Қувваталӣ Холов дар тарбияи ҷавонони эҷодкор саҳми арзанда дошт. Қаламкашонро аз нахустин асар, шеъру хабару мақола баҳои арзанда дода метавонист. Ду хотирае, ки дар поён меорем, далели гуфтаҳои болоянд.
Нахустин ҳуҷҷати рӯзноманигорӣ
Дар деҳаи Боғиҳабиб тӯй ҷараён дошт. Соҳибтӯй Абдулло Шодӣ – шахси обрӯманду соҳибмансаб ҳавлии боҳашамати худро орову торо дода, боз ҳам бошукӯҳтар гардонда буд. Базми ҳофизон, рақси мафтункунандаи раққосаҳои товусхиром диққати ҳамаро ба худ мекашид. Вале диққати мани донишҷӯйро, ки он солҳо машқи шеър мекардаму ба хабару мақоланависӣ рағбат доштам, чизи дигар ҷалб мекард. Дар яке аз ҳуҷраҳои тӯйхона аҳли қалами рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» ва шоирону адибони Кӯлоб менишастанд. Азбаски чанд шеъру хабарҳои ман дар ин рӯзнома чоп шуда буданд, аксари рӯзноманигорони онро мешинохтам. Садри маърака шоир ва рӯзноманигори ботаҷриба Иброҳим Ҷалилзода (рӯҳашон шод бод) соҳиби тӯйро ситоиш карда, шеър мехонданд. Ба шоирон Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ ва дигар журналистон бо навбат сухан медоданд.
Ғайричашмдошт садри маҳфил номи маро гирифт. Аз ин таклифи ногаҳонӣ даступо хӯрда, зуд вориди маҳфил гаштам.
Устод Ҷалилзода маро ба аҳли маҳфил муаррифӣ намуда, хоҳиш кард, ки ягон шеър хонам. Ман дар ҳаққи соҳибтӯй ду-се сухан иброз карда, шоирону журналистонро барои меҳмони деҳаамон шудан хуш омадед гуфтам.
Муҳаррири рӯзнома Қувваталӣ Холов, ки аз боло менишаст, баъди суханронӣ ва шеърхонии ман аз мудири шуъбаи мактубҳо Саидаброр Умаров пурсид:
- Ягон хабар ё мақолаи ин кас дар рӯзнома чоп шудааст?
- Ҳа, як-ду шеър ва чанд хабараш чоп шудагӣ, – посух дод С. Умаров.
- Ин тавр бошад, шумо пагоҳ ду сурат гирифта, ба идораи рӯзнома, назди Умаров биёед, — ба ман муроҷиат кард муҳаррир ва боз ҷониби мудир рӯ овард, – ба ин кас ҳуҷҷати мухбири ҷамоатӣ тайёр карда диҳед. Аз пагоҳ шумо мухбири ҷамоатии рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» мешавед. Табрик мекунем! — иброз дошт Холов.
Он суханон ба ман болу пар бахшиданд. Аз туҳфаи тақдир ончунон шод гашта, ба ҳаяҷон омада будам, ки тасвираш мушкил аст. Такрор ба такрор ба муҳаррир «Раҳмат, ташаккур!» мегуфтам ва бехудона қафонокӣ омада, қариб ки чойники чойро чаппагардон кунам…
Табиист, ки он шаб хоб аз чашмам парида буд. Худро аллакай журналист, ҳуҷҷати мухбирӣ дар даст, дар корхонаву муассисаҳо, дар пахтазору миёни донишҷӯён тасаввур мекардам…
Фардои он бегоҳ, ду сурат гирифта, ҳамроҳи фарзанди соҳиби тӯй — Зоҳирхони Абдулло, ки дар рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» ба ҳайси хаткашон кор мекард, ба идораи рӯзнома рафтем.
- Ҳа, мухбири ҷамоатӣ омадӣ?, – баъди салому алейк пурсид С. Умаров, — суратҳо канӣ?
- Ман чизе нагуфта, суратҳоро болои миз мондам.
- Нағз, – суратҳоро аз назар гузаронда гуфт номбурда, — вале каме дер кардед.
Нигоҳи андак ноумедгаштаи ман «чӣ тавр?», — гӯён аз мудир мепурсид.
Умаров ҳам рамуз гирифта, «ноумед нашав, ҳозир ҳамааш тахт мешавад», – гуфт ва илова кард:
- Муаллим Холов як гапро, ки гуфтанд, албатта, иҷро мекунанд. Ним соат пештар дар бораи худат пурсиданд, ки омад ё не? Аз ман ҷавоби инкор шунида, супориш доданд, ки як шаҳодатномаи нав гирифта наздашон барам, то ки пеш аз сафари корияшон ба Душанбе ба он муҳр ва имзо гузоранд.
Чунин муносибати дилсӯзона нисбат ба мухбири ҷавон зоҳир кардан маро дар ҳайрат гузошт.
Саидаброр Умаров тақрибан даҳ дақиқа маро дар ҳуҷраи корӣ танҳо гузошта, баъди ин ҳуҷҷати тайёр дар даст хандон ба ҳуҷра ворид шуд.
- Ана, ошно, шуморо аз номи муҳаррир Қувваталӣ Холов ва аз номи худ барои соҳиби ҳуҷҷати рӯзноманигорӣ шудан табрик мегӯям! – дасти маро фишурд Умаров. — Агар худашон мебуданд, ҳатман ин корро ба ҷо меоварданд. Акнун бештар нависед, додар!
Ман ба мудири шуъбаи мактубҳо миннатдорӣ баён карда, берун баромадам. То донишгоҳ омадан чанд бор ҳуҷҷатамро кушода, гаштаву баргашта хондаву тамошо карда, дар дил меболидам.
Баъди ин воқеа ҳамкории ман бо кормандони рӯзнома бештар шуд. Дар он хабару мақолаҳоям зуд-зуд чоп мешуданд. Бешубҳа, дастгирӣ ва ғамхории муҳаррири рӯзнома Қувваталӣ Холов боис шуд, ки рӯзноманигориро пеша кардам.
Ҳар гоҳе ки ҳуҷҷатҳои худро варақгардон намоям, дар миёни онҳо чашмам ба шаҳодатномаи сабзи хурдакак меафтад. Онро беихтиёр кушода, гузаштаро пеши назар меорам. Чунки бароям азиз аст. Он нахустин ҳуҷҷати рӯзноманигориам аст, ки бо имзои инсони шариф Қувваталӣ Холов роҳи ҳаётамро дигар кард.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Қувваталӣ Холов гавҳаршинос буданд
Баъди ду соли кор аз рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» барои кор ба рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» омадам. Аввали солҳои ҳаштодуми асри гузашта буд. Давлатманди Хол дар театри Кӯлоб ба ҳайси роҳбари бахши мусиқӣ кор мекарду авҷи шуҳрати овозхонияш буд. Дар базмҳои ӯ мухлисон дар толорҳо ҷой намеёфтанд. Вале рӯзномаи вилоятӣ дар бораи ӯ қариб чизе наменавишт. Чунин муносибат бо овозхони маҳбуб маро ба ҳайрат овард. Дар бораи ӯ далел ҷамъ оварда, ба навиштани мақола омода мешудам. Вақте ки мақсадамро ба Давлатманд фаҳмондам, қатъиян рад кард.
- Дар бораи ман дар рӯзномаи вилоятӣ нанавис, лозим нест! – гуфт ӯ. Аз чунин муносибаташ ҳайрон мондам. Ҳар қадар фикр кардам, сабабашро фаҳмида натавонистам. «Шояд рӯзномаи вилоятиро назараш намегирад», — аз дил гузарондам. Вале бо ин қаноат накарда, ҳисси кунҷкобиям боло гирифту бегоҳӣ роҳи хонаи ҳофизро пеш гирифтам.
– Медонӣ, Айюбзода, ба навиштан менависию меҳнатат беҳуда меравад. Онро касе чоп намекунад, — азми қатъии маро дида, гуфт Давлатманд, — дар газета бадхоҳони ман ҳастанд ва ҳатто чанд моҳ пештар дар бораам фелетон ҳам чоп карданӣ шуданд.
- Чӣ тавр?
- Бале, ҳайрон нашав. Агар як рӯз дертар хабар меёфтам, намедонам тақдири минбаъдаам чӣ ранг мешуд?
Мағзи гап ҳамин, ки яке аз мухбирони овозадор Давлатмандро ба маъракае бурданӣ мешавад. Ӯ, ки ҳамон бегоҳ гузаронидани тӯйи дигареро ба зимма гирифта, ваъдаи қатъӣ дода будааст, хоҳиши мухбирро иҷро карда наметавонад. Мухбир дар ғазаб шуда, дар борааш фелетон менависад.
Ҳамон шабу рӯз муҳаррири рӯзнома Қувваталӣ Холов дар рухсатии меҳнатӣ будаанд. Ҳофиз роҳи хонаи ӯро пеш мегирад.
– Ин тавр шуданаш мумкин нест Давлатманд, — мегӯяд Қувваталӣ Холов. – Дар идораи мо ин хел одами пасту ҷоҳил нест, ки кӣ будани туро надонад.
Баъди гузашти солҳо воқеаро худи муаллим Холов шарҳ дод: «Ҳамон бегоҳ ба он хабар, ки гӯё Давлатмандро танқид мекарда бошанд, боварам наомад. Хостам ба идора телефон карда, асли гапро фаҳмам. Вале боз фикре ба сарам заду ба идора рафтам…
Вақте фелетонро болои саҳифа дидам, ҳуш аз сарам парид. Наход қаламкаш барои манфиати шахсӣ ба чунин пастӣ роҳ диҳад? Зуд муаллифро даъват карда, диламро холӣ кардам».
Оре, бо фаҳмиш ва дарки баланди муаллим Қувваталӣ Холов фелетон чоп нашуд. Чун мақолаи ситоиширо навиштам, аз чопи мошинка нагузашта, чанд ҳамкор наздам омаданд.
- Айюбзода, ту чӣ кор карда истодаӣ? – бо ташвиш пурсид яке. – Чанд моҳ пештар дар бораи Давлатманд фелетон навиштанӣ буданд, ту бошӣ, таъриф мекунӣ.
- Ту дар ин ҷо одами нав ҳастӣ, намедонӣ. Мақолаи дар бораи Давлатманд навиштаатро барои чоп пешниҳод накун, ки дароз кор карда наметавонӣ, баъзеҳо чап мегиранд! – намедонистам аз рӯи дилсӯзӣ ва ё барои тарсондан мегуфт ҳамкори дигарам.
Аз таъкиду таҳдидҳои ҳамкорон то андозае ҳайрону саргаранг шуда, баъзе аз таърифҳои болохонадорамро партофта, онро дар шакли сода, таҳти рубрикаи «Навниҳолони боғи санъат» назди муҳаррири нав бурдам. (Ҳамон шабу рӯз Қувваталӣ Холов дар рӯзномаи «Субҳи меҳнат» — и ноҳияи Муъминобод муҳаррир таъин шуд. Ба ҷои ӯ шоир ва рӯзноманигори машҳур Шоҳмузаффар Ёдгорӣ – шахси покдилу покният (ёдашон ба хайр) муҳаррири рӯзномаи вилоятӣ таъин гардид).
Баъди ду соат муҳаррир наздаш даъват кард.
- Мақолаи дар бораи Давлатманд навиштаат бад не. Вале чаро рубрикаашро «Навниҳолони боғи санъат» мондаӣ? Давлатманд навниҳол не, устоди санъат аст!
Ин суханони муҳаррир якбора дили маро равшан карданд.
- Ягон бор ғазали Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ «Дур машав»-ро дар иҷрои Давлатманд гӯш кардаӣ? – боз пурсид устод Ёдгорӣ.
- Бале.
- Давлатманд бузург аст. Худо умраш диҳад, ифтихори миллат мешавад, сағира. (Устод Ёдгорӣ касеро дӯст медоштанд, ин калимаро истифода мебурданд).
Он рӯз ман аз ҳуҷраи кории устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ қаноатманд баромада, шукр кардам, ки устодони гавҳаршиносе чун ӯ ва Қувваталӣ Холов ҳастанд.
Ёдашон ба хайр! Онҳо то охири умр дасти даҳҳо шогирдро гирифта, ба роҳи рости зиндагию эҷод ҳидоят кардаанд.
Сафар Айюбзодаи Маҳзун