Зимни чорабинии бошукӯҳе, ки шанбеи гузашта дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, журналист Муҳиддин Идиев ба гирифтани Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродулло Шерализода ва 2000 сомонӣ мушарраф гардид.
Ба иттилои дастандаркорон, дар озмун барои дарёфти ҷоиза, ки соли 2016 аз ҷониби гурӯҳи муассисон ва мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» эълон шуд, беш аз 50 нафар ширкат карда, таҳти рубрикаи «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» нигошта пешниҳод карданд. Муҳиддин Идиев бо навиштаи «Некиро некӣ ҷавоб бошад» довталабӣ намуд.
Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррир ва раиси гурӯҳи мушовирони ҳафтаномаи «Тоҷикистон», аснои супоридани нишон изҳор дошт, ки Ҷоизаи ба номи Муродулло Шерализода барои гиромидошти хотири журналистони қурбоншуда дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, соле як маротиба ба як қаламкаш супорида мешавад.
Муродулло Шерализода аз аввалин қурбониёни бархӯрдҳои сиёсии мамлакат ба ҳисоб рафта, нахустин сармуҳаррири рӯзомаи «Садои мардум» ва депутати халқи РСС Тоҷикистон буд.
«Садои мардум»