мебардоранд. Яке аз омилҳои фарқкунанда он аст, ки 70 дарсади устодони филиалро олимони донишгоҳи марказ ташкил мекунанд.

Мо аз рӯйи ихтисосҳои химия, физика ва механика, математикаи амалӣ ва информатика, геология, лингвистика, муносибатҳои байналмилалӣ, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ мутахассис тайёр мекунем. Соли гузашта 44 донишҷӯ бинобар нагузаштан аз имтиҳонҳои ҷорӣ, вайрон кардани қоидаҳои таълим аз донишгоҳ хориҷ гардиданд. Аксарияти хориҷшудагон донишҷӯёни соли аввали таҳсил буданд, ки тоби таҳсилро надоштанд.

Соли 2016 филиалро 135 донишҷӯ хатм карданд, ки аз онҳо 51 нафарашон дар зинаи магистратура — дар хориҷ ва дохили кишвар таҳсилро идома доданд.

Тавре ки ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов В.А.Садовничий дар кушодашавии филиал иброз доштанд: «Хатмкунадагони ДДМ дар Душанбе ҷойгоҳ ва мақоми хосаро хоҳанд ёфт».

- Фаъолияти байналмилалии филиал чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

- Филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯбаи барномаи «Роҳи абрешим» бо макотиби олии Аврупо- Донишгоҳи Падова ва Баллония (Италия), Донишгоҳи Александру Иоан Куза (Руминия), Донишгоҳи Фасса (Австралия), Донишгоҳи Кантабрия (Испания) ва донишгоҳи Зегреба (Хорватия) оид ба татбиқ намудани лоиҳаи «Стипендияи мубодилаи донишҷӯён» созишнома бастааст.

Дар ояндаи наздик бо як қатор макотиби олии ИДМ низ шартномаҳои тарафайн ба тасвиб расонида мешаванд.

Дар чаҳорчӯбаи барномаи «Эрасмус плюс» айни замон бо яке аз мактабҳои олии Туркия шартномаи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дорад. Мавриди зикр аст, ки филиал бо як қатор созмонҳои байналмилалии таълимӣ – намояндагии ташкилоти ғайритиҷоратии фонди рушди «Донишкадаи тадқиқотии АвруОсиё» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти олмонии табодули академӣ, Шӯрои байналмилалӣ оид ба тадқиқотҳои илмӣ ва табдилҳо (Айрекс) ва Институти «Ҷомеи кушода» ҳамкорӣ дорад.

Аз фаъолияти ДДМ

Лаборатория – макони тадқиқот ва ихтироъ

Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе лабораторияи нави тадқиқотӣ фаъол аст. Лабораторияи мазкур бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, донишҷӯён метавонанд доир ба генетика, термодинамика, электрохимия ва ғайра тадқиқот баранд.

ЛИТСЕЙ –ТАРБИЯГОҲИ КАДРҲОИ ҶАВОН

Якуми сентябри соли 2012 дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе литсей кушода шуд. Қабули хонандагон ба он тавассути озмун ба роҳ монда шуда, вазифаи асосӣ фароҳам овардани шароит барои инкишофи шавқу рағбат ба дониш ва фаъолияти эҷодии хонандагон дар асоси омӯзиши илмҳои дақиқ мебошад. Дар литсей ба хонандагон омӯзгорони баландихтисоси дорои унвонҳои илмӣ (10 нафар) ва категорияи олӣ (5 нафар) дарс мегӯянд.

Заминаи моддӣ-техникии литсей мунтазам таҳким ёфта, синфхонаҳои дарсӣ бо тахтаҳои электронӣ ва лавозимоти дигари техникии муосир муҷаҳҳаз мебошад. То ҳол литсейро 156 нафар хонанда хатм намуда, зиёда аз 100 нафар дар макотиби олии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.

Дар қатори 30 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон

Дар натиҷаи пурсишҳои гузаронидаи Times Niqher Equcafion Walol Rep. Ran, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар робита ба сатҳи донишомӯзии муҳассилин ва фаъолияти илмӣ байни 100 донишгоҳи муътабари олам ҷои 30-юмро ишғол намуд.

Ба таъкиди ректори донишгоҳи мазкур академик В.А. Садовничий: «Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар байни дигар донишгоҳҳои Россия пешсаф буда, дар он мунтазам лоиҳаҳои бузурги илмӣ амалӣ мешаванд».

КУМАКИ ХАЙРХОҲОНАИ ЛОМОНОСОВЧИЁНИ ҶАВОН

Кумак ба кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд, ветеранҳои ҷангу меҳнат низ дар мадди назари донишҷӯёни филиал қарор дорад.

Донишҷӯёни филиали ДДМ мунтазам ба онҳое кумак мерасонанд, ки 75 сол пеш ба хотири хушбахтию осудагӣ сина сипар карданд, то ояндагон зери осмони соф осуда зиндагӣ кунанд. Ин иқдоми донишҷӯён анъана шудааст.

Соли гузашта донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ бо роҳбарии кураторон Ю.Ю.Стасонкова ва В.А.Акбаров ба хонаи 31 нафар ветерани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияи  Файзобод рафта, онҳоро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрик карда, ба онҳо кумаки моддӣ, аз қабили гӯшт, орд, равған ва қанд расониданд. Ветеранҳо дар бораи даҳшати Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба онҳо қисса карданд.

Инчунин, дар гузаронидани аксияи хайриявии  «Хурсандӣ насиби кӯдакон буд»-и Ширкати консалтинги «ERGIES» дар Маркази офиятбахшии кӯдакони маъюби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни курси 4-уми факултети идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Сабрина Сайидаҳмадзода, Мадина Халилова, Матлубахон Ҷабборова, Нилуфар Халилова, Фарзона Бобомуродова ва Тахмина Бобоҷонова фаъолона иштирок карда, марҳами дили кӯдакони маъюб гардиданд.

 Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»