Бо дастгирии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохтмони майдончаи варзишӣ-истироҳатӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол дар масоҳати 3 ҳазору 675 метри мураббаъ идома дорад.
Дар шафати он майдончаҳои хурди бозиҳои кӯдакона, роҳравҳои сайругашт ва 4 нишастгоҳи мудаввари хуштарҳ сохта мешавад. Тавре ки сардори сохтмон Аслиддин Сатторов изҳор дошт, аллакай 40 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Дар сохтмони он, ки хеле хуштарҳу зебо мебошад, беҳтарин масолеҳи бинокорӣ истифода ва корҳои ободонӣ бо усули ҳашар роҳандозӣ мешавад.
Сохтмони майдончаи варзишӣ бо чунин тарҳ дар кӯчаи Ҳисори маҳаллаи 103-юми ноҳия низ босуръат идома дорад. Сохтмони онро Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба уҳда дорад.
Дар маҷмӯъ, барои рушду инкишофи варзиш ва муҳайё сохтани шароити мусоид баҳри солимии наврасону ҷавонон дар ноҳия сохтмони 29 майдончаи варзишӣ идома дорад.
- Сохтмони иншооти мазкур, ки бар дӯши вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр вогузор аст, то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом мерасанд, — иттилоъ дод мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино Сӯфизода Давлат.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»