Илм ба рушду тараққиёти давлат чӣ гуна мусоидат менамояд? Дар замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгониву ихтироъкорӣ дар чӣ сатҳ қарор дорад? Барои чӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои рушди илму маориф таъкид намуда, дастурҳои мушаххас медиҳанд? Ин ҳама кӯшишу талошҳои Сарвари давлат барои аз худ кардани технологияҳои муосир, боз ҳам фаъол гардонидани муассисаву ниҳодҳои илмӣ, дастгирии ҷавонони болаёқати ихтироъкор дар рушди босуботи кишвар ва ояндаи он чӣ аҳамият дорад?
Барои посух гуфтан ба ин ва даҳҳо саволи дигар бо ибтикори Вазорати маориф ва илм дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди илм» конфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони ниҳодҳои гуногуни илмӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд.
Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро вазири маориф ва илм Саид Нуриддин Саид барои рушди илм дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Ӯ, аз ҷумла, таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба илм нишонаи сиёсати хирадмандона ва дурандешӣ буда, ба олимони тоҷик имконият медиҳад, ки фаъолияти пурсамар дошта бошанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова низ илмро асоси зиндагии ҷомеаи муосир хонд. Вай иброз дошт, ки синну соли олимони машҳур ба ҷое расидаасту барои тарбияи олимони ҷавону тавоно корҳои мушаххас бояд анҷом дода шавад. Номбурда таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсиониро дар ДМТ дастоварди бузург донист.
Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки дастовардҳои илм дар замони истиқлолият ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд. Номбурда зикр намуд, ки дар АИ Тоҷикистон дар 338 мавзӯъ корҳои илмӣ — тадқиқотӣ бурда мешаванд, ки муҳимтарини онҳо ба ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ рабт доранд.
Инчунин, Расадхонаи байналмилалии «Санглох» дубора фаъол гаштааст, ки телескопи пуриқтидори он дар дурии 34 триллион км ҷирми андозааш то 20 см-ро мебинад. Барқарорсозии реактори ядроии «Аргус» низ оғоз гаштааст. Пойгоҳи сейсмикии «Симиганҷ» ҳам аз моҳи октябри соли гузашта ба кор шурӯъ кард, ки дорои таҷҳизоти навтарини муосир мебошад. Он дар ҳар ду дақиқа аз тамоми дунё, ҳатто зери уқёнусҳо ларзиши заминро сабт карда, маълумот медиҳад.
Дар риштаи бостоншиносӣ низ корҳои ҷустуҷӯӣ-илмӣ дар кишвар фаъол аст. Масалан, дар диёри Кангурти вилояти Хатлон мавзеи шаҳраке пайдо шудааст, ки маснуоти кулолгарии он таърихи чорҳазорсола доштанашро шаҳодат медиҳад.
Аз суҳбати роҳбарони ниҳодҳои илмӣ маълум гашт, ки дар баробари дастовардҳо мушкилот низ пешорӯяшон қарор дорад. Ин, пеш аз ҳама, ба кадрҳо вобаста аст. Синну соли олимони машҳур ба ҷое мерасад, донандагони забонҳои қадимаи авастоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ, қариб ки вуҷуд надоранд, марказҳои илмӣ бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз нестанд. Бо вуҷуди ин, олимон заҳмат мекашанд, бо марказҳои бузурги илмии дунё алоқа доранд ва ихтироъ мекунанд.
Ба даст овардани истиқлолияти илмӣ хеле муҳим аст. Барои ин кор тарбияи тафаккур ва халоқият нақши муҳим мебозад. Ҷавонон ҳам ба илм ҷалб мешаванд. Аз ин рӯ, гузаронидани чунин конференсияҳо аҳамияти калон дошта, барои рушди илму маърифат нақши босазо мегузоранд.
ВОРИС,
«Садои мардум»