Арзи дил

Хоҳарам маро саргардон кард

№59 (3696) 27.05.2017

Ман соли 1996 бо С. Ҷ. Шонуридинов ақди никоҳ бастам. Баъд аз тӯй шавҳарам дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд хонаи сеҳуҷрагӣ харид. Соҳиби хона Шебиршенко ба шавҳарам то моҳи апрели соли 1997 «Ваколатнома» дод. Баъди 4 моҳи тӯямон (4.03.1997) шавҳарам маҳбасӣ шуд ва аз ман хоҳиш кард, ки коре кунам «Ваколатнома» бекор нашавад. Ба ин хотир бо розигии шавҳарам хонаро ба номи хоҳарам гузаронидам.

Моҳи июни соли 1997 духтарча таваллуд кардам. Бо вуҷуди он ки зиндагӣ бароям вазнин буд, ҳамеша ба хабаргирии шавҳарам мерафтам. Тамоми дороиямро фурӯхта, ба ӯ хӯрок мебурдам. Соли 2000-ум аз хоҳарам Фирӯза хоҳиш кардам, ки хонаро фурӯшем. Ман бояд ба шаҳри Душанбе меомадам (шавҳарам дар Роҳатӣ маҳбасӣ буд). Вале ӯ розӣ нашуд. Пас аз ин ҷанҷолҳои ману Фирӯза аз барои хонае, ки бе пул аз ман гирифтааст, рӯз ба рӯз тезутунд мешуд. Хостам корро ба воситаи Суди шаҳри Қайроққум ҳал кунам. Аммо модарам розӣ нашуд. Зиндагӣ мушкил буд. Кӯдаки ширхӯр дар даст меҳнат мекардаму ба маҳбас барои шавҳарам хӯрок, сару либос ва доруворӣ мебурдам.  Ӯ соли 2001 аз маҳбас озод шуд. Фикр кардам, ки акнун зиндагиам осон мешавад, чун марди хона дар паҳлуям буд. Вале дар тақдири ман аз ҳаёти хуб дарак набуд. Шавҳарам пайваста маро сарзаниш мекард, ки хонаро аз хоҳарам бозпас гирам ё маблағашро ситонам. Бо Фирӯза суҳбат кардам, аммо ӯ ба ҳеҷ пешниҳоди ман розӣ нашуд.

Он вақт дар маҳаллаи 82-юм ба савдои кӯчагӣ машғул будам. Пулҳои савдоро, ки бояд ба соҳибонаш бармегардондам, шавҳарам дуздида, ба маишати худ сарф мекард ва муносибати ӯ низ рӯз то рӯз бо ман бад мешуд. Шояд ӯ фикр мекард, ки ман намехоҳам хонаро аз дасти Фирӯза гирам.  Вазъи оилавиамонро ба Фирӯза фаҳмондам, ӯ маро бовар кунонд, ки кор карда, пули хонаро пурра пардохт мекунад. Ҳамин тавр, солҳо мегузаштанд. Бо умеди он ки шояд зиндагиамон дар оянда хуб шавад, соли 2004 боз таваллуд кардам. 4 нафар дар ба дар иҷора менишастем. Вале шавҳарам  боре ҳам иҷорапулӣ намедод. Вақте ки пояш аз ду ҷой шикасту як сол бистарӣ буд, ман ӯро нигоҳубин кардам. Касалии домана шуд, бо доруворӣ таъмин намудам. Таъмини рӯзгор, иҷорапулӣ, хуллас бори гарони зиндагӣ бар дӯши ман буд. Писарчаам 20 рӯз дошту ман  савдо мекардам. Боре ҳам аз ҷониби хешу табор ё шавҳарам ёрӣ надидаам. Ба болои ҳамаи ин ҳамсояҳо «квартирант» гуфта, бо ҳар баҳона бо ман ҷанҷол мекарданд.

Соли 2007 ба касалии саратон гирифтор шудам. Ҷарроҳии химиятерапия, шуои радиатсионӣ маро афгор кард. Табибон боварӣ надоштанд, ки ман сиҳат мешавам. Худои меҳрубон шифо бахшид, лекин як дастам корношоям шуд. Фақат бо дасти рост кор карда метавонам. Маслиҳати духтуронро риоя карда наметавонам. Онҳо кор накун мегӯянд, аммо агар кор накунам, зиндагии фарзандонамро кӣ таъмин мекунад?

Моҳи августи соли 2012 аз шавҳарам ҷудо шудам. Ҳоло ҳамроҳи ду кӯдаки ноболиғ саргардонам. Маҷруҳи гурӯҳи II ҳастам. Собиқ шавҳарам аз пардохти алимент саркашӣ карда, аз суд гурехта гаштааст ва дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Чӣ кор кунам? Аз дасти ман чизе намеояд. Шояд баъди чопи ин нома илоҷи мушкил ёфт шавад.

Ф. ИСОҚОВА,

муваққатан сокини шаҳри Душанбе