Ҳамдаму ҳамхуну ҷон, тоҷику ӯзбек

№54 (3691) 18.05.2017

Дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек таърихи дерина дошта, тӯли асрҳо тақвият ёфтааст. Тӯю тамошо ва дарду алами онҳо муштарак буд. Ба қавли Боқӣ Раҳимзода, тоҷику ӯзбек як халқанд, ки бо ду забон гап мезананд.

Дарахти дӯстиро ягон қувва аз байн бурда наметавонад, зеро ин дарахт дар дил месабзад, дар дил шоху барг мебарорад ва аз дил об менӯшад. Ҷои пинҳон кардан нест, баъзе иғвогарон миёни ин ду халқ нифоқ андохтанӣ мешаванд.  Лекин тири  онҳо ба ҳадаф намерасад. Дарахти дӯстӣ  ҳамоно  сарсабз аст.

Албатта, панҷ ангушт баробар нест. Дар  байни ҳар халқ ҳам донову ҳам нодон, ҳам некбину ҳам бадбин вуҷуд дорад . Лекин андешаву амали як — ду нотавонбинро ба як халқ нисбат додан норавост. Бо боварӣ метавонам бигӯям, ки дӯстии тоҷикону ӯзбекҳоро касе халалдор карда наметавонад.

Дӯстро на дар рӯзи хурсандӣ, балки дар рӯзҳои сахтӣ мешиносанд. Ҳангоми заминҷунбии Тошканд тоҷикон нахустин шуда, ба ёрии бародарони ӯзбек шитофтанд. Баъди заминларзаи даҳшатбори Шарораи Ҳисор (январи соли 1989) сохтмончиёни ӯзбекистонӣ дар он ҷо барои зарардидагон шаҳраки нав бунёд карданд, ки ба хотири дӯстии безаволи ин ду халқ «Ӯзбекистон» ном гирифтааст.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 600 — солагии шоири бузурги  тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ сухан ронда, таъкид карда буданд, ки дар байни  ду шахсияти  ҳамон давра — Ҷомӣ ва Навоӣ муносибатҳои самимии устоду шогирдӣ, дӯстию ҳамкорӣ, якдигарфаҳмӣ барқарор буд. Ҳикмати ин суханони Сарвари давлат он аст, ки решаи дӯстии  ду халқ — тоҷику ӯзбек  аз сарчашмаҳои дури таърих об мехӯрад. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров иқтибос оварданд, ки  баъди вафоти Мавлоно Ҷомӣ ҳазрати Навоӣ ва дӯстони ӯ як сол азо гирифтаанд.

Кӯдаки гаҳвораи тоҷику ӯзбек бо як калима – «Алла» ором мегирад. Тӯю сури мардуми моро як суруд — «Ёр-ёр» гарм мекунад ва ба дилҳо шодию сурур мебахшад. Мафҳумҳои муҳаббат, ишқ, меҳр, садоқатро ҳар ду халқ як хел  истифода мебаранд.  Калимаҳои тоҷикии гулу Наврӯз дар  забони ӯзбекӣ муродиф надоранд. Вожаҳои рӯймол, рӯзгор, чилла, якандоз, заргар, якдил, меҳрубон ва амсоли инҳо аз ҳамин қабиланд. Дар бораи дӯстии ин ду халқ, ки таҳкурсии онро пирони хирадманд Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузошта буданд, бисёр навиштаанд ва ҳанӯз ҳам менависанд.  Ҷомӣ  шогирди худ Навоиро дӯсти  наздик эътироф намуда, дар ҳаққи ӯ навишта буданд:

Хосса,  ки ба боғи ошноӣ,

Бар шохи вафо бувад Навоӣ.

Таърихи инсоният назири дӯстии  – тоҷику ӯзбекро дар ёд надорад.

Навоӣ аз вафоти устодаш Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ сахт андуҳгин шуда,  ба забони  тоҷикӣ марсия навиштааст:

Дӯстон, дар ҳама фан нодираи олам ку?

Афзалу афсаҳи аҷноси бани одам ку?

Дар биёбони таманнош халоиқ мурданд,

Ба давои ҳама он Хизри Масеҳодам ку?..

Навоӣ бо ин иктифо накарда, ба хотираи Абдураҳмони Ҷомӣ асари беҳтарини худ «Хамсат-ул-муттаҳайирин»-ро навишт. Бо сарварии Навоӣ дар сари қабри  Мавлоно Ҷомӣ мақбара эъмор шуд. Султони соҳибқирон Ҳусайн Бойқаро бошад, тобути Ҷомиро то қабр бардошта рафт ва дар солгарди вафоташ аз ҳисоби худ ба аҳли Ҳирот ош дод.

Вақте дар бораи дӯстии  тоҷикону ӯзбекҳо  сухан меравад, беихтиёр суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меояд, ки дар  кушодашавии мактаби нави шаҳри Турсунзода гуфта буданд: «Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек  амри Худованд аст».

Мо аз солномаҳо медонем, ки Алишер Навоӣ аз токзоре, ки ба маоши худ бунёд карда буд,  аввалин хӯшаи ангурро ба устод Абдураҳмони Ҷомӣ пешкаш намуд. Ин мулозимат маънои рамзӣ дорад. Аз дас­ти боғбони  ӯзбеки турсунзодагӣ  як хӯша ангур гирифтани Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ҳамон лаҳзаро ба ёд меорад.

Тавре ки шоири ширинзабон Лоиқ Шералӣ гуфтааст, ин ду халқ ду тори як созанд, ду шохи як дарахтанд, пайраҳаи як роҳанд. Онҳо шуълаи як гулхан, гулҳои як чаман, орзуҳои як дил, панҷаҳои як даст, оҳангҳои як рубобанд.

Ба гуфти арбоби шинохтаи сиёсӣ ва давлатӣ Шароф Рашидов, болу пари як парандаанд, ду сари як марзаанд. Бобоёни мо дар як мадраса таҳсил намуда,   дар як масҷид намоз мехонданд. Ҳоло низ насли наврас дар як мактаб дарс мехонанд. Ниёконамон дар васфи бузургони ҳар ду миллат шеъру достон ва китоб навиштаанд.

Дар ноҳияи Шаҳритуз яке аз мактабҳои навсохташуда номи Алишери Навоиро дорад ва  дар саҳни мактаб муҷассамаи ӯ гузошта шудааст. Дар ноҳияи Спитамен теат­ри ӯзбекӣ амал мекунад, ки номи Артисти халқии СССР  Шукур Бурҳоновро гирифтааст. Боғи истироҳатии ҳамин ноҳия ба номи шоири ӯзбеки тоҷикистонӣ Ашурмат Назаров мебошад. Ба поси хотири деҳқонҳои асили ӯзбек Абдуғаффор Самадов, Эшбек Сатторов, Тӯрахон Эсонқулов, Аскаралӣ Мирзоев ва дигарон номи деҳаҳо, кӯчаҳо, мактабҳо гузошта шудааст, ки рамзи дӯс­тии  ду халқро ифода мекунад.

Яке аз кӯчаҳои калон ва зеботарини  шаҳри Душанбе ба номи Алишери Навоӣ гузошта шудааст. Хатсайри ҳавоӣ эҳё шуд, ки аз мустаҳкамтар шудани дӯстии ду халқ шаҳодат медиҳад.

Имрӯз дар Тоҷикистон даҳҳо рӯзнома ва маҷаллаҳо ба забони ӯзбекӣ чоп шуда истодааст. Зиёда аз 20 нафар аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адибони ӯзбекзабонанд. Ин ҳама меваҳои ширини  сиёсати одилонаи  Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Гузарондани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи дӯстиву рафоқати миллатҳои мост.

Ҳамдаму ҳамхуну ҷон, тоҷику ӯзбек,

Лоиқи таърифу шон, тоҷику ӯзбек.

 Гул ба гулу ранг-ранг гулшани дунё,

Ғунчаи хандони он, тоҷику ӯзбек.

 Ин ки чу хуршед шуд, моҳ бишуд он,

Партави рӯзу шабон, тоҷику ӯзбек.

 Дӯстию дӯстро ҳар ду бағалво,

Ё магаранд осмон, тоҷику ӯзбек.

 Меҳр агар маҳ бувад шамс накуист,

Як фалаки меҳрубон, тоҷику ӯзбек.

 Нур барафрӯхта Ҷомию Фонӣ,

Шуълазани  ҷовидон, тоҷику ӯзбек.

 Дар фалаки шеър ҳам боди сабо беҳ,

Пок чу оби равон тоҷику ӯзбек.

 Миллати ту пурсад ар ҳар кӣ, 

Гӯй ба ҳар ду забон, тоҷику ӯзбек

                                                         Сулаймон,

Сулаймон  ЭРМАТОВ,

узви Иттифоқи нависандагони

Тоҷикистон